Ороиши дастархон

Ороиши дастархон якчанд намуд дорад: ҳаррӯза, тантанавӣ, барои рӯзи таваллуд, идона ва ғайра.

Барои ороиши дастархони ҳаррӯза ба рӯйи мизи хӯрокхӯрӣ дастархон, аз таги он клеёнка пҳн мекунанд, то ки дар рӯйи миз изи зарфҳои тафсон боқӣ намонад ва сатҳи дастархон ҳамвор бошад.

Дар миёнаҷойи миз намакдон, мурчу қаламфур, сирко, хардал, нон мегузоранд. Табақчаҳои хурдро дар як хел масофа гузошта, аз тарафи рости он корду қошуқ ва аз тарафи чапаш чангак (вилка) мемонанд.

Агар ҳангоми хӯрок хӯрише пешбинӣ шуда бошад, пас ба рӯйи он қошуқи умумӣ истифодашаванда мегузоранд. Бо ин қошуқ фақат хӯришро ба табақчаҳои худ гузошта, баъд қошуқро боз ба болои хӯриш мемонанд, то ки дигарон ҳам истифода баранд.

Дар хотир доред, ки бо қошуқи худӣ хӯроки барои умум гузоштаро намегиранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сачоқчаҳои матоиро ба шакли секунҷа, китобча, бодбезакшакл, бодбоншакл ва ғайра тайёр карда, ба даруни табақчаҳои алоҳидаи барои ҳар кас гузошташуда таҳ карда мемонанд.

Сачоқчаҳои коғазӣ қулай ва ба талаботи гигиенӣ пурра ҷавобгӯ мебошанд, бинобар ин онҳоро ба даруни истакон ё гулдони махсус монда, дар миёнаҷойи миз мегузоранд. Бо ин сачоқчаҳои коғазӣ даст, лабу даҳонро пок карда, ба табақчаҳои истифодашуда мегузоранд. Сачоқчаҳои матоиро барои аз резиши хӯрок эҳтиёт кардан ба рӯйи зону мегузоранд. Баъди ба охир расидани хӯрокхӯрӣ бо ин сачоқчаҳо лабро пок мекунанд ва онро ба болои миз дар назди табақчаи истифодашуда ба шакли секунҷа ё росткунҷа таҳ карда мемонанд.

Дар шароити хона ҳам ороиши дастархон гуногун мешавад. Барои наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ, шом, рӯзҳои тантанавӣ ё таклифи меҳмонҳои камшумор ва ғайра қоидаҳои одобу рафтор дар гирди дастархонро дар назар дошта, онро риоя кардан лозим аст.

Ороиши дастархон маънои ба рӯйи миз густурдани дастархон, гузоштани асбобу анҷоми зарурӣ: қошуқ, корд, чангак, қошуқчаҳо ва ғайраро дорад. Дар вақти ба дастархон додани ширавориҳо, меваҷот, чой ва хӯришҳо талаботи дар дастархон дуруст гузоштани онҳоро риоя намудан ва баъди истеъмоли хӯрок дастархонро тоза кардан лозим аст.

Хӯрок ба дастархон пайиҳам дода мешавад. Аввал чой, ширавориҳо, нон, маҳсулоти хамирӣ, маҳсулоти ширӣ, баъд хӯрокҳои гарм ва барои хӯрокро ба охир расонидан боз чой дода мешавад. Хӯроки гармро дар табақчаҳои калон ё табақҳои дарозрӯя (байзашакл) медиҳанд ва ҳар як узви оила мувофиқи табъи худ аз он ба табақчаҳои худ ҷудо карда мегирад.

Расми 8. Ороиши дастархон
Расми 8. Ороиши дастархон

Чойро дар чойники чинӣ дам мекунанд ва ба он чойникпӯшро пӯшонда, якҷоя бо пиёлаҳо ва ширавориҳои миллӣ: мураббо, қанд, кулчаҳои қандин, самбӯса, меваҷоти хушк: ғӯлинг, мавиз, чормағз, бодом ва ғайра дар қанддон ё табақчаҳои махсус гирифта, ба рӯйи лаълӣ гузошта, ба сари миз меоранд.

Дар дастархон, албатта, сачоқҳои матоӣ (газворӣ) ва коғазӣ гузошта мешаванд. Барои боз ҳам зеботар шудани дастархон сачоқчаҳои матоиро ба ягон шакли дилхоҳ таҳ карда, ба болои табақчаҳои барои хӯриш пешбинишуда мегузоранд.

Барои ороиши дастархони хӯроки нисфирӯзӣ асбобҳои зиёдтар истифода мешаванд. Бинобар ин табақчаҳо, истаконҳо, кабудиҳо, қаламфур, мурч, намак ва ғайраро барвақттар мегузоранд.

Расми 9. Бо чангак хӯрдани таом
Расми 9. Бо чангак хӯрдани таом
Расми 10. Бо корд бурида, бо чангак хӯрдани таом
Расми 10. Бо корд бурида, бо чангак хӯрдани таом

Аввал чой, ширавориҳо, хӯришҳо, баъд баъзе асбобҳоро ғундошта, хӯроки якумро медиҳанд. Хӯроки якумро барои ҳар як кас дар коса медиҳанд. Гӯшти пухтагӣ, сабзавот – картошка, шалғам, сабзӣ ва ғайраро дар табақҳои алоҳида ба дастархон мегузоранд. Ба миз кабудии резакарда, чакка ё ҷурғот ва хӯришҳоро низ мегузоранд. Хӯроки дуюмро (агар шашлик, кабоб бошад) дар вақти муқарраршуда алоҳида ба дастархон медиҳанд.


Мавзӯҳои вобаста:

Қоидаҳои таҳкунии сачоқчаҳо

Ороиши дастархони идона

ҚаблӣХусусиятҳои асосии хӯрокҳои миллии тоҷикӣ / хуроки милли
БаъдӣҚоидаҳои таҳкунии сачоқчаҳо