Асосҳои методологии инкишофи назариёти педагогӣ

Асосҳои методологӣ омили муҳими коркард ва инкишофи назариёти педагогӣ мебошанд. Методология назарияи гнесеологӣ ва мантиқиест дар боби принсипҳо ва маҷмӯи тадқиқу ҳодисаҳои табиӣ ва ё иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Педагогика, чунон ки гуфтем, ҳамчун илми фалсафа аз қадимулайём дар таҳти ду консепсияи бо ҳам муқобили методологияи фалсафӣ — идеалистӣ ва материалистӣ инкишоф ёфта истодааст. Равияи методологияи идеалистӣ ҳанӯз аз афкори фалсафию педагогии Юнони қадим аз Суқрот ва Плу­тон сарчашма мегирад, ки онҳо инкишофи инсонро аз тараққиёти ҷамъият канда, онро ба омили пешакӣ муайянкардаи теологӣ (илоҳӣ), ё биологӣ-табиӣ, яъне ба ирсият мансуб медиҳанд. Материалистон Гераклит, Демокрит ва Эпикур ташаккулёбии инсонро ба таъсири муайяни беруна ва шароити зиндагӣ вобаста донистаанд. Ин муборизаи ду муносибат аз қадимулайём то ба ҳол вуҷуд дорад ва ба коркарди назариёти педагогӣ ва инкишофи он сабаб шудааст.

Дар замонаш бисёр педагогҳои пешқадами буржуазӣ (Я. А. Коменский, Дж. Локк, Ж. Ж. Руссо, А. Дистерверг, К. Д. Ушинский, П. Ф. Каптерев ва дигарҳо) фикрҳои материалистии зиёд пешниҳод карда бошанд ҳам, дар педагогикаи буржуазӣ ҳанӯз ҳам нисбати инкишофи инсон ва тарбия унсури идеалистӣ вуҷуд дорад. Педагогҳои номбурда назарияи таълим ва тарбияро ғанӣ гардонда, моҳияти педагогикаро ба дараҷаи умуминсонӣ бардоштанд. Ҳамин тавр, дар шароити ҷамъиятҳои гуногун методологияи материалистӣ ва дар он асос ғояҳои педагогии иҷтимоӣ ба миён гузошта шуд. Мувофиқи методологияи материалистӣ инкишофи инсон ҳамчун шахсият на дар худи ӯст, балки ташаккулёбии вай тибқи «барномаи иҷтимоӣ» сурат мегирад. Дар инкишофи инсон таъсиррасонии пешрафти ҷомеа ва тарбияи махсус ташкилкардашуда, инчунин кӯшиши фаъолонаи худи фард аҳамияти бузург дорад. Аммо мувофиқи нишондоди педагоги­каи идеалистӣ гӯё инсон тибқи «барномаи дохилӣ», ё ки аз рӯзи азал аз тарафи илоҳиёт муайянкардашуда худ аз худ инкишоф меёфтааст, ки тарбия фақат як воситаи ёрирасон будааст. Яъне ҳар як кас дар асоси сарнавишт умр ба cap мебарад. Чунин таълимот шахсро ғайрифаъол мегардонад.

Ҷонибдорони методологияи диалектикаи материалистӣ инкишофи инсонро ба пешрафти ҷомеа пайваста, тарбияро омили умда мешуморанд, зеро ки гуфтаанд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Фан ва вазифаҳои педагогика


Асосхои методологии инкишофи назариёти педагоги, реферат, кори курси.