Мубтадо. Хабар. Сараъзоҳои ҷумла

забони точики, забони тоҷикӣ

Хабар ва мубтадо асоси ҷумларо ташкил медиҳанд. Барои ҳамин онҳоро сараъзоҳои ҷумла меноманд.

Мисол:

Муаллим насиҳат кард. Чӣ кор кард? – Насиҳат кард (хабар); кӣ? –муаллим (мубтадо).

Хондан хуб аст. Хондан – мубтадо, хуб аст – хабар.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба зери мубтадо як ва ба зери хабар ду хат кашидан лозим аст.


Хабар (Хабар чист?)

Хабар сараъзои ҷумла буда, амалу ҳолати мубтадоро мефаҳмонад. Хабар ба саволҳои (предмет) чӣ кор мекунад?, чӣ мешавад?, чӣ шуд?, чӣ хел аст?, кист?, чист?  ҷавоб мешавад.

Хабар дар ҷумла бо феъл ифода меёбад. Мисол: Ёдгор говро оварда ба дасти Гулнор супурд. (С.Айнӣ)

Мубтадо (Мубтадо чист?)

Мубтадо сараъзои ҷумла буда, дар ҷумла сухан дар бораи он меравад. Мубтадо ба саволҳои кӣ? (киҳо?), чӣ (чиҳо?) ҷавоб мешавад.

Мисол: Дониш одамро аз роҳи хато мебарорад.

Онҳо ба мактаб мераванд.

Аъзоҳои ҷумла (грамматикаи забони точики)

Мубтадо. Хабар. Сараъзохои чумла сараъзои чумла мубтадо чист хабар чист

ҚаблӣАъзоҳои ҷумла (грамматикаи забони точики)
БаъдӣАъзоҳои пайрави ҷумла (Аъзохои пайрави чумла)

2 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед