Фан ва вазифаҳои педагогика

Мавзӯъ. Фан ва вазифаҳои педагогика

Нақша:

Давоми матн пас аз блоки реклама
  1. Педагогика — илм дар бораи тарбия
  2. Пайдоиш ва инкишофи педагогика
  3. Мафҳумҳои асосии педагогика
  4. Мавзӯи педагогика ва масъалаҳои асосии тадқиқоти он
  5. Соҳаҳои илми педагогика ва алоқаи он бо илмҳои дигар
  6. Асосҳои методологии инкишофи назариёти педагогӣ
  7. Методҳои тадқиқоти илмии педагогика

1.Педагогика — илм дар бораи тарбия

Педагогика маънии худро аз вожаи юнонии «пайдагогос» («пайда» — атфол, кӯдак ва «гогос» — роҳнамо, баранда) гирифта, якҷоя маънои «роҳнамои атфол» — ро ифода мекунад. Дар Юнони қадим ғуломонеро, ки аз дасти кӯдакони хуҷаинҳои худ дошта ба мактаб мебурданд ва он ғуломоне, ки ба кӯдакон савод, шиноварӣ, аспсаворӣ, шамшерзанӣ, гуштингирӣ ва ғайраҳоро меомӯзониданд, низ «пайдагогос» меномиданд.

Бо мурури замон калимаи «пайдагогос» ба маънои васеи умумибашарӣ баҳри ифода кардани санъати тарбия, таълим ва бозтоб додани қувваи инкишофи рӯҳӣ ва ҷисмонии насли наврас истилоҳи «педагогика» мафҳуми «роҳнамои ҳаётии атфол» — ро гирифтааст. Онҳоеро, ки ба кори тарбия ва таълим шуғл меварзанд, низ педагог меномидагӣ шуданд.

Муфассал ——>


2.Пайдоиш ва инкишофи педагогика

Тарбия ҷараёни хеле қадимӣ буда, он бо баробари пайдоиши одамони аввалин арзи вуҷуд кардааст. Аввалҳо кудакон бе ҳеҷ як педагогика тарбия карда мешуданд, ҳатто одамон барои вуҷуд доштани он тасаввуроте ҳам надоштанд. Биноан илми тарбия хеле дер, баъди ғун шудани таҷрибаҳои инсоният пайдо мешавад. Он дар ҷомеа яке аз соҳаҳои илми ҷавон ба шумор меравад. Зеро ҷамъбастҳои аввалин, маълумотҳои эмпирикӣ, хулосаҳо аз таҷрибаи зиндагӣ назария шуда наметавонанд, балки онҳо баҳри назария сарчашма мебошанд.

Ҷамъияти инсонӣ ҳамеша дар инкишоф аст, чунки наслҳои минбаъда пай дар пай ба таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоии дар собиқ андухтаи наслҳои калонсол пайравӣ мекунанд, меомӯзанд, такмил медиҳанд ва худ таҷрибаҳои бикри зиндагӣ ба даст меоранд. Зарурати зиндагӣ аз наслҳои наврас тақозо мекунад, ки ҳамқадами замонашон бошанд, ба дараҷаи инкишофи марҳалаи замони худ боло бардошта шаванд, таҷрибаҳои мавҷударо аз худ кунанд ва бахусус барои пешрафти ҷамъият саҳми фаъол гузоранд. Чунин интиқоли таҷриба тавассути соҳаи муҳими педагогика — тарбия сурат мегирад.

Тарбия чист?

Таҷрибаҳои иҷтимоии зарурати зиндагӣ ва меҳнати ҷомеа, ки тавассути наслҳои калонсол барои фаъолона азхудкунии наслҳои наврас ёд дода мешавад, тарбия ном дорад.

Муфассал ——>


3.Мафҳумҳои асосии педагогика

Чунон ки дар боло зикр кардем, тарбия аз пайдоиши ҷамъияти инсонӣ сарчашма гирифта, то имрӯз хеле ривоҷу равнақ ёфта омадааст. Дар асоси маҷмӯи таҷрибаҳои ғуншудаи зиндагӣ ва инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ бо талаботи зарурии зиндагӣ назарияи донишҳои тарбия — илми пе­дагогика кор карда шуд. Аввалҳо ин соҳаи дониш дар дохили илми фалсафа вуҷуд дошт. Сониян педагогика ҳамчун фанни алоҳида ва мустақил аз ибтидои қарни XVII аз фалсафа ҷудо шуд, ки дар ин бобат хидмати педагоги чех Ян Амос Коменский (1592 — 1670) басо калон аст.

