SavolTJ.com – аввалин форум — саволу ҷавоби тоҷикӣ

Имрӯзҳо қариб барои ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ дар интернет форумҳо мавҷуданд, ки корбар дар онҳо худро ба қайд мегирад ва фикру мулоҳизаи худро оиди мушкилиҳои дигарон, саволу ҷавобҳо баён месозад.

Ба форумҳо форумҳои бузурге мисли otvet.mail.ru, stackoverflow.com, Яндекс.Кью ва ғайра ворид мешаванд, ки дар як рӯз ҳазорҳо савол ворид гардида мардум фикру мулоҳизаҳои худро менависанд. Мардум ба мушкилие, гирифтор шаванд, агар ҳангоми ҷустуҷӯ аз интернет наёбанд пас мушкилии худро дар форумҳо навишта, фикру мулоҳиза ва тавсияи дигаронро, ки шояд ба ҳамин гуна мушкилӣ гирифторанд, мехонанд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Мутаассифона дар фазои маҷозии интернет то имрӯз ягон форуми миллӣ бо забони тоҷикӣ мавҷуд набуд. Ҳарчанд форумҳои хурде мавҷуд буданд, вале аз ҷиҳати технология дар сатҳи паст буданд ва касе ба онҳо аҳмият намедод. Имрӯзҳо сомонаи наве бо номи www.SavolTJ.com ба кор шурӯъ намуд, ки метавон ин порталро аввалин форуми универсалии миллии тоҷикӣ номид.

savol tj savoltj com savoltj

Дар ин сомона саволҳо ба бахшҳо ҷудо гардида, ҳар шахс метавонад мушкилиҳои худро дар бахши мавриди назар ҷустуҷӯ намояд. Масалан, агар мушкилие оиди барномасозӣ доред, пас метавонед ба бахши Барномасозии сомона ворид гардида саволҳоро аз назар гузаронед, ё шояд саволи худро нависед.

Гузариш ба сомона >> SavolTJ.com

Ҳатто барои донишҷӯён ва хонандагон бахше бо номи Фанҳои таълимӣ мавҷуд аст, ки ба зербахшҳо бо номҳои фанҳо (Забони тоҷикӣ, забони англисӣ, адабиёт, таърих, информатика, математика ва ғ) ҷудо шудаанд. Хонандагон ё донишҷӯён метавонанд, вазифаҳои худро  аз онҷо дарёбанд ё худ нависанд.

Ҳангоми ба сомона ворид гардидан саволҳо ва ҷавобҳоро хондан мумкин аст. Албатта худ ҳам савол ё ба саволҳо ҷавоб дода метавонед. Барои дар вақти савол додан номатонро навиштану «робот набудан»-атонро тасдиқ накунед бояд худро дар сомона ба қайд гиред. (Ё лаҳҷавӣ: Худатона бояд дар сайт регистрация кунед)

Барои ба қайд гирифтан танҳо почтаи электронӣ доштан лозим асту халос. Пас аз бақайдгирӣ метавонед бо логину рамзе, ки ҳангоми бақайдгирӣ нишон додаед, ба сомона бо дилхоҳ дастгоҳ (телефон, компютер, планшет) ворид гардед.

Пас аз бақайдгирӣ (регистрация) дар сомона Шумо дорои «Ҳуҷраи шахсӣ» дар сомона гардида, аз онҷо метавонед бо дигар корбароне, ки ба қайд гирифтаанд суҳбат кунед, саволҳову ҷавобҳои худро аз назар гузаронед, расму номи худро гузоред ва дигар имкониятҳои беҳтару навин дар фазои маҷозии интернети тоҷикӣ…

Марҳамат ба сомона ворид гардед ва аз имкониятҳои он истифода баред:

SavolTJ.com <<

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед