Мусоҳиба бо забони англисӣ — What? — Чӣ?

Лоиҳаи «Мусоҳиба бо забони англисӣ» барои омӯзиши  тарзҳои суол додан ва калимаҳои саволии забони англисӣ пешниҳод мешавад. Ин лоиҳа барои толибилмоне, ки мехоҳанд забони англисиро омӯзанд ва ё дониши забондонии худро сайқал диҳанд тавсия дода мешавад.

сухбат сухан

Давоми матн пас аз блоки реклама

Калимаи англисии What? (Чӣ?) калимаи саволие мебошад, ки барои гирифтани маълумот дар бораи шахс, чиз ва вақт истифода мешавад. Калимаи мазкур бо забони тоҷикӣ чӣ? ва дар баъзе мавридҳо кадом? кӣ? чанд? куҷо? тарҷума мешавад.

Якчанд гуфтугӯ ва намунаи суол додан бо ин калима ва мазмунан тарҷумаи тоҷикии онро меорем.


1. What is your name? Номи шумо чист?
My name is Suhrob. Номи ман Суҳроб аст.

2. What is your last name? Насаби шумо чист?
My last name is Sharifzoda. Насабам Шарифзода.

3. What is your nick name? Лақаби шумо чист?
My nick name is Sodik.

(I don’t have any nickname.)

Лақаби ман Содиқ аст.

(Ман лақаб надорам.)


4. What is your father name? Номи падари шумо чист?
My father name is Rustam. Номи падари ман Рустам аст.

5. What is your job? Касби шумо чист?
I am a student. Ман донишҷӯям.

6. What color do you like? Кадом ранг ба шумо писанд аст?
I like green color. Ранги сабз ба ман писанд аст.

7. What are you? Шумо ба чӣ кор машғулед?
I am a shopkeeper. Ман фурушандаам.

8. What is your native tongue? Забони модариатон чист?
My native tongue is Tajiki. Забони модарии ман тоҷикист.

9. What is your hobby? Шуғли писандидаатон чист?
My hobby is playing chess. Шуғли писандидаам бози кардани шоҳмот аст.

10. What do you want to become in the future? Дар оянда кӣ шудан мехоҳед?
I want to become a programmer in the future. Дар оянда барномасоз шудан мехоҳам.

11. What do you do at your free time? Дар вақтҳои холигиатон ба чӣ кор машғул мешавед?
I usually read books. Ман одатан китоб мехонам.

12. What is your nationality? Миллати шумо чист?
My nationality is Tajik.

(I am Tajik.)

Миллати ман тоҷик аст.

(Ман тоҷикам.)


13. What is your favorite meal? Хӯроки писандидаатон чист?
My favorite meal is оsh. Хӯроки писандидаи ман ош аст.

14. What is your age? Сину солатон чанд аст?
I am twenty years. Ман бистсолаам.

15. What is yor religion? Динатон чист?
My religion is Islam. Дини ман Ислом аст.

16. What is your address? Суроғаи шумо куҷо аст?
My address is Karaboev street. Суроға ман кӯчаи Қарабоев аст.

17. What is your phone number? Рақами телефонатон чанд аст?
My phone number is 123456789. Рақами телефони ман 123456789 аст.

18. What is responsibility of youths in the society? Вазифаи ҷавонон дар ҷомеа аз чӣ иборат аст?
They should improve their country and learn the new technology to help their people. Онҳо бояд кишвари худро тараққӣ диҳанд ва технологияи навро омӯхта ба халқи худ ёрӣ расонанд.

19. What does life mean to you? Ҳаёт барои шумо чӣ маъно дорад?
It means worshiping to God and serving the mankind. Ҳаёт барои ман маънои тоати Худо ва хизмат бар инсониятро дорад.

20. What is death? Марг чист?
Death is the last enemy of human. Марг охирин душмани инсон аст.

Дар охир мехоҳем яке аз саволҳои болоро шумо бо дилхоҳ забон ҷавоб диҳед: What does life mean to you? (Ҳаёт барои шумо чӣ маъно дорад?)

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед