Омӯзиши забони англисӣ — Шиносоӣ бо миёнарав

Мавод дар заминаи барномаи «Забондон» омода шудааст. Барои дарёфи бештар ба барномаи «Забондон» ворид шавед.


Дар забони англисӣ дар вақти шиносоӣ бо миёнарав ба қоидаи зерин диққати махсус додан зарур аст. Ҳангоми шинос намудан бояд мардро ба зан, ҷавонзанро ба зани калонсол, ҷавонмардро ба марди куҳансол, ходимро ба роҳбар шинос намуд. Чун қоида аввал миёнарав ному насаби шахсе, ки бо ӯ шинос мекунанд  меҳмон, муштарӣ ё ходими нав ва баъд  ному насаби шиносшавандаро мегирад.

Давоми матн пас аз блоки реклама
Лутфан шинос шавед!   Бо… шинос шавед!     Mr/Mrs/Miss + ному насаб, may I introduce Mr/Mrs/Miss + ному насаб.
Шинос шавед!   …, this is…   …, I don’t think you’ve met…   …, you haven’t met …, have you?   …, have you met …?   …, meet …

Дар поён ҳолатҳои бо миёнарав шинос шудан оварда мешавад:

  1. — Mr. Morton, this is Miss Evans, our new typist.

      — How d’you do, (Miss Evans)?

       — How d’you do Mr. Morton?   

  1. — Mrs Jones, I’d like you to meet Mr Tolib Sangov.

      — How do you do, Mr Tolib Sangov? Glad to meet you.

       — How do you do, Mr Jones?   

  1. — Mrs Parker? I don’t think you’ve met Mr (Davlat) Larkin.

     — How do you do, (Mr Larkin)? Nice to meet you.   

     — How do you do, (Mrs Parker)?   

  1. — Miss Delvin, meet Mr Rasulov Manucher.

     — How do you do, Mr Rasulov? How nice of you to come.

       — How do you do, Miss Delvin?


Чун мавридҳои шиносшавӣ бе миёнарав дар ин ҳолат ҳам мешавад, ки ҳамсуҳбатони хоҳишмандро низ шинос намуд:  

Ман шуморо мехоҳам шинос кунам  … I’d like you to meet Mr/Mrs/Miss + насаб
Ман шуморо мехостам бо… шинос намоям. Allow me to introduce you to.
Ман шуморо мехоҳам бамуаррифӣ намоям. I’d like to introduce you to…   I’d like you to meet…   I want you to meet…
Ман мехоҳам ба шумо… муаррифӣ намоям. Allow me to introduce (to you to)…   I’d like to introduce (to you)…   May I introduce…?   I’d like you to meet…   This is…
Ман шуморо мехоҳам ба Назирова Комила Ҳафизовна муаррифӣ намоям.  I’d like to introduce you to Mrs Blake.   I’d like you to meet Mrs Blake.   I want you to meet Mrs Blake.
Ман мехоҳам ба шумо Назирова Комила Ҳафизовнаро муаррифӣ намоям. May I introduce Mrs Blake?   Allow me to introduce Mrs Blake.   I’d like to introduce Mrs Blake.   I’d like you to meet Mrs Blake.   This is Mrs Blake.

Шаклҳои шиносшавии расмӣ инҳоянд:  

Иҷозат диҳед шуморо шинос намоям.  Allow me to do the  introductions.
Иҷозат диҳед шуморо бо … шинос намоям.  Allow me to  introduce you to…
Рухсат диҳед шуморо бо … шинос намоям.  Let me introduce to…
Иҷозат диҳед ба шумо … шинос намоям.  Allow me to  introduce Mr/Mrs/Miss…

Матлаби пешин: «Шиносоӣ бе миёнарав».

Матлаби баъдӣ: «Тарзҳои ҷавобдиҳӣ ҳангоми шиносоӣ».

Рӯйхати пурраи дарсҳо.


Манбаъ: «Одоби муошират», Муҳиддинова Т. Ҳ., Душанбе — 2014.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед