Нақша ва харита

1.Аҳамияти нақша ва харита. Мавзӯи баҳси география Замин ва қисмҳои алоҳидаи он: материкҳо, уқёнусҳо, мамлакатҳо буда, омӯзиши онҳо бе нақшаву харита ғайриимкон мебошад. Географияро бе нақша ва харита омӯхтан душвор аст.  География на фақат ҷисмҳо ва ҳодисаҳои маҳалли ба мо наздик, балки ҳодисаву ҷисмҳои табиати тамоми сатҳи Заминро низ меомӯзад ва тадқиқ мекунад, ки аз назари мо ниҳоят дуранд.

харитаи точикистон, харита, точики
Харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ин сабаб ҳангоми омӯхтани онҳо мо аз харитаву нақшаҳо бисёр истифода мекунем. Мо ба воситаи онҳо дар кадом қисми сатҳи Замин ба вуҷуд омадани ҳодисаҳо (оташфишонии вулқонҳо, заминҷунбӣ, тӯфон, мадду ҷазр, гуногунии ҳарорат, миқдори боришот ва ғайра), ҷойгиршавӣ ва хусусияти объектҳо (кӯҳҳо, ҳамвориҳо, дарёҳо, баҳрҳо, гуногунии хок, наботот, ҳайвонот ва ғайра)-ро меомӯзем. Дар ин гуна маврид харита ва нақшаро на танҳо чун воситаи аёнӣ, балки ҳамчун манбаи дониш низ истифода мебарем. Аз онҳо маълумоти зиёде мегирем, ки дар матни китоби дарсӣ мавҷуд нест. Бинобар ин, пеш аз он ки мо харитаҳоро дар ҷараёни дарс, иҷрои вазифаи хонагӣ истифода барем, бояд донем, ки онҳо чӣ гуна харитаанд ва сатҳи Замин дар онҳо чӣ тавр акс ёфтааст. Донистани ин барои хубтар фаҳмидани нақшаву харита ва бештар андӯхтани дониши географӣ мадад мерасонад.

2.Тасвири маҳал дар нақша ва намуди он. Ба нақша гирифтани маҳал аз давраҳои қадим ба одамон маълум буд. Он аз манзараи маҳалле, ки мо бевосита ва дар сурату аксҳо мебинем, ба куллӣ фарқ мекунад.

Дар он чизҳои наздик калон ва чизҳое, ки дар масофаи дур воқеъ гардидаанд, хурд акс меёбанд. Чизҳои калонҳаҷм чиз хурдро панаҳ менамоянд. Ба чашм дар расму сурат андоза ва шакли маҳалро муайян кардан душвор аст. Ғайр аз ин, манзараи маҳал дар расм ва сурат аз боло не, балки аз паҳлу тасвир карда мешавад. Дар нақша ва суратҳое, ки аз чархболу радифҳои маснӯи Замин аксбардорӣ шудаанд, ин тавр нест. Дар онҳо, чӣ тавре ки мегӯянд, маҳал «аз баландии парвози паранда», яъне аз боло аксбардорӣ карда шудааст. Ин ба мо имконият медиҳад, ки на фақат гуногунии табиати маҳалро пурра тасвир намоем, балки хусусият, андоза ва ҷойгиршавии объектҳои табиатро низ хуб ва аниқ муайян кунем (расми 6).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба ин аломатҳои монандӣ нигоҳ накарда, суратҳои аз чархбол ва аз кайҳон гирифта аз нақшаи маҳал фарқ мекунад. Дар ин суратҳо объектҳое, ки дар маҳал мавҷуданд (замини кишт, боғҳо, деҳаҳо, дарё ва кӯлҳо…), чӣ тавре ки дида мешаванд, ҳамон тавр акс меёбанд. Аммо дар нақша ҳамаи объектҳои маҳал ба воситаи аломатҳои шартӣ тасвир карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар суратҳои аз чархбол, тайёра ва аз кайҳон гирифташуда на ҳама объектҳои маҳал пурра ва равшан акс меёбанд. Дар нақша бошад, ҳамаи объектҳои маҳал бе ягон ноқисӣ аксбардорӣ карда мешаванд. Инро ҳангоми мукоисаи нақшаи маҳал ва сурати он ба осонӣ фаҳмидан мумкин аст.

Тамоми ҷиҳатҳои хоси нақшаи маҳалро ба ҳисоб гирифта, онро чунин таъриф медиҳанд: бо истифодаи аломатҳои шартӣ ба шакли хурд тасвир ёфтани қисми сатҳи Замин дар ҳамворӣ (масалан, дар рӯйи коғаз). Нақша аҳамияти амалӣ дорад. Пеш аз он ки дар ин ё он мавзеъ роҳ, наҳри сунъӣ, обанбор, иншооти барқӣ, корхона ва ғайра сохта шавад, мавҷуд будани нақшаи маҳал зарур аст. Бидуни чунин нақша сохтани ҳама гуна иншоот натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, чунки бе донистани хусусияти ҷинсҳои кӯҳӣ, таркиб ва хобиши қабатҳо, содагӣ ва мураккабии релеф ва ғайра сохтани иншооти калон оқибатҳои нохуш дорад.

Аломатҳои шартӣ (дар харита)

Саволҳо

  1. Накшаи махал чист? Он барои чи лозим аст?
  2. Накшаи махал аз расм ва сурати махал чи фарк дорад?
  3. Аз руйи накшаи атлас тахлил намоед, ки объектхои дар махал чойгирифта дар накша бо кадом аломатхо, чи гуна ишора карда шудаанд?

Накша ва харита, Ахамияти накша ва харита, Тасвири махал дар накша ва намуди он, накша чист?, харита чист?

ҚаблӣМусоҳиба бо забони англисӣ – What? – Чӣ?
БаъдӣАломатҳои шартӣ (дар харита)