Методҳои тадқиқоти илмии педагогика

Ҳар фан методҳои тадқиқоти илмӣ дорад. Методҳои тадқиқоти илми педагогика чунинанд: мушоҳида, сӯҳбат ва мусоҳиба, озмуни педагогӣ, тадқиқоти назариявӣ, омӯхтани ҳуҷҷатҳои мактабӣ ва маҳсули фаъолияти хо­нандагон, омӯхтан ва ҷамъбаст кардани таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ, методҳои сотсиологии тадқиқот: ан­кета (саволнома), ҳисоби математикӣ ва ғайра.

Моҳияти ҳар яке аз ин методҳоро ба таври фишурда тавзеҳ медиҳем:

Методи мушоҳидаи педагогӣ. Ин метод амалан дар ҳар намуди тадқиқот маъмулан истифода бурда мешавад. Ҳодисаҳои педагогӣ, бахусус тарзи амалиёти беҳтаринро тақозо мекунад ва билохира тадқиқотчӣ бояд тавассути мушоҳида (тӯлонӣ ва ё кутоҳмуддат) Таҷрибаҳои муфидро фароҳам оварад. Яъне, зимни тадқиқоти мушоҳида ба хулосае ояд, ки кадом тарзи коргирии омӯзгор бартарӣ дорад. Мушоҳида тибқи нақшаи дақиқ ва нишондоди бомақсад бурда мешавад, ки он бояд ба саволҳои зайл ҷавоб дода тавонад: чиро, барои чӣ, кай ва чанд муддат мушоҳида кардан ва аз ин чӣ гуна натиҷа умед кардан?

Сӯҳбати тадқиқотӣ ва мусоҳиба. Истифодаи методҳои сӯҳбат ва мусоҳиба дар тадқиқоти илмӣ басо  аҳамияти калон доранд. Муҳақиқ тибқи ин методҳо фикру андеша ва муносибати тарбиядиҳандагон ва дар ҳамин радиф эътибори тарбиягирандагонро нисбати ҳодисаи марбути педагог фаҳмида ҳақиқати ҳолро равшан мегардонад. Албатта муҳаққиқ қабл аз мусоҳиб шудан бо омӯзгор, талаба ва волидайн омадагии пухта мегирад, мақсади мусоҳибаро муайян мекунад, то ки сабабҳои зуҳуроти ину он ҳодисаи педагогӣ амиқу возеҳ ошкор гардад. Дар амалиёти ин методҳо ба инобат гирифтани синну сол, савияи дониши мусоҳибон, саволҳои асосӣ ва ёрирасонро, ки ба онон дода мешаванд, пухта кардан аҳамияти калон дорад.

Озмуни педагогӣ. Ин методи комплексии тадқиқоти илмӣ буда, дар як вақт истифода бурдани чандин метод, аз қабили мушоҳида, сӯҳбат, интервю, саволнома, корҳои контролии ташхисдиҳанда, ба миён овардани вазъияти махсусро талаб мекунад. Озмуни педагогӣ барои тадқиқоти дурусту исботи ҳақиқати воқеӣ ва фарзияи педагогӣ истифода бурда мешавад. Барои он ки озмун дуруст ва натиҷабахш гузарад, чунин шароитҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд:

  • таҳлили дақиқи пешакии назариявӣ ва таърихии ҳодисаҳои тадқиқшаванда, омӯхтани таҷрибаҳои оммавӣ барои муайян кардани майдони озмун ва вазифаҳои он;
  • амиқтар нишон додани фарзия, ҷудо кардани чизи фавқулодда, навин, мухолифатҳои он бо фикрҳои мавҷуда, ки бурҳони озмуниро талаб мекунад;
  • дақиқ тавсия додани вазифаҳои озмун, муайян кардани аломатҳои ҳодисаҳои омӯхташаванда, меъёри баҳо;
  • дуруст муайян кардани адади объектҳои озмун. Судмандии озмун ба давомдор гузаронидани он низ вобаста аст. Натиҷаи озмуни педагогӣ дар асоси муқоиса бо объекти муқаррарӣ ва таҳлили таҷрибаҳои собиқи тадқиқотҳо ҷамъбаст карда мешавад.

Озмуни педагогӣ дар синф, мактабу хонандаи алоҳида ва ё дар миқёси умум гузаронида мешавад. Озмуни педагогӣ намудҳои зиёд дорад, ки ин ҷо мо бо овардани намудҳои зерин маҳдуд мешавем.

Озмуни табиӣ ҳодисаҳои таълимӣ ва тарбиявиро дар ша­роити муқаррарӣ – табиӣ тадқиқ мекунад. Чунончи, омӯзгор дар назди худ мақсад мегузорад, ки дар рафти дарсҳо ба хонандагони сустхон ба тариқи такони рӯҳӣ таъсир расонад. Дар машғулиятҳои муқаррарӣ ба рафти дарс халал нарасонда ба назди сустхонҳо омада ҳидояте бинмуда, онҳоро рӯҳбаланд мекунад: «Бале, хеле дуруст фикр кардӣ», «Офарин, фикрат ба ҷо», «Хеле ақлат расо шудааст». Чунин рӯҳафзоиро борҳо такрор намуда натиҷаи таъсири суханро ба фаъолияти пешинаашон муқоиса мекунад.

Озмуни лабораторӣ дар шароити ғайритабиӣ (одатан та­вассути аппаратҳои махсус) гузаронида мешавад. Ҳангоми озмуни лабораторӣ таъсироти зоҳирӣ ва ҷавоби реаксияи тадқиқшаванда ба ҳисоб гирифта мешавад. Озмуни лабораторӣ ва табиӣ бо ҳам вобастагӣ доранд.

Методи тадқиқотҳои назариявӣ. Бо методҳои тадқиқоти назариявӣ таҳлили муқоисавию таърихӣ, аз мавҳум ба мушаххас ва тарҳсозӣ дохил мешаванд. Одатан ин методҳоро дар мавридҳои муайян бо алоқамандии ҳамдигар истифода мебаранд. Хусусан донишҷӯён дар мавриди навиштани кори дипломӣ аз ин методҳо бештар истифо­да мекунанд.

Таҳлили муқоисавию таърихӣ барои ҳамаҷониба ва амиқ омӯхтани ҳодисаҳои педагогӣ, тартиб додани лоиҳаи мушаххаси чорабиниҳои такмилдиҳии раванди таълим ва тарбия, дар ҳалли проблемаҳои рӯйдода ба методҳои пешқадам такя намуда, ба пешгирӣ кардани хато ва камбудиҳо имконият медиҳад.

Лаҳзаи аз мафҳум ба мушаххасот такя кардан нисбат ба тадқиқоти томи раванди педагогӣ ба чунин марҳалаҳо эътибор додан шарт аст:

  • пурра тасвир кардани таркиби равандҳои педагогӣ, қисмҳои асосии он – мақсад, мазмун, фаъолияти амалӣ, ҳавасмандӣ, танзими назорат, баҳогузории аналитикӣ, инчунин тасвири томи шарту шароити амалкунӣ: таълими моддӣ, ҳифзис-сиҳа, ахлоқӣ – психологӣ, эстетикӣ ва ғайра;
  • тасвири намудҳои имконпазири робитаи байни қисмҳои раванди таълимӣ, пеш аз ҳама сабабҳои санҷишӣ;
  • тасвири пурраи таркиби шахсият ва таркиби фаъолияти педагогҳо ва тарбиягирандагон;
  • ба қадри имкон пурра тасвир кардани ҳамкории педагогҳо ва тарбиягирандагон;
  • дида баромадани алоқамандии равандҳои педагогӣ ба таъсири беруна, ки тарбиягиранда тавассути ахбороти оммавӣ, муҳити атроф ва ғайра расонда мешаванд;
  • муайян кардани ин ё он алоқамандии қонунӣ, то ки минбаъд онҳоро лаҳзаи тартиб додани лоиҳаи раванди педагогӣ ба ҳисоб гиранд.

Судмандона истифодабарии методҳои назариявӣ ҷустуҷӯи методи тарҳсозиро тақвият медиҳад. Тарҳсозӣ ра­ванди омӯхташавандаро аз ҷиҳати аёнию образнокӣ, чунончи, ба намуди тарҳ, нақша, тавсифи шифоҳии мухтасар, тасвир, баёни раванди омӯхташавандаро муайян мекунад. Дар баъзе мавридҳо лаҳзаи тарҳсозӣ падидаҳои педагогӣ ба намуди формулаҳои математикӣ, қолиб, рамз ва ғайра тасвир меёбанд. Дар тарҳҳо алоқамандии мактаб, оила, ҷамъият, воситаҳои ахбороти оммавӣ ва дигар манбаъҳои таъсиррасони тарбияи хонандагон дуруст инъикос меёбад. Бо кӯмаки тарҳҳо намудҳои гуногуни таълим, хелҳои гуногуни дарс мукаммалонида мешаванд.

