Педагогика – илм дар бораи тарбия

Педагогика маънии худро аз вожаи юнонии «пайдагогос» («пайда» – атфол, кӯдак ва «гогос» – роҳнамо, баранда) гирифта, якҷоя маънои «роҳнамои атфол» – ро ифода мекунад. Дар Юнони қадим ғуломонеро, ки аз дасти кӯдакони хуҷаинҳои худ дошта ба мактаб мебурданд ва он ғуломоне, ки ба кӯдакон савод, шиноварӣ, аспсаворӣ, шамшерзанӣ, гуштингирӣ ва ғайраҳоро меомӯзониданд, низ «пайдагогос» меномиданд.

Бо мурури замон калимаи «пайдагогос» ба маънои васеи умумибашарӣ баҳри ифода кардани санъати тарбия, таълим ва бозтоб додани қувваи инкишофи рӯҳӣ ва ҷисмонии насли наврас истилоҳи «педагогика» мафҳуми «роҳнамои ҳаётии атфол» – ро гирифтааст. Онҳоеро, ки ба кори тарбия ва таълим шуғл меварзанд, низ педагог меномидагӣ шуданд.

Лиҳозо зимни маҷмӯи таҷрибаҳои ғуншудаи ҳаёт ва ин­кишофи қувваҳои истеҳсолии ҷомеа вобаста ба талаботи ногузири зиндагӣ, назарияи донишҳои тарбия илми педагогика кор карда шуд. Аввалҳо ин соҳаи илм дар дохили илми фалсафа арзи вуҷуд кард. Сипас педагогика ҳамчун фанни алоҳида ва мустақил аз ибтидои қарни XVII аз фалсафа ҷудо шуд. Билохира педагогика ҳамчун фанни махсуси тарбия ва таълими кӯдакон шуҳрат ёфт.

Ин гуна фаҳмиши моҳияти педагогика то нимаи аввали асри XX арзи вуҷуд кард. Фақат дар даҳсолаҳои охир дар рушди ихтисоси педагогӣ нафақат кӯдакон, ҳамчунин калонсолон низ муҳтоҷ дониста шуданд. Зеро дар шароити кунунӣ имконияте нест, ки нисбати тарбияи солими одамон бетараф бошанд. Омӯзгор волидайнро баҳри тарбияи дурусти фарзандон, пизишк маризро аз рӯ ба ифоқаоварӣ, агроном деҳқонро сӯи анбори зархез – замин, қумандон сарбозро дар руҳияи ватандӯстӣ ва дифои марзи он ҳидоят мекунад. Ҳамаи ин тарзи тарбиякуниро мепарварад. Тарбияи шахсият – ҷавҳари инсонӣ, беҳбудии ҷомеа аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз ин лиҳоз фанни педагогика ба чунин таъриф молик шуд: педагогика чист? Педагогика илмест барои тарбияи инсон.

Чунин маънидод барои он мантиқан мусоидат мекунад, ки тарбияи инсон аз рӯи ба дунё омадани вай то дами вопасин идома меёбад. Мафҳуми «тарбия» ин ҷо ба маънои васеъ ис­тифода бурда мешавад: он ба худ омӯзиш, маълумот, инкишофро ҳам фаро мегирад.

Дар ҳар давру замон педагогҳо роҳи беҳтарини ёрирасонӣ ба одамро нисбати истифодабарии имконияти ба онҳо додаи табиат, ташаккул додани сифатҳои навро ҷустуҷӯ намуданд, ҳазорсолаҳо бо шикастхуриҳо донишҳои заруриро пай дар пай ғун карданд, санҷида шуданд ва системаи педагогӣ рад мекард, то он чизе, ки ҳаётан устувору муфидаш боқӣ бимонад. Ҳамин тавр, дониши илмии тарбия, ки барои одам зарур аст, инкишоф меёфт.

Ба андешаи Д. И. Менделеев ҳар назарияи илмӣ ду мақсади асосии охирин – пешбинӣ ва манфиат дорад.

Аз ин қоидаи умумӣ педагогика ҳам истисно нест. Вазифаи он – фаҳмидани қонунҳои тарбия, таълим, маълумоти одамон ва дар ҳамин асос нишон додани роҳи дурусти таҷрибаи педагогӣ ва тарзи ноилгардӣ ба мақсади гузошташудаи назария педагогҳоро мусаллаҳ мегардонад – амалкоронро бо донишҳои касбӣ нисбати хусусиятҳои раванди тар­бияи одамони гурӯҳи синну соли гуногун, маълумоти иҷтимоӣ, маҳорати пешгӯӣ кардан, тарҳрезӣ намудан ва дар амал татбиқ кардани раванди таълиму тарбия дар шароитҳои гуно­гун, арзёбӣ намудани таъсирбахшии онҳо мадад мерасонад. Технологияи нави таълим, маълумот (таҳсилот) ва тарбия, ҳамчунин таъсирбахшии методикаҳо дар лабораторияи педагогӣ тавлид мешаванд.

Ҳангоми муайян кардани тарбия ва илми он педагогика аз мавқеи дар ҷомеаи мушаххас ишғол кардааш назар кунем, он дар марҳалаҳои инкишофи муайяни таърихӣ сатҳи воқеии комёбиҳои ҷомеаро инъикос мекунад. Ба абадӣ будани проблемаи педагоги нигоҳ накарда, мавзӯи он аниқ аст: ин фаъолияти тарбиявӣ, ки тавассути муассисаҳои таълимӣ — тарбиявӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Педагогика илми амалӣ ҳисоб меёбад, ки он саъю кӯшиши худро барои ҳалли самарабахши масъалаҳои ба миён омадаи мусбати ҷомеа нисбати тарбия, таълим, маълумот равон мекунад.

Манбаи инкишофи илми педагогика инҳо мебошанд: таҷрибаи амалии бисёрасраи тарбия, алоқамандӣ бо тарзи ҳаёт, анъанаҳо, урфу одатҳои одамон, педагогикаи халқӣ; фалсафа, ҷамъиятшиносӣ, асарҳои таълифёфтаи педагогӣ ва психологӣ; таҷрибаи ҷории тарбияи оламиён ва ватанӣ; маълумотҳои махсуси муташаккилона ташкилкардаи тадқиқотҳои педагогӣ; таҷрибаҳои педагогҳои навовар, ки ғояҳои оригиналӣ ва системаи тарбияи дар шароити ҳозира тез дигаргуншавиро пешниҳод мекунад.

Ин мавзӯъ ба мавзӯи зерин тааллуқ дорад:

Фан ва вазифаҳои педагогика


Санҷиши назоратӣ

  1. Педагогика чиро меомузад?
  2. Асосхои умумии педагогика. (Реферат, кори курси)
ҚаблӣФан ва вазифаҳои педагогика
БаъдӣОмӯзиши забони англисӣ — Шиносоӣ бо миёнарав