Шарафи одамӣ аз илм аст

Инсон мисли ҳар як мавҷуди дигари худовандӣ пас аз арзи вуҷуд намудан давраи камолотро сипарӣ мекунад, камолоти ҷисмонӣ ва камолоти маънавӣ. Камолоти ҷисмонӣ хоси ҳама махлуқот аст. Вале камолоти маънавӣ бузургтарин неъмати илоҳист, ки ба инсон ҳадья шудааст. Зеро инсон дорои ақлу хирад аст ва тавассути хиради хеш ҷаҳонро бо тамоми мазоҳиру падидаҳои печдарпечу мухталифу пуртаззодаш доинста мегирад.

Инсон ҳамчун хулосаи ҳастӣ аз замоне, ки худро мешиносад ба шинохту маърифати ҷаҳон оғоз мекунад.

Барои кӯдаке, ки навакак забон кушодаву нахустин калимаҳоро ёд гирифтааст, ҳама чиз шигифтангезу ҳайратовар аст. Тулӯи хуршед, дурахшиши моҳу ситораҳо, осмони нилӣ, раъду барқ, ҳаракати васоити нақлиёт, хуласи калом ҳама чиз тозаву шавқангез ва пурсишзо мебошад. Саволҳои зиёде дар пардаи зеҳни кӯдак фурӯрез мешавад.

Ӯ ба ҳар як пурсиш посух мехоҳад. Ба дигар сухан дар чунин ҳангоме барои кӯдак шинохту маърифати ҷаҳони перомун оғоз мегардад. Оҳиста – оҳиста волидайн, ки дар амри шинохту ошноии кӯдак ба падидаву рухдодҳои перомун ёварони мустақим буданд дар ин росто худро нотавон эҳсос мекунанд. Зеро шавқу ҳавас, кунҷковии кӯдак манбаву сарчашмаҳои нерӯмандеро тақозо мекунад. Ин аст, ки китоб, илм, маърифат ба кӯмак мешитобад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Кӯдак оҳиста оҳиста худ ба камол мерасад. Ба саволҳои худ ҷавоб пайдо мекунад. Аз паси ҷустуҷӯи он мегардад. Асрори онро равшан мекунад. Барои худ саҳифаи нави ҳаёт – саҳифаи илмро мекушояд. Ин саҳифаи ҳаёти инсонӣ барои инсоният тазоди наверо ошкор мекунад. Ақлу хиради онро дучанд мегардонад. Барояш олами наву рангинеро боз менамояд. Қадри ӯро дучанд мегардонад. Қадри ӯро ҳамон илме дучанд мегардонад, ки Ю.А.Гагаринро машҳури ҷаҳон гардонида буд, ҳамон илме қадри ӯро дучанд мегардонад, ки одамонро сазовори ҷоизаи Нобелӣ гардонида буд. Илме, ки бо китоб алоқам андии ногусастанӣ дорад. Китоб худ маҳсули хираду зеҳни ҷӯяндаи инсон аст. Ӯ ба хотири он, ки донишҳои андӯхта, андешаҳову афкори хешро ҳифз намояд, умр бахшаду ба ояндагони хеш интиқол диҳад, ҳарфу ҳиҷо эҷод намуд, сипас қоғаз офарид ва ба василаи он китоб сохтанро омӯхт.

Мисли ҳама ихтирооту офаридаҳои инсон ба гумони мо арзишмандтаринаш китоб аст. Маҳз тавассути сатрҳои бонизоми китобҳост, ки инсон бо пешгузаштагони худ мусоҳиб мегардад, садои онҳоро мешунавад, бо донигшу хиради эшон, бо мушкилоте, ки онҳоро гиребонгир будааст ошно мешавад. Аз он меомӯзад, захираи маънавии худро ғанӣ меардонад.

Ҳар қавму миллате ба андозаи пешинаи таърихии худ соҳибкасб аст. Мероси хаттие, ки аз ниёгони мо ба ёдгор монда, ниҳоят гаронсанг аст. Меросе, ки фарогири риштаҳои мухталифи илму дониш аст. Сарчашмаи зояндаи илму маърифат аст.

Мо насли ҷавон бояд ба ин ин ёдгории бузурги гузаштагони худ, ки онро илмаш ном бурдаанд, рӯй оварем. Зеро қадру манзалати инсонӣ аз илми ӯ бошад. Беҳуда нест, ки Ибн Синои ҷавон дар синни нуздаҳсолагӣ бо табобати амир табибони дигарро, ки аз ӯ бузург буданд, маҷбур намуд ӯро эътирофаш намоянд ва ҳатто аз ӯ омӯзанд. Аз ин рӯ, он чиро, ки аз зеҳни пешиниёни мо дар саҳифоти китобҳо боқӣ мондааст биёмӯзем ва барои расидан ба ин ҳадаф лозим аст хубтару беҳтар алифбои ниёгонро фаро гирифта, рӯй ба илму маърифат орем.

Рост аст, ки имрӯз инсоният аз нигоҳи фанниву техникӣ бо сурьати кайҳонӣ пешрафт мекунад. Риштаи информатика, соҳаи компютер бо тамоми зарфияташ дар матни зиндагии мо нуфуз мекунад. Ин боиси хурсандист. Вобаста ба ин мо бояд аз зиндагӣ, аз истифодаи комёбиҳои илмӣ қафо намонем. Аммо дар радифи ин ҳаргиз даст аз амалӣ намудани маҳсули илми худ дар амалия нагирем. Зеро илм чизест, ки такмили худро, пешрафти худро, инкишофи худро металабад.

ҚаблӣТавонгарӣ ба ҳунар аст на ба мол…
БаъдӣШарму ҳаё зиннати инсон аст