Дар педагогика методи графикҳо низ қобили қабул аст, зеро бо ёрии он алоқаи байни фаслҳо ва мавзуъҳои муайяни фанни таълимӣ, фаслҳои алоҳидаи дохили фаннӣ, инчунин ҷудо кардани як қатор мавзуъҳоеро, ки мантиқан бо дигар мавзуъҳои муҳим бештар алоқа доранд, нишон додан мумкин аст.

Омӯхтани ҳуҷҷатҳои мактабӣ ва маҳсули фаъолияти хонандагон. Дар байни тадқиқоти падидаҳои педагогӣ омӯхтани ҳуҷҷатҳои мактабӣ: рӯзномаи синф, санадҳои шахсӣ, варақаҳои азхудкунӣ, табелҳои пешрафт, рӯзномаҳо; маҳсули фаъолияти хонанда­гон: дафтарҳои кори хонагӣ, корҳои контролӣ ва ғайраҳо ба­рои тадқиқотчӣ маводи зиёд медиҳанд. Аз ин санадҳо оид ба ҳазмкунии маводи таълимӣ, давомот, завқу шавқи хондан доштан ва ё надоштани хонандагонро равшан муайян кардан мумкин аст. Пас аз муайян кардани камбудиҳои ҷойдошта ба таҷрибаҳои пешқадам такя намуда, роҳҳои бартараф кардани онҳоро бояд пеш гирифт.

Омӯхтан ва ҷамъбаст кардани таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ. Таҳти тадқиқот омӯхтан, ҷамъбаст кардан ва дастраси умум гардондани таҷрибаҳои назарӣ ва амалии бикри мактаб ва муаллимони пешқадам аҳамияти бузурги касбӣ дорад. Тақлиду пайравӣ кардан ба фаъолияти муфиди пешқадамон гарави пешравии ин ё он соҳа аст, зеро табиист, ки шахс на фақат маҳдуди чизи таҳлидӣ мегардад, инчунин онро дар шароиту имконияти худ такмил ҳам медиҳад. Омӯхтани таҷрибаи бойи муаллимон, аз ҷумла омӯзгори кимиё, навовари шаҳри Исфара Абдулҳафиз Азизов ва дигар омӯзгорони ҷумҳурӣ, инчунин ба навоварони хориҷи ҳумҳурӣ В. Ф. Шаталов, Н. Б. Амонашвилӣ, С. Н. Илин ва дигарон, ки маҳорати баланди педагогӣ доранд, пайравӣ кардан басо аҳамиятнок аст.

Методҳои сотсиологии тадқиқот. Баъзан зарурати ину он масъаларо оммавӣ таҳқиқу тадқиқ кардан пайдо мешавад. Дар ин ҳолат аз методҳои сотсиологӣ: саволнома, ҳисоби математикӣ баҳраманд шудан мумкин аст. Дар методи саволнома хусусияти мавзӯи омӯхташаванда бо­яд инъикос ёбад ва саволҳо дақиқу фаҳмо бошанд. Ба саволҳо ҳар фард фикри шахсии худро зикр мекунад. Муҳаққиқ дар як муддати кутоҳ ҷавоби саволномаро таҳриру тафриқ намуда, хулосаҳои зарурӣ мебарорад ва си­пас аз паи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мешавад.

Солҳои охир аз методи тадқиқотии ҳисоби математикӣ фаровон истифода мебаранд. Аз ин метод барои далелҳои дақиқу боэътимод истифода мекунанд. Ба тариқи мисол меорам: аз 25 нафар хонандаи синфи шашум супоришҳои хонагии математикаро 12 фоиз иҷро накардаанд. Муҳаққиқ аз ин маълумот сабаб меҷӯяд: барояшон барномаи таълимӣ душворӣ кардааст, сифати таълими математика паст аст ва ғайра. Ҳамин тавр, донистани маҷмӯи методҳои тадқиқу таҳқиқи илмӣ омӯзгорро ба пояҳои баланди маҳорату эҷодкорӣ мебардорад.

Мавзӯи асосӣ

Фан ва вазифаҳои педагогика


Методхои тадкикоти илмии педагогика, Методи мушохидаи педагоги, Сухбати тадкикоти ва мусохиба, Озмуни педагоги, Методи тадкикотхои назарияви, Методхои сотсиологии тадкикот

ҚаблӣАсосҳои методологии инкишофи назариёти педагогӣ
БаъдӣОмӯзиши забони англисӣ — Дуруду паём