Илми педагогика чун дигар илмҳо истилоҳоти асосии худ­ро дорад: инкишоф, маълумот, таълим, тарбия. Нисбат ба истилоҳот ин мафҳумот инҷо мо ба тариқи зайл маълумоти назарӣ медиҳем, зеро онҳо дар қисматҳои дигари китоби маз­кур ба таври муфассал ифшо ёфтаанд.

Инкишофи шахсият мувофиқи консепсияи диалектика аз раванди дигаргунии миқдорӣ ва сифатӣ иборат буда, аз давраи тавлиди фард то нафаси охирини шахс тибҳи қонунияти анатомӣ — физиологӣ ва рӯҳӣ (психилогӣ) сурат мегирад. Ин­кишоф аз амалиёти паст ба баланд, аз оддӣ ба мураккаб, аз номукаммал ба мукаммал ноилшавии имконияти ҷисмонӣ ва рӯҳии шахс аст.

Инкишофи инсон чист?

Инкишофи инсон — ин раванди ташаккулёбии фард, ки тавассути таъсири омилҳои зоҳирӣ ва ботинӣ, идорашаванда ва табиӣ рух медиҳад.

Муфассал ——>


4.Мавзӯи педагогика ва масъалаҳои асосии тадқиқоти он

Ҳар фан мавзӯи тадқиқотии худро дорад. Аз ҷумла фанни педагогика низ. Мавзӯи онро тарбия, яъне чӣ тавр ба меҳнат омода кардани насли наврас ташкил медиҳад. Аммо инкишо­фи назарии педагогика чунин муайянкунии мавзӯи тадқиқоти фанни мазкурро маҳдуд ва сатҳӣ мешуморад. Сустии муайян­кунии мавзӯи тадқиқотии педагогика дар он аст, ки чизи асосӣ — дар кадом асоси педагогика назария ва методикаи тарбияро кор карда мебарояд, муайян намекунад. Мавзӯи тадқиқоти педагогика аз он робитаҳои қонуние, ки байни инкишофи шахсият ва тарбия вуҷуд доранд ва дар ҳамин асос масъалаҳои назарӣ ва фаъолияти тарбиявӣ кор карда мешаванд, иборат аст. Равшантар карда гуем, мавзӯи тадқиқоти педагогика моҳияти инкишоф ва ташаккули шахсияти инсон ва дар ҳамин асос муайян кардани наза­рия ва методикаи тарбия ҳамчун раванди муташаккилонаи махсуси педагогӣ мебошад.

Чунин саҳеҳӣ нисбати мавзӯи педагогика ҳам барои муҳаққиқ, ҳам барои муаллим ва ҳам оид ба ҳамаҷониба сарфаҳмравии раванди инкишофи шахсият, инчунин робитаи тарбия мушаххас муайян мегардад.

Ҳамин тавр, мавзӯи педагогика на фаъолияти маълумот, таълим, тарбия, балки равонакунии таъсиррасонӣ ба инки­шоф ва ташаккулдиҳии шахсият ҳангоми таълим, маълумот ва тарбия мебошад.

Дар инкишофи шахсият, пеш аз ҳама, беҳтар ба ҳолати рӯҳии шахс эътибор дода мешавад. Зеро ташаккули олами ботинии шахс ба рафтору муносибати вай вобаста аст. Агар таъсирбахшии тарбия, чунончи, омӯзиши хониш ба шахсият таъсири мусбӣ расонад, ба вай завқу шавқ бедор мекунад, пеш меравад. Ва агар баръакс ин таъсирбахшии тарбия таъсири манфӣ расонад, вай ба ин эътибор намедиҳад, бинобар ин, бояд аз роҳи таъсиррасонӣ истифода намуд. Коркарди ин ғояро инкишофи назарияи педагогика ва методикаи тарбия пеш меронад.

Муфассал ——>


5.Соҳаҳои илми педагогика ва алоқаи он бо илмҳои дигар

Педагогика соҳаҳои гуногуни илмӣ дорад ва ҳар яки он соҳаи муайянро тадқиқ мекунад. Ба системаи педагогика улуми зерин дохил мешавад:

