Ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ. Гадуди сипаршакл

Гадудхои тарашшухи дохили, Системаи эндокрини / экзокрини


Системаи эндокринӣ. Мафҳуми ғадудҳои тарашшуҳ (секретсияи)-и берунӣ, дохилӣ ва омехта.

Ғадуд бофтаҳоеро меноманд, ки қобилияти аз худ ҷудо намудани ин ё он моддаро доранд.

Аз ҷихати ихроҷи маҳсули худ ғадудҳо се хел мешаванд:

1.Ғадудҳои тарашшуҳи берунӣ (экзокринӣ), ки маҳсули худро ба ковокии бадан ва муҳити атроф ихроҷ мекунанд. Ба он ғадудҳои луоби даҳон, ғадудҳои ҷудокунии шираи меъда ва рӯда, талха, арақҷудокунӣ, чарбӣ, ширҷудокунӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд.

2.Ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ (эндокринӣ), ки маҷрои маҳсули онҳо фақат ба системаи сарбаста – хун кушода мешавад, яъне роҳи муайяни худро надорад. Ба ин ғадудҳо ҳипофиз, эпифиз, ғадуди сипаршакл, назди сипаршакл, ду- шоха, болои гурда дохил мешаванд. Ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ аз худ моддаҳои махсуси биологӣ ҷудо мекунанд, ки онҳоро «ҳормон» (лот. «hormо» – баҳаяҷоноранда) меноманд. Ҳормон тавассути хун ба тамоми организм паҳн шуда, ба кори бисёр системаи узвҳо ва умуман ба фаъолияти ҳаётии организм таъсир мерасонад. Онҳо ҷараёни мубодилаи моддаҳо, сабзиш ва инкишофи организмро танзим менамоянд (расми 20).

Гадудхои тарашшухи дохили
Расми 20. Ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ

3.Ғадудҳои омехта хосияти экзокринӣ ва эндокринӣ доранд. Маҷрои ин ғадудҳо ба хун ва ковокии бадан ҷорӣ мешаванд. Ба ин асосан ғадуди зери меъда ва ғадудҳои ҷинсӣ дохил мешаванд.

Накши хормонхо дар мубодилаи моддахо, афзоиш ва инкишофи организм

Нақши ҳормонҳо дар мубодилаи моддаҳо, афзоиш ва инкишофи организм. Афзоиш ва инкишофи организмро якчанд ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ таъмин мекунанд.

Масалан, ҳипофиз ҳормони сабзишро ҳосил мекунад. Ин ғадуд бо мағзи cap алоқаманд буда, дар қисми поёнии зер теппаи (гипоталамус) таркиби мағзи мобайнӣ ҷойгир шудааст. Ҳормони соматотропини ба рибосомаи ҳуҷайра таъсир намуда, тақсимшавии онро таъмин мекунад ва инкишофи муътадили организм ба роҳ монда мешавад. Муайян карда шудааст, ки агар аз давраи кӯдакӣ миқдори ҳормони сабзиш кам ҳосил шавад, организм аз инкишоф боз монда, қади кӯдак паст мешавад.


Гадуди сипаршакл

Ғадуди сипаршакл. Дигар ғадуде, ки ҳормонаш метавонад ба мубодилаи моддаҳо таъсир расонад, ғадуди сипаршакл мебошад, ки дар қисми пеши нойи нафаси гардан ҷойгир шудааст. Ҳангоми ғайрифаъол шудани ин ғадуд, ҳормон кам ҳосил шуда, кори дил суст ва ҳарорати бадан паст мешавад. Ин имконияти пурра ба ҳаракат даровардани хунро қать мегардонад ва дар натиҷа хун дар мӯйрагҳо ва рагҳои варид ҷамъ мешавад. Ин ҳолат ба варами гулу оварда мерасонад, ки онро бемории ҷоғар (зоб) меноманд. Дар кӯдакон нарасидани ин ҳормон ба суст инкишофёбии скелет, хусусан сабзиши устухонҳо ва камақлӣ оварда мерасонад. Ин беморӣ «кретинизм» ном дорад

Ҳангоми аз меъёр зиёд ҳосилшавии ҳормонҳои ин ғадуд неруи зиёд ихроҷ мешавад, ки организмро харобу лоғар ме- гардонад, асабҳо суст гашта, себаки чашм аз косааш мебарояд, ки ин бемориро чашмкалонӣ ё бемории «базед» меноманд.

Гадудхои назди сипаршакл

Ғадудҳои назди сипаршакл узви ҷуфт буда, дар қисми пушти қабати болоӣ ва поёнии ғадуди сипаршакл ҷойгир шудаанд. Ҳуҷайраҳои ин ғадуд аз худ паратҳормон паратин ё ин ки паратироид ҷудо мекунанд. Ин ҳормонҳо дар ҷараёни мубодилаи калсий иштирок мекунанд. Бо таъсири паратҳормон фаъолгардии витаминӣ дар гурда ва ҷигар мушоҳида мегардад. Ҳангоми кам шудани ин ҳормон кашишхӯрии мушакҳои скелетӣ, хусусан мушакҳои рӯй ва пушти сар мушоҳида карда мешавад. Зиёдшавии ин ҳормон ба камшавии моддаҳои минералии устухонҳо оварда мерасонад, ки ин бемориро остеопороз меноманд. Инчунин, миқдори намаки калсий афзуда, пайдошавии санг дар гурдаҳо ва талхадон рух медиҳад.

Гадуди зери меъда

Ғадуди зери меъда аз худ ҳормони инсулин ихроҷ мекунад, ки дар ҷараёни мубодилаи моддаҳо, хусусан карбогидратҳо нақши марказиро мебозад. Инсулине, ки аз ҳуҷайраҳои ин ғадуд ҳосил мешавад, дар баробаркунии миқдори қанд дар хун фаъолона иштирок мекунад ва дар вақти оксидшавии қанд организм неруи даркориро мегирад. Ҳангоми кам ҳосил шудани инсулин ба ҷойи он дигар моддаҳо оксид шуда, мубодилаи карбогидратҳоро вайрон мекунанд, ки дар натиҷа бемории диабети қанд ба вуҷуд меояд.

Гадуди болои гурда

Ғадуди болои гурда дар навбати худ аз қабати қишрӣ ва мағзӣ иборат аст. Ҳар яке аз ин қабатҳо ҳормони махсусро ҷудо мекунанд.

Масалан, қабати қишрӣ ҳормонҳои кортизон, гидрокортизон ҳосил мекунад, ки дар мубодилаи моддаҳо иштирок намояд. Аз қабати мағзӣ ҳормонҳои адреналин ва норадреналин ҳосил мешаванд, ки дар фаъолгардонии кори дилу рагҳо барои иҷрокунии ин ё он кор иштирок мекунанд.


Дониши худро санҷед:

  1. Барои чи “гадудхои тарашшухи дохили” мегуянд?
  2. Кадом гадудхои тарашшухи дохилиро медонед?
  3. Гадудхои тарашшухи дохили аз беруни чи фарк доранд?
  4. Кадом гадудхоро омехта меноманд?
  5. Кадом хормонхо дар инкишофи кади одам иштирок мекунанд?
  6. Хормони гадуди сипаршакл ба кадом органоидхои хучайра таъсир мерасонад?
  7. Сабабхои пайдошавии бемории диабети канд чист?
  8. Кадом гадудхо сабзиши узвхои чинсиро таъмин мекунанд?
  9. Норасои ё аз хад зиёд будани хормонхо ба чи меорад? Мисолхо оред.
  10. Вазифаи асосии гипофиз дар чист? Муайян кунед, ки мачмуи гадудхои тарашшухи дохили ин системаи асаб мебошад.
ҚаблӣГигиенаи системаи асаб
БаъдӣСохт ва инкишофи устухонҳо