Дубайтиҳо – шеърхо аз Гулрухсор Саифиева

Дубайтиҳо аз устод Гулрухсор, шеърхо аз шоира Гулрухсор. Гулрухсор Сафиева шеърҳо / ашъор >>

Туро бо ҳар нигоҳам дӯст дорам,
Туро бо ишқу оҳам дӯст дорам.
Зи бас шому пагоҳи ман туӣ, ту,
Туро шому пагоҳам дӯст дорам.

Зи сад ошиқ дуъо дорад дили ман,
Зи сад ориф сано дорад дили ман.
Ба сони мушти ман хурдаш набинед,
Ҷаҳон дар хеш ҷо дорад дили ман.

Агар савдо набошад сар чи ҳоҷат,
Агар дунё набошад дар чи ҳоҷат.
Ту дил дорӣ, валекин сарду бедард,
Дили беишқу беахгар чи ҳоҷат.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Агар дар дил набошӣ, дар забонӣ,
Агар оқил набошӣ, шодмонӣ.
Агар боре зи ғам хандида бошӣ,
Ту дарди хандаҳои ман бидонӣ.

Баробар бо қади худ ёр дорӣ,
Надорӣ ғам, вале ғамхор дорӣ.
Ту, кӣ аз худ гурезӣ чун зи оташ,
Куҷо парвои Гулрухсор дорӣ.

Ба боғи ғам гули савсан нарӯяд,
Ба сӯзи нав ба ҷуз шеван нарӯяд.
Ба марзи барфбоди номуродӣ,
Гарам доне фитад, бе ман нарӯяд.

Зи худ пеши Худо бояд гиристан
Хамӯшу бесадо бояд гиристан.
Барои мурдаҳо ашкам намонда,
Барои зиндаҳо бояд гиристан.


Маъние нест дар ин маънии бе ту будан
Бе ту сарсабзу ҷавон будану хушрӯ будан.

Бе ту гул будану гул чидану гул коридан,
Бе ту дил додану дил бурдану дилчӯ будан

Бе ту чун ток ба тори тани худ печидан
Бе ту хандидану бишкуфтану ҷоду будан.

Бе ту аз ашк гухар сохтану пошидан
Бе ту ғам хурдану кам гаштану дилрӯ будан

Хандаи ғунча магар фалсафаи маънӣ нест
Аз ҳаросонии нашкуфтану тарсу будан.

Ишқро ҳаст агар маънии беш аз маънӣ
Маъние нест дар ин маънии бе ту будан.


ҶУФТИ ТАНҲО

Шоири танҳоиям, афсона афсуни ман аст,
Ошиқи танҳоиям, ҳар тоқа мафтуни ман аст.

Зодаи як ҷуфти танҳоям зи танҳоии ҳузн,
Вориси танҳоиям, ин заҳр дар хуни ман аст.

Сарнавишти саркашам, танҳоии танҳои ман,
Сарвати бебаркаши бечора Қоруни ман аст.

Тоате аз пардабардории зулмонии нур,
Ояте аз ҳолати дамсӯзи Маҷнуни ман аст.

Хоҳиши осоише аз ғамкуше, аз худкуше,
Нағмае аз сахмаи шодии маҳзуни ман аст.

Ман ба танҳоии худ танҳо ибодат мекунам,
Дар дили танҳоии ман шаҳраги хуни ман аст.

Назми танҳоии ман рамзи арӯзи зиндагист,
Шеъри ман фарёди танҳоофари хуни ман аст.


Ҳар лаҳзаи умри худ ғанимат донам,
Дилгармии хеш аз муҳаббат донам.
Гуянд,ки ашки духтарон арзон аст,
Ман қатраи ашки хеш қиммат донам

Шукронаи ошиқона боз омаданат,
Шамсонаву орифона боз омаданат.
Бе ишқи ту шеъри ман шиор аст, шиор,
Шукронаи аз фасона боз омаданат.

ҚаблӣСтруктураи кори шабака. Шабака, интернет ва протокол
БаъдӣЁрии аввалин ҳангоми зарар дидани скелет