Ороиши дастархони идона

Ороиши дастархони идона, тантанавӣ мураккабтар аст. Барои ин вобаста ба шумораи одамон мизу курсиҳо гузошта мешаванд

Мизҳоро вобаста ба ҷой ба шакли «Т», «Г», «П» ва ғайра мегузоранд. Барои соҳибҷашн ва меҳмони фахрӣ дар ҷойи ба ҳама намоён ҷо тайёр мекунанд. Ба рӯйи мизҳо аввал клеёнка ва аз болои он дастархони сафед мепартоянд. Баъд ба болои он хӯришҳо, сачоқчаҳои коғазӣ ва барои ҳар як кас табақчаҳо, қошуқ, чангак, корд, қадаҳ, истакон ва сачоқчаҳои матоиро ба шакли ба рӯзи ид мувофиқ (бодбоншакл, бодбезакшакл, шамъшакл ва ғайра) таҳ карда, ба болои табақчаҳои пеши ҳар кас мегузоранд. То омадани меҳмонон ба рӯйи миз гул, меваҷот, ширавориҳо, хӯришҳои сард, нӯшокиҳо, нон мегузоранд. Барои ҳар як кас табақчаҳои миёна (барои хӯриш), майда (барои пирог) дода мешавад. Асбобу анҷоми хӯрокхӯрӣ – қошуқ, чангак, корд, қошуқчаҳо барои шираворӣ, қаҳва, чойро ба тартиб мегузоранд.

Аз тарафи рости табақчаи хӯриш корд (дамаш ба тарафи табақча) ва қошуқ (рӯ ба боло) аз тарафи чапи табақча чангаки калон ва чангакчаи десертхӯрӣ (рӯ ба боло) гузошта мешавад.

Баъд аз пешвоз гирифтан, ҷо ба ҷо шинонидани меҳмонон дар вақти муайян дар табақҳо ё алоҳида хӯриш ва хӯрокҳои гармро медиҳанд. Баъд аз хӯрдани хӯрок тарбуз, чой, ширавориҳо дода мешаванд. Дар ин маврид ба меҳмонон 5 – 6 хел хӯроки сард ва 2 – 3 хел хӯроки гарм дода мешавад. Ин хӯрокҳо ба сари ҳар кас ба миқдори 1/4 ё 1/2 ҳиссаи порсия мувофиқ меояд. Санъати хӯрокпазии миллӣ на фақат таркиби баланди хӯрокҳо, инчунин ороиши хуби хӯрокҳоро низ дар бар мегирад. Он на фақат мизро ороиш медиҳад, балки иштиҳоро низ мекушояд.

Расми 12. Тарзи ҷобаҷогузории асбобҳои хӯрокхӯрӣ
Расми 12. Тарзи ҷобаҷогузории асбобҳои хӯрокхӯрӣ

Хӯрокҳоро аввал ба назди калонсолону меҳмонони фахрӣ ва баъд аз тарафи дасти рост сар карда ба назди дигар нишастагон мегузоранд. Асбобҳои истифодашаванда бояд якхела бошанд. Асбобҳои изофиро дар вақташ гирифтан, табақчаҳои ифлосро бо табақчаҳои тоза иваз карда истодан лозим аст. Нӯшокиҳоро ба таври илова мегузоранд, дар вақтҳои муайян чой дода истодан лозим аст. Асбобҳоро дар вақти зарурӣ иваз бояд кард.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Роҳбаре, ки барои танзими хӯрок ва нӯшокиҳо вазифадор аст, бояд ба мувофиқи меъёри муайян гузоштани онҳо аҳамият диҳад. Барои меҳмонони деромада як қисми мизро холӣ гузоштан лозим аст. Барои ҳофизон, баранда ва ғайраҳо ҷойи муайян ҷудо ва тайёр бояд кард.

Мақсади ороиши дастархон намоиши хуб, зебоии мизи хӯрокхӯрӣ ё чойнӯшӣ аст. Ҳар як шахс метавонад дастархонро мувофиқи табъи худ ороиш диҳад. Бинобар ин барои як оила (6 ё 12 кас) воситаҳои хӯрокхӯрӣ зарур аст.


Воситаҳои хӯрокхӯрӣ барои 6 нафар:

  1. Табақи чуқур – 6-то
  2. Табақи майда – 6-то
  3. Табақчаи хӯриш – 6-то
  4. Табақча барои пирог – 6-то
  5. Қошуқи махсус барои гирифтани хӯриш – 1-то
  6. Хӯришдон – 2-то
  7. Табақча ё коса барои хӯроки суюқ – 6-то
  8. Қайладон – 1-то
  9. Табақи мудаввар – 1-то
  10. Табақчаи байзашакл – 1-то
  11. Коса барои хӯроки суюқ бо табақчааш – 6-то
  12. Мурчдон, намакдон, хардал, сирко – 1-то
  13. Суроҳӣ барои об – 1-то
  14. Суроҳӣ барои афшураи меваҷот – 1-то
  15. Қадаҳ – 6-то
  16. Ҷом – 6-то
  17. Корд, чангаки хӯрокхӯрӣ ва дессертхӯрӣ – 6-то
  18. Дастархон – 1 дона
  19. Сачоқи матоӣ – 6-то.

Савол ва супориш

  1. Аҳамияти ороиши дастархони миллӣ бо истифода аз асбобу анҷоми хӯрокхӯрӣ дар чист?
  2. Кадом қоидаҳои дар миз гузоштани корд, қошуқ, чангак ва қошуқча, чангак ва корди дессертӣ ва ғайраро медонед?
  3. Вазифаи сачоқчаҳои матоӣ ва коғазиро гӯед.
  4. Кадом намуди таҳкунии сачоқчаҳо ба шумо маъқул аст?

Ороиши дастархон 

Қоидаҳои таҳкунии сачоқчаҳо

ҚаблӣҚоидаҳои таҳкунии сачоқчаҳо
БаъдӣРиояи маданияти хӯрокхӯрӣ ва қоидаҳои нишастан дар сари дастархон