Намунаҳо аз рубоиёт ва дубайтиҳои халқӣ

Эй дӯст, агар меҳри ту бар мо бошад,
Моро зи раҳи дур чӣ парво бошад?
Хоки раҳакут шавум замоне, ки агар
Як гӯшаи хотири ту бар мо бошад.


Кавгак сари санг мезанад қақра ба ноз,
Ёрам ба раворав асту ҷонам ба гудоз.
Эй бори Худо, дар осмон абр андоз,
Ин ёри равандаро ба ман маътал соз.


Қади сарват илоҳо хам нагардад,
Дили шодат ба даври ғам нагардад.
Дуои ман ҳамин бошад шабу рӯз,
Ки як мӯ аз сари ту кам нагардад.


Сари роҳат чароғон аст, гули ман,
Чаро ҳушат парешон аст, гули ман?
Ма ку ҳарфи баде бо ту нагуфтам,
Чаро чашми ту гирён аст, гули ман?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Зи дасти дидаву дил – ҳар ду фарёд,
Ҳар он чӣ дида бинад, дил кунад ёд.
Бисозам ханҷаре нешаш зи фӯлод,
Занам бар дида то дил гардад озод!


Ҷонона, баҳор шудаст, кай меойӣ?
Вақти гули хор шудаст, кай меойӣ?
Ту ваъда ба барфои зимистон додӣ,
Барфо ҳама об шудаст, кай меойӣ?!


Сарчашмаву боғи булбулонай, ватанум,
Хушбоду ҳавои бӯстонай, ватанум.
Як бор агар бод барад бар ватанум,
Дил пора кунум, ёди ғарибӣ накунум.


Ин бӯйи бунафша дар ҷаҳон афтодаст,
Дил дар пайи ёри меҳрубон афтодаст.
Дил мехоҳад, ки ҳар замонат бинад,
Ин роҳи дароз дар миён афтодаст.


Имрӯз манам гандумаки сабз ба дашт,
Ҳайфи умрам, ки дар ғарибӣ бигзашт.
Хешони ватан, агар маро ёд кунед,
Ҷавру ситами замона имсол гузашт.


Шамолак мевазад бар барги гандум,
Мусофир гаштаам дар шаҳри мардум.
Мусофирӣ маро дилгир кардаст,
Фалак бар гарданам занҷир кардаст.


Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҳаво ҷумла ба парвоз дароянд,
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.


Дилам решу дилам решу дилам реш,
Надорам толеъ аз бегонаву хеш.
Агар бегонаро созам ба худ хеш,
Мисоли мору каждум мезанад неш.

Рубоиёти Умари Хайём (рубоиет Хайем)


Намунахо аз рубоиёт ва дубайтихои халки, рубоиёти точик, рубои, точики бо забони точики, дубайти, дубайти аз адабиёти точик, маълумот дар бораи рубои, маълумот дар бораи дубайти.

ҚаблӣДубайтӣ чист?
БаъдӣЧистон