Чи чизе обрӯро зиёд мекунад?

таджикская семья оилаи точики картинкаи точики зани точик духтари точик

ДАР БАЁНИ ОБРӮРО БИЯФЗОЯД!

Мефизояд обрӯ аз панҷ чиз,
Бо ту гӯям, бишнав, эй аҳли тамиз.

Дар саховат кӯш, агар донӣ ғано,
То физояд обрӯяд аз сахо.

Бурдборию вафодорӣ гузин,
З-он ки обрӯй афзояд аз ин.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Он ки ӯ бар халқ бахшояд ҳаме,
Бешак, обрӯй афзояд ҳаме.

Чун ба кори хеш ҳозир будаӣ,
Обрӯи хешро афзудаӣ.

Аз саховат обрӯ афзун шавад,
В-аз бахили бехирад малъун шавад.

Ҳар киро бо халқ бахшоиш бувад,
Обрӯи вай дар афзоиш бувад.

Бош доим бурдбору бовафо,
То ба рӯи хеш бини сад зиё.

То бимонад сират аз душман ниҳон,
Сирри худ дӯстон камтар расон.

То нагардӣ пеши мардум шармсор,
Он чӣ худ нанҳода бошӣ, бармадор.

Эй бародар, пардаи мардум мадар,
То надаррад пардаат шахси дигар.

Барҳавои дил макун зинҳор кор,
То наёрад пас пушаймонит бор.

То забонат бошад, эй хоҷа дароз,
Дӯст кӯтаҳ дору ҳар ҷониб матоз.

Қадри мардумро шинос, эй мӯҳтарам,
То шиносад дигаре қадри ту ҳам.

Ҳар киро қадре набошад бар ҷаҳон,
Зинда машмораш, ки ҳаст аз мурдагон.

Аз қаноат ҳр киро набвад нишон,
Кай тавонгар созадаш моли ҷаҳон?

Бар адӯи хеш чун ёбӣ зафар,
Авф пеш ору ҷурмаш даргузар.

Доимо мебош аз Ҳаққ тар скор,
Низ бош аз раҳматаш умедвор.

Ботавозӯъ бошу хӯ кун бо адаб,
Сӯҳбати парҳезкорон металаб.

Бурдборӣ ҷӯй, беозор бош,
То ки гардад дар ҳунар номи ту фош.

Сабру илму ҳилм тарёке диланд,
Ҳирсу буғзу кина заҳри қотиланд.

Ҳамчу тарёканд доноёни даҳр,
Қотиланд, эй хоҷа, нодонон чу заҳр.

Мардум аз тарёк меёбанд наҷот,
Худ касе аз заҳр кай ёбад ҳаёт?

Фахри ҷумла илмҳо нон додан аст,
Дар ба рӯи дӯстон бикшодан аст.

Гарчи доно бошию аҳли ҳунар,
Хешро камтар зи ҳар нодон шумар.

ҚаблӣДилномаи Мавлоно Чалолиддини Балхи
БаъдӣМавзӯъ. Принсипҳои тарбия