Тавре ки аз таърифи нақша маълум аст, он шакли хурд тасвиршудаи ин ё он қисми сатҳи Замин мебошад. Бинобар ин ҳамаи он объектҳоеро, ки дар маҳал мавҷуданд, дар нақша бе аломати шартӣ ҷойгир кардан ниҳоят душвор аст. Аз ин сабаб, барои дар нақша ҷойгир кардани онҳо илми нақшабардорӣ (топография) ба ҳар як объекти дар маҳал воқеъбуда аломати шартии мувофиқ муайян кардааст. Аксари онҳо бо ранг, шакл, намуди зоҳирӣ, мавқеъ ва тарзи ҷойгиршавӣ ба объектҳое, ки дар маҳал ҷойгир шудаанд, шабоҳат доранд. Масалан, кӯлу дарёро бо ранги кабуд, регзорро бо ранги ҷигарӣ, ҷангалзорро бо ранги сабз, марғзорро бо хатчаҳои ҷуфти решамонанд, дарахтони мевадиҳандаро бо доирачахои хурди рост сафкашида, замини киштро бо ранги сафед ишора мекунанд (ҷангалзор, марғзор, регзор, ботлоқ, замини кишт дар заминаи рангҳои ишорашуда бо нуқтагузорӣ ва дигар аломатҳо ҷудо карда мешавад).
Он объектҳое, ки дар маҳал ба масофаи зиёд тӯл кашидаанд (хиёбонҳо, роҳҳо) ва ё ҷорӣ мешаванд (дарёчаҳо, ҷӯйҳо, наҳрҳои сунъӣ дар нақша бо хатча ишора карда мешаванд. Дарозии он хатчаҳоро чен карда бо назардошти миқёс дарозии ҳақиқи он объектҳо (хиёбон, роҳ, дарёча, ҷӯй, наҳр)ро муайян кардан мумкин аст. Дар нақшаҳои калонмиқёси маҳал маҳалҳои аҳолинишин муфассалтар инъикос карда мешаванд. Аз рӯйи чунин нақшаҳо дидан мумкин аст, ки дар кадом қисмати маҳал боғу гулгаштҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, беморхонаҳо, фабрикаву заводҳо ва ғайра ҷойгир шудаанд. Ҳамин тавр, дар нақшаи маҳал мувофиқи илми нақшабардорӣ бо аломатхои шартӣ ҷойгир намудани объектҳо ба мо имконият медиҳад, ки нақшаро ба осонӣ хонда, онро истифода барем (расми 7).

Харита аз нақша на фақат бо бузургии қаламраве, ки онро акс мекунад, инчунин бо аломатҳои шартие, ки дар он истифода мешавад, фарқ дорад. Дар он барои инъикос намудани объектҳо ва ҳодисаҳои географӣ аломатҳои шартии хос қабул шудааст. Шарҳ ва маънидоди он дар легендаи (аломатҳои шартии) зери харита дода мешавад.
Вобаста ба он ки аломатҳои шартӣ чӣ гуна объектҳоро ифода менамоянд, онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо кардаанд: масоҳатӣ (тарҳӣ), хаттӣ ва ғайримиқёсӣ. Ба аломатҳои тарҳӣ масоҳати ботлоқ, ҷангал, кӯл, маҳаллаҳои шаҳрҳо; бо аломатҳои хаттӣ дарёҳо, каналҳо, роҳҳо; бо аломатҳои ғайримиқёсӣ объектҳое ифода мешаванд, ки бо миқёси харита мутобиқат намекунанд.
Дар байни аломатҳои шартии хаттӣ изохатҳо васеъ истифода мешаванд. Онҳоро дар харитаҳои географӣ барои пайваст кардани нуқтаҳои бузургӣ ва қимати якхеладошта истифода мебаранд.
Саволҳо
- Барои он ки нақшаи маҳал ба осонӣ хонда шавад, аломатҳои шартиро чӣ тавр интихоб ва ишора мекунанд?
- Дар нақша ба воситаи чӣ дарозии кӯча, роҳ, дарёча ва наҳри сунъиро муайян кардан мумкин аст?
- Омӯзиши нақша ва харита дар таълими география чӣ аҳамият дорад?
- Мафхуми накша, намудхои тасвири махалро дар накша баён намоед.
- Аломатҳои шартӣ ва моҳияти онҳоро шарҳ дихед.
Аломатхои шарти дар харита чиро ифода мекунанд, аломатхои шарти, харита бо забони точики.