  1. Педагогикаи умумӣ ва ё педагогикаи мактаб, ки қонуниятҳои таълим ва тарбияи мактабиёни мактаби маълумоти умумиро тадқиқ мекунад.
  2. Педагогикаи синну сол, хусусиятҳои тарбиявии одамони синну соли гуногун: қаблазтомактабӣ, томактабӣ, педаго­гикаи мактаб, педагогикаи калонсолонро меомӯзад.
  3. Педагогикаи махсус, ки чунин соҳаҳо дорад: тифлопеда­гогика — масъалаҳои тарбияи кӯдакони нобино ва органи босиравиашон суст, сурдопедагогика — онҳоеро тадқиқ мекунад, ки кар ва кару гунганд, олигофренопедагогика — кӯдакони модарзоди заифақл логопедия — кӯдакони дар нутқ нуқсдор — лакнатзабон (тутулаҳо) — ро меомӯзонад.
  4. Методҳои омӯзиш, ки хусусиятҳои умумӣ ва қонуниятҳои омӯзиши фанҳои гуногуни таълимӣ, чунончи, забони модарӣ, таърих, математика, кимиё, физика ва ғайраҳоро фаро мегиранд.
  5. Таърихи фалсафаи маълумоти педагогӣ-инкишофи назарияи тарбия ва таълим, таърихи ба вуҷуд омадани хату савод, мактабу маориф ва таърихи ба вуҷуд омадани афкори педагогиро дар марҳалаҳои гуногуни сохти ҷамъияти, аз замонҳои хеле қадим cap карда то давраи ҳозираро меомӯзад.
  6. Педагогикаи оила — ҷиҳатҳои муҳими тарбияи муфиди кӯдакони оилаҳои пешқадамро омухта, ба дигар хонадонҳо паҳн мекунад.

Муфассал ——>


6.Асосҳои методологии инкишофи назариёти педагогӣ

Асосҳои методологӣ омили муҳими коркард ва инкишофи назариёти педагогӣ мебошанд. Методология назарияи гнесеологӣ ва мантиқиест дар боби принсипҳо ва маҷмӯи тадқиқу ҳодисаҳои табиӣ ва ё иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Педагогика, чунон ки гуфтем, ҳамчун илми фалсафа аз қадимулайём дар таҳти ду консепсияи бо ҳам муқобили методологияи фалсафӣ — идеалистӣ ва материалистӣ инкишоф ёфта истодааст. Равияи методологияи идеалистӣ ҳанӯз аз афкори фалсафию педагогии Юнони қадим аз Суқрот ва Плу­тон сарчашма мегирад, ки онҳо инкишофи инсонро аз тараққиёти ҷамъият канда, онро ба омили пешакӣ муайянкардаи теологӣ (илоҳӣ), ё биологӣ-табиӣ, яъне ба ирсият мансуб медиҳанд. Материалистон Гераклит, Демокрит ва Эпикур ташаккулёбии инсонро ба таъсири муайяни беруна ва шароити зиндагӣ вобаста донистаанд. Ин муборизаи ду муносибат аз қадимулайём то ба ҳол вуҷуд дорад ва ба коркарди назариёти педагогӣ ва инкишофи он сабаб шудааст.

Муфассал ——>


7.Методҳои тадқиқоти илмии педагогика

Хар фан методҳои тадқиқоти илмӣ дорад. Методҳои тадқиқоти илми педагогика чунинанд: мушоҳида, сӯҳбат ва мусоҳиба, озмуни педагогӣ, тадқиқоти назариявӣ, омӯхтани ҳуҷҷатҳои мактабӣ ва маҳсули фаъолияти хо­нандагон, омӯхтан ва ҷамъбаст кардани таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ, методҳои сотсиологии тадқиқот: ан­кета (саволнома), ҳисоби математикӣ ва ғайра.

Моҳияти ҳар яке аз ин методҳоро ба таври фишурда тавзеҳ медиҳем:

Методи мушоҳидаи педагогӣ. Ин метод амалан дар ҳар намуди тадқиқот маъмулан истифода бурда мешавад. Ҳодисаҳои педагогӣ, бахусус тарзи амалиёти беҳтаринро тақозо мекунад ва билохира тадқиқотчӣ бояд тавассути мушоҳида (тӯлонӣ ва ё кутоҳмуддат) Таҷрибаҳои муфидро фароҳам оварад. Яъне, зимни тадқиқоти мушоҳида ба хулосае ояд, ки кадом тарзи коргирии омӯзгор бартарӣ дорад. Мушоҳида тибқи нақшаи дақиқ ва нишондоди бомақсад бурда мешавад, ки он бояд ба саволҳои зайл ҷавоб дода тавонад: чиро, барои чӣ, кай ва чанд муддат мушоҳида кардан ва аз ин чӣ гуна натиҷа умед кардан?

Сӯҳбати тадқиқотӣ ва мусоҳиба. Истифодаи методҳои сӯҳбат ва мусоҳиба дар тадқиқоти илмӣ басо  аҳамияти калон доранд. Муҳақиқ тибқи ин методҳо фикру андеша ва муносибати тарбиядиҳандагон ва дар ҳамин радиф эътибори тарбиягирандагонро нисбати ҳодисаи марбути педагог фаҳмида ҳақиқати ҳолро равшан мегардонад.

Муфассал ——>


АСОСХОИ УМУМИИ ПЕДАГОГИКА, Фан ва вазифахои педагогика

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама