Принсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ

Доир ба мафҳуми принсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ се ақида мавҷуд аст: гурӯҳи якуми олимон андеша дорад, ки принсипҳо ин ғояҳои роҳбарикунандаанд ва таз ин лиҳоз муҳтоҷи аз ҷониби ҳуқуқ барқароркуниро надоранд.

Ба ақидаи гурӯҳи дигар, танҳо ҳамон ғояҳои роҳбарикунанда ба ҳайси принсипи мурофиаи ҷиноятӣ шинохта мешаванд, агар онҳо аз ҷониби меъёри қонун мустаҳкам шуда бошад ва фаъолияти мақомоти таҳқиқу тафтишот, прокуратура ва судро муайян намоянд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Гурӯҳи сеюми олимон бошад, ба он ақидаанд, ки ба сифати принсипи мурофиаи ҷиноятӣ ҳамун ғояҳои роҳбарикунанде маҳсуб дониста мешавад, ки агар онҳо тавассути меъёрҳои ҳуқуқ муқаррар шуда бошанд, яъне ғояҳои роҳбарикунанда бояд дар сарчашмаи ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ инъикос шуда бошанд ва ё аз он хулосабарории мантиқӣ бароварда шуда бошанд.

Принсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ гуфта, ақида ва ғояҳои роҳбарикунандаеро меноманд, ки самтҳои нисбатан муҳими мурофиаи ҷиноятиро муқаррар намуда, дар меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ мустаҳкам карда шудаанд.

Бо дар назардошти ақидаҳои боло принсипҳо бояд дорои чанд аломатҳо бошанд: а) ғояҳои роҳбарикунанда аст; б) ғояҳои роҳбарикунанда дар меъёрҳои ҳуқуқ инъикос ёфтааст ё аз мазмуни мантиқии меъёрҳои ҳуқуқ бар меояд; в) муддаои сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, ҳаётӣ ва иқтисодӣ мебошад; г) характери демократӣ доштани мурофиаи ҷиноятӣ муайян мекунад.

Принсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ аз рӯи баъзе хусусияташон тасниф карда мешаванд ва ба чунин гурӯҳҳо тақсим мегарданд:

  1. Ғояҳои умумиҳуқуқӣ;
  2. Принсипҳо – кафолатҳои ҳуқуқи шахсият;
  3. Ғояҳои асосии адолати судӣ;
  4. Дигар принсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ, ки ҳуқуқи иштирокчиёни онро таъмин менамоянд.

Оиди шумораи принсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ дар байни олимон ақидаҳои гуногун мавҷуд мебошад. Аз ин лиҳоз мо ба он принсипҳое назар менамоем, ки дар Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ ва ё Кодекси мурофиавии-ҷиноятӣ мустаҳкам карда шудаанд. Ба низоми асосии принсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ дохил мешаванд:

  1. Пинсипи қонуният; принсипи қонуният – принсипи умумиҳуқуқӣ ва универсалӣ мебошад. Принсипи мазкур дар мурофиаи ҷиноятӣ талаб менамояд, ки мақомотҳои таҳқиқ, тафтишот, прокурор ва суд тамоми талаботҳои Конститутсия ва Кодекси мурофиаи ҷиноятии ҶТ-ро бечунучаро риоя ва ҳифз намоянд.

Дар мурофиаи ҷиноятӣ меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи гражданӣ, мурофиаи гражданӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ мавриди истифода қарор мегиранд. Онҳо бояд қатъиян риоя гарданд.

Принсипи қонуният дар системаи принсипҳои мурофиавӣ мақоми махсус дошта, дигар принсипҳоро сарварӣ менамояд.

  1. Пинсипи баробарии ҳама дар назди қонун ва суд; тибқи муқаррароти моддаи 17 Конститутсияи ҶТ тамоми шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Тоҷикистон истиқомат мекунанд, дар назди қонун ва суд сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, вазъи иҷтимоӣ, мансубият ба дин ва ғайра баробар мебошанд.

Баробарии ҳама дар назди қонун чунин маъно дорад, ки ҳангоми гузаронидани мурофиа оид ба парвандаи ҷиноятӣ бояд татбиқи қонунҳои ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятии барои ҳама ягона таъмин карда шавад.

  1. Пинсипи оммавият ва диспозитивӣ; тибқи ин принсип мурофиаи ҷиноятӣ бо салоҳитяи мақомоти давлатӣ шурӯъ гашта, ҳимояи манфиатҳои оммавӣ болотар ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ӯҳдадоранд, ки муҳофизати ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, манфиати давлат ва ҷамъиятро ҳифз намоянд. Тибқи ин принсип мурофиаи ҷиноятӣ новобаста аз хоҳишу иродаи иштирокчиён оғоз карда мешавад ва таъқибот сурат мегирад.
  2. Пинсипи дахлнопазирии шахсият ва манзил; тибқи моддаҳои 14, 18, 23-и Конститутсияи ҶТ ва моддаи 6-уми Кодекси мурофиаи ҷиноятии ҶТ ҳар як шахс ҳаққи дахлнопазири дорад ва озодии ӯ танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун ва дар асоси қарори суд ва иҷозати прокурор метавонанд ба ҳабс гирифта шавад.
  3. Пинсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ; принсипи мазкур ҳамчун батанзимдарорандаи муҳимтарини муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки тамоми мурофиаи ҷиноятӣ дар асоси он сохта мешавад. Он дар моддаи 20-и Конститутсияи ҶТ мустаҳкам гардидааст ва мӯҳтавои ин принсип аз он иборат аст, ки шахс то ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор ҳисоб карда намешавад. Аз ҷумла дар КМҶ ҶТ муқаррар шудааст: «ҳеҷ касро бе ҳукми суд ва бар хилофи қонун дар содир кардани ҷиноят гунаҳго донистан ва инчунин, ҷазои ҷиноятӣ дода мумкин нест» (қ.2 м.8).

Айбдоршаванда ҳатто дар ҳабс қарор гирифта истода, ҳуқуқ ба манзил ва ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро нигоҳ медорад. Ӯро аз кор озод ва аз муассисаи таълимӣ хориҷ кардан ҳама мумкин нест.

  1. Пинсипи таъмини ҳуқуқи гумонбаршаванда, айбдоршаванда ва судшаванда ба ҳимоя; принсипи мазкур гарчанде бевосита дар Конститутсия муқаррар нашуда бошад ҳам, вале аз мазмуни як қатор меъёрҳои он бар меояд. Дар меъёрҳо чунин муқарраротҳо мавҷуд мебошанд: «Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шуданаш метавонад аз ёрии адвокат истифода намояд (м.19)» ва ё «Ёрии ҳуқуқӣ дар ҳамаи марҳилаҳои тафтишотӣ ва судӣ кафолат дода мешавад (м.92)». Аз мазмуни ин меъёрҳо бар меояд, ки ҳар як шахс дар сурати ба ҳайси субъекти мурофиаи ҷиноятӣ эътироф гаштанаш метавонад дар ҳолатҳои пешбини намудаи қонун аз хизмати ҳуқуқдонҳои касбӣ, истифода намоянд.
  2. Пинсипи ба амал баровардани адолати судӣ танҳо аз тарафи суд; тибқи моддаи 84-уми Конститутсияи ҶТ адолати судӣ танҳо аз тарафи суд ба амал бароварда мешавад. Дар нисбати парвандаҳои ҷиноятӣ хаминро қайд карда ба маврид аст, ки адолати судӣ танҳо аз тарафи судҳои салоҳияташон умумӣ ба амал бароварда мешавад. Адолати судӣ аз тарафи суд дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ ба амал бароварда мешавад, дахолат намудан аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва ё шаҳрвандон манъ буда, ҳамчун кирдори ҷиноятӣ эътироф карда мешавад.
  3. Пинсипи мустақилияти судяҳо ва танҳо ба қонун итоат кардани онҳо; тибқи моддаи 87-уми Конститутсияи ҶТ судяҳо (машваратчиёни халқӣ) ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо итоат менамоянд. Тибқи қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи судҳои ҶТ» судя (машваратчиёни халқӣ) ҳуқуқи дахлнопазири дошта, ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ санади мурофиавии худро танҳо дар асоси таҳқиқи далелҳо дар мурофиаи судӣ ва баҳогузории ботинӣ қабул намоянд.
  4. Пинсипи ошкорогии муҳокимаи судӣ; тибқи моддаи 88-уми Конститутсияи ҶТ мурофиа дар судҳо ба таври ошкоро сурат мегирад ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муқаррар кардааст. Принсипи мазкур дар Кодекси мурофиаи ҷиноятии ҶТ мустаҳкам гаштааст ва муқаррар менамояд, ки баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар суд ба таври ошкоро сурат мегирад ба истиснои мавҷд будани маълумотҳое, ки сирри давлатиро доранд. Қонун муқаррар менамояд, ки дар асоси таъиноти суд баррасии парвандаҳо ба шакли пӯшида низ сурат мегирад: 1) нисбати парвандаҳои ноболиғон; 2) нисбати паврандаҳое, ки ба озодии алоқаи ҷинсӣ марбутанд ва ё он парвандаҳое, ки дар он маълумотҳои маҳрамонаи ҳаёти шахсӣ мавҷуд аст; 3) барои бехатарии судшаванда, ҷабрдида, шоҳидон ва аҳли оила ва намояндагони онҳо.
  5. Пинсипи мубоҳисавӣ ва баробарҳуқуқии тарафҳо; принсипи мазкур дар Конститутсия ҶТ мустаҳкам гардида, муқаррароти умумиро оиди ба мубоҳиса сурат гирифтани баррасии парвандаҳоро дар маҷлиси судӣ муқаррар менамоянд. Ин принсипи алоқаи мавҷудаи тарафҳоро дар мурофиаҳо, аз ҷумла дар мурофиаи ҷиноятӣ муайян намудааст. Дар асоси принсипи мазкур суд ӯҳдадор аст, ки ба тарафҳо имконияти мурофиаивии баробарро муҳайё намояд. Баробарҳуқуқии тарафҳо маънои онро дорад, ки ҳар як субъекти шомили тарафи муайян ё тарафи дахлдор бе ягон хел бартарӣ, дорои он ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мурофиавие мебошад, ки иштирокчии шомили тарафи дигар доро мебошад.
  6. Пинсипи забони мурофиа; Тибқи моддаи 88-и Конститутсияи ҶТ, мурофиа дар судҳои Тоҷикистон бо забони давлатӣ ва ё бо забони аксари аҳолии маҳалгузаронида мешавад. Мӯҳтавои ин принсипи мазкур аз он иборат аст, ки маҷудияти забони давлатӣ, забони аксари аҳолии ҶТ эътироф мешавад ва қоунугузории судӣ тибқи ин забон ба амал бароварда мешавад. Дар Тоҷикистон, ки халқу миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва забони давлатиро намедонанд, ҳуқуқ доранд дар мурофиа бо забони модарии худ нишондод диҳанд. Дар мурофиаи ҷиноятӣ дар сурати надонистани забони мурофиа, аз тарафи мақомоти таҳқиқ, тафтишот, прокурор ва суд иштироки тарҷумон таъмин карда мешавад.
  7. Пинсипи ҳаматарафа, пурра ва беғаразона тафтиш намудани ҳолатҳои кор; принсипи мазкур дар моддаи 15-и Кодекси мурофиаи ҷиноятии ҶТ мустаҳкам гардида, муқаррар менамояд, ки суд, прокурор, муфаттиш ва шахси барандаи таҳқиқи пешакӣ ӯҳдадоранд, ки ҳамаи чораҳои муқаррар намудаи қонунро дастрас намуда ҳолатҳои корро ҳаматарафа, пурра ва объективона новобаста аз ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобагарии ҷиноятӣ муқаррар намояд. Талаботи принсипи мазкур пеш аз ҳама дар ҷараёни исботкунӣ муқаррар гаштааст, бинобар ин тамоми далелҳои дар парванда ҷамъовардашуда бояд ба ин талабот ҷавобгӯ бошанд.
  8. Принсипи ҳимояи судӣ. Тибқи Консититутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шахс кафолати ҳифзи судиро дорад. Вобаста ба ин мурофиаи ҷиноятӣ ин принсип чунин муқаррар менамояд, ки дар сурати аз тарафи ҳар як шахс ҳисобидашудани он, ки ҳуқуқу манфиатҳои ӯ тибқи қарор ва ё ҳуҷатҳои мурофиавиӣ суд прокурор, муфаттиш ва ё таҳқиқгари ибтидоӣ вайрон карда шудааст, метавонад аз ҳифзи судӣ истифода намояд. Яъне ӯ барои барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои вайронгардидааш дифои судӣ намуда ба ин мақомот муроҷиат намоянд. Дар Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ду моддае муқаррар шудааст, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ аз болои онҳо ба суд муроҷиат намудан иҷозат дода шудааст, ин ҳам бошад, шикоят намудан аз болои тадбиқи ҳабси пешакӣ ҳамчун чораи пешгирӣ ва тартиби дароз намудани мӯҳлати дар ҳабз нигоҳ доштан.

Моҳияти принсипҳо дар мурофияи ҷиноятӣ гуногунанд:

а) онҳо моҳият ва хусусиятҳои хоси мурофиаро ифода менамояд;

б) онҳо системаи меъёрҳои ҳуқуқии хусусияти умумидоштаро ташкил карда, таҳкурсии асосии қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ ба ҳисоб мераванд;

в) вайрон кардани талаботҳои принсипҳо асос барои бекор кардани қарорҳои қабулкарда шуда метавонанд.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама