Ҷумлаи сода (грамматикаи забони тоҷикӣ)

Ҷумлаи сода фақат аз як фикри том иборат аст:

Дар кушода шуд. Мо даромадем.

Ҷумлаҳои сода аз ҷиҳати марому мақсад ва оҳанг хабарӣ, саволӣ, амрӣ ва хитобӣ мешаванд. Оҳанги ин ҷумлаҳоро дар хат ба воситаи аломатҳои нуқта (.), савол (?), хитоб (!) ва вергул (,) ишора мекунанд.


Мисол:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Шайх Саъдӣ ғазалу таронаи зиёде навиштааст (хабарӣ).
  2. Оё ту дар бораи ориёиҳо маълумоте дорӣ ё не? (саволӣ)
  3. Шумо дар ҳақиқат, ворисони ҳақиқии Сомониён ҳастед! (хитобӣ).

Матн:

Дар даромадгоҳи нақб одаму об гиребонгири якдигар буданд. Вахш дам шуда қафо мегашт, чун нақб роҳи дигар меҷуст, чун аспи лаҷомгусехта саркашӣ мекард, тан намедод.

-Кӯҳҳо! Эй кӯҳҳои сарбаланд! Чаро хомӯшед? Ба забон оед! Чаро Вахш саркашӣ мекунад?

Кӯҳи Нор гӯё ба ҷунбиш омад. Аз ду тараф фишор дода, дами Вахшро гардонд:

-Эй рӯд, эй тифли нозпарвари ман! Қарнҳо сар аз дома-нам барнамедоштӣ. Зӯру тавон ва ғурурат бахшидам. Имрӯз домани ман дар дасти тавонои инсон аст. Аз қаъри дили ман барои ту роҳи нав сохтааст.

Бобо Насриддинов


Луғат:

  • гусехтан – канда шудан,
  • лаҷомгусехта – лаҷомкандашуда
  • қарн – аср, сада
  • қаър – умқ, чуқурӣ
  • нақб – роҳи зеризаминӣ

ФРАЗЕОЛОГИЯ

ҚаблӣҶумла (дар забони тоҷикӣ)
БаъдӣҶумлаи хабарӣ. Ҷумлаи саволӣ

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед