Дубайтӣ чист?

Дубайтӣ яке аз навъҳои қадимаи шеъри тоҷикист, ки бинобар аз рӯйи қофия ва миқдори мисраъ ба рубоӣ монанд буданаш онро бо рубоӣ омехта мекунанд, вале дар асл он жанри мустақил мебошад. Як хусусият ва фарқи муҳими рубоӣ аз дубайтӣ он аст, ки дубайтӣ бо ҳиҷои дароз cap мешавад.

Дубайтӣ асосан барои ифода намудани эҳсосоти қалбию андешаи қаҳрамони лирикӣ эҷод мешавад ва ҳамагӣ як вазни анъанавӣ дорад. Ин вазни ягонаи дубайтӣ – ҳазаҷи мусаддаси мақсур (ё маҳзуф) мебошад, ки баробари мафоилун, мафоилун фаӯлун (V – – –V – – –V – –) ду бор дар ҳар байт аст. Дубайтӣ ҳамон тавре ки аз номаш бар меояд, аз ду байт, яъне чор мисраъ иборат мебошад. Баъзан, дар дубайтӣ ҳамаи мисраъҳо ҳамқофия мешаванд. Дубайтӣ асосан чунин тарзи қофиябандӣ дорад: ааба, яъне мисраи сеюм аз қофия озод аст. Доираи мавзӯи дубайтӣ хеле васеъ буда, он шарҳи ҳол, шикоят, ҳаҷву танқид ва амсоли онҳоро дар бар мегирад, вале аксаран дубайтиҳо мазмуни ишқӣ доранд:

Диле дорам, ки аз султон натарсад,
Зи банди кундаву зиндон натарсад.
Дили ошиқ мисоли гурги гушна,
Ки гурги гушна аз чӯпон натарсад.

Дар аксари дубайтиҳо мисраи аввали он муқаддима буда, ибтидои фикри асосист. Мисраи дуюм диққати шахсро ба мақсади ифодашуда ҷалб менамояд. Мисраи сеюм мақсади дар байти аввал баёншударо хотиррасон намуда, онро тасдиқ ё рад мекунад. Дар мисраи чорум мазмуну мақсади дубайтӣ ҷамъбаст мегардад:

Нигори нозанин, ман аҳли дардам,
Сарамро гар буранд, аз ту нагардам.
Сарамро гар буранд бо ханҷари тез,
Ба хун ҷавлон занам, гирди ту гардам.


Дубайти чист?


 

Рубоӣ (Рубои чист?)

Дубайтию рубоиёт аз Халилуллоҳ Халилӣ

 

ҚаблӣРубоӣ (Рубои чист?)
БаъдӣНамунаҳо аз рубоиёт ва дубайтиҳои халқӣ