Фаъолият ҳамчун омили инкишоф

Ба таъсири инкишофи ирсият, муҳит ва тарбия боз як оми­ли ниҳоят муҳим ҳамроҳ мешавад, ки онро «фаъолияти шахси­ят» меноманд. Дар таҳти фаҳмиши ин ибора ҳамаи кору бори одам — шуғли зиндагии вай ифода меёбад. Чунин фаъолият ба мо аз қаъри асрҳо мерос мондааст: «Мард бояд ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад»; «Одами бекор — дарахти бебор»; «Хоби субҳ ризқ мебурад»; «Аз ту ҳаракат, аз ман баракат»; «Аз зиндаи бекор мурда беҳтар аст»; «Гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек» ва ғ.

Хуллас, натиҷаҳои инкишоф ва фаъолияти сермаҳсул алоқаи мустақими байни натиҷаҳо ҳисоб меёбад. Ин ҳоло як қонунияти умумии инкишоф аст, ки онро чунин маънидод кардан мумкин аст: одам дар соҳаи муайян ҳар қадар зиёд кор кунад, ҳамон қадар сатҳи инкишофаш зиёд аст. Бояд дарк кард, ки ҳудуди амалиёти ин қонуният беканор, вале он бо омили «тобоварӣ» — қобилият, синнусол, шиддат ва ташкилкунандаи худ фаъолият ва дигарҳо муайян карда мешавад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Дар раванди фаъолият инкишофи ҳамаҷониба ва мақсади шахсияти одам, муносибати вай пиромуни атрофиён ташаккул меёбад. Мураккабии амали тарбия дар ҳамин дида мешавад. Мутаассифона, дар бисёр мавридҳо он ба инкишоф имконият дода наметавонад; тарбиягирандагон аз чизи ниҳоят зарурӣ — фаъолона иштироккунӣ ба корҳои ҷамъияти, меҳнатӣ, фаъолия­ти фаҳмидагирӣ маҳруманд.

Намудҳои асосии фаъолияти кӯдакон ва наврасон — бозӣ, омӯзиш, меҳнат аст. Аз нигоҳи самт ва фаъолияти дарк кардан оммавӣ, спортӣ, бадеӣ, техникӣ, косибӣ, ишратпарастӣ (баҳри ҳузуру ҳаловат) ҷудо мешаванд. Намуди асосии фаъолияти мактабиён таълим мебошад.

Фаъолият метавонад фаъол ва ғайрифаъол бошад. Ҳатто кӯдаки аз ҳама хурд метавонад фаъол бошад. Вай ба калонсолон, ҳамсолон хоҳиши муносибаткунӣ бо одамон ва ашёро та­лаб мекунад. Минбаъд ба таъсири муҳит ва тарбия метавонад фаъолияти худро афзун ё суст гардонад. Дар баъзе мавридҳо кӯдак дар баъзе корҳо бо дили нохоҳам иштирок мекунад, ки ин натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Инкишофи хуб маҳз фаъолии шах­сиятро таъмин мекунад. Чунин фаъолият амалиёти дилхоҳона оварда, манбаи нерумандӣ ва руҳафзоӣ мегардад.

Фаъолияти таълим ба мактабиён имконияти тез ва бомуваффақият аз худ кардани таҷрибаи ҷамъиятӣ, инкишоф додани қобилияти робитакунӣ, ташаккули муносибати дуруст кардан бо атрофиёнро таъмин мегардонад. Фаъолияти фаҳмидагирӣ инкишофи зеҳнии кӯдакро баланд мебардорад. Барои вай на фақат талаботи дуруст ҳал кардани супориши фаҳмидагирӣ, ҳамчунин зурурати дар амал анҷом додани дониши ҳосилкарда пайдо мешавад. Фаъолияти меҳнатӣ зуд ва бобарор ташаккул додани олами рӯҳӣ ва маънавии шахсиятро таъмин мегардонад.

Зоҳиргардии фаъолият як манбаи умумӣ дорад, ки ин талабот мебошад. Талаботи гуногуни инсоният барои қаноатмандӣ фаъолияти гуногунро ба миён меоварад. Ба одами инкишофёфтаистода нишон додани самтҳои фаъолияти муфид ва пай дар пай суст кардани амали қалбакии нодаркор вазифаи басо мураккаб аст. Мураккабӣ дар он аст, ки талабот ва ҳавасмандгардонӣ ба фаъолият дар инкишофёбии синну соли гуногун хеле дигаргуншаванда аст.

Фаъолгардии мактабиён (инсон), дар шароитҳои гуногуни зарурӣ инкишоф додани қобилияти фитрӣ яке аз муваффақҳятҳои онҳо мебошад. Фаъолгардии шахсият, пеш аз ҳама, ба дарк намудани зарурат ва моҳияти ҳаётии масъала вобаста аст. Дар чунин ҳолат фаъолгардӣ на фақат замина, ҳамчунин натиҷаи инкишоф мегардад. Тарбия ҳамон вақт ба мақсад ноил мегардад, ки агар ба вай ташаббускорӣ, эҷодкории шахсият, ки ба худи ӯ ва одамон хурсандиовар бошад. Оқилона ташкил намудани фаъолият дар ҳамаи соҳаҳои педагогӣ зоҳиргардии фаъолияти талабагонро таъмин мекунад.

Гӯзариш ба мавзӯи асосӣ

Қонунияти умумии инкишоф


Фаъолият хамчун омили инкишоф, мавзуи педагогика бо забони точики.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама