Интернет ва истифодаи дурусти он аз ҷониби ҷавонон

Интернет ва истифодаи дурусти он аз чониби чавонон


Интернет дар айни замон як махзани бузургест, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро дар бар гирифтааст. Ҳар як шахс метавонад бо роҳи ҷустуҷӯ аз системаҳо (манбаҳо)-и ҷустуҷӯкунанда маълумотҳоеро пайдо намояд, ки соатҳо дар китобхонаҳо дар ҷустуҷӯи он ранҷ мекашад. Мо имрӯз метавонем дар бораи ҳар як сиёсатшиноси барҷаста, олиму шоир, нависандаю драматург, намудҳои китобҳои дарсӣ, китобҳои бадеӣ ва адабиётҳои гуногун дар шакли электронӣ ба осонӣ ва бе ҳеҷ харҷи иловагӣ дар ҷои нишасти худ маълумоти заруриро пайдо намоем.

Бо пайдоиши интернет тарзи нави муошират рӯйи кор омад, ки онро муоширати шабакавӣ низ мегӯянд. Ин тарзи муошират имрӯз дар байни тамоми табақаҳои аҳолии руйи замин, хусусан наврасон ва ҷавонон, хеле маъмул ва машҳур буда, онҳо аз он ҳар лаҳза истифода мебаранд. Барои амали гардонидани ин мақсад барномаҳои зиёде офарида шудааст, ки ҳар кадоми онҳо дар барқарор намудани тарзи муайяни муошират саҳми арзанда дорад.

Дар байни наврасону ҷавонон бештар барномаҳое маъруфанд, ки онҳо муоширати байни ин табақаи аҳолиро дар реҷаи вақти воқеӣ (on-line) таъмин мекунанд. Онҳо бо ёрии ин барномаҳо аз масофаҳои гуногун бо якдигар шиносоӣ пайдо намуда, мукотиба барқарор мекунанд ва ҳатто дар реҷаи онлайн тавассути дурбинҳои компютерӣ гуфтугӯй рӯ ба рӯ анҷом медиҳанд.

Ҷавонон, хусунан баъзе наврасони мактабхон ва қисме аз донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, ҳангоми муошират дар Интернет ба даѓалӣ ва беодобӣ роҳ медиҳанд. Бояд тазаккур дод, ки ин тарзи муошират ва муносибат мақбул нест. Онҳо бояд ёд дошта бошанд, ки муоширати байнашон дар шабака амали мешавад ва онро ҳар як корбари эҳтимолии шабака имконияти хондан, шунидан ё дидан дорад. Шабака моли омма ва дастраси умум аст.

Азбаски муоширати шабакавӣ дар масофаи муайян баргузор мегардад, бинобар ин имкониятҳои худидораи ҳамсуҳбатон бо якдигар баробар аст. Аз ин рӯ, ҳангоми муошират дар шабака риоя намудани меъёрҳои мукотибот ва сӯҳбататонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш кардан лозим нест.

Муоширатро тибқи одобу ахлоқи башарӣ ба роҳ мондан зарур аст, ки онро одоби муоширати шабакавӣ меноманд. Одоби муоширатро дар мавридҳои зерин қатъиян риоя бояд кард:

– ҳангоми муоширати онлайн (чат);

– ҳангоми кор бо почтаи электронӣ;

– ҳангоми иштирок дар телеконфронс.

Тарзи муошират дар чат:

-ҳангоми муҳокимаи баъзе масъалаҳо дар шабака робитаи воқеи барқарор намудан лозим меояд;

– низоми муоширати онлайнӣ як навъ робитаи шабакавӣ буда, ба корбарон имконият медиҳад, ки байни худ дар реҷаи вақти воқеӣ мубодилаи иттилоот намоянд;

– муошират дар чат як тарзи озод ва демократии сӯҳбат дар шабака аст.

Қоидаҳои муошират:

1. Истифодаи забони гуфтугӯие, ки аксарият бо он сӯҳбат мекунанд.

2. Пайѓомҳои оддӣ ва фаҳмо равон кардан.

3. Аз мавзӯи сӯҳбат беҳуда берун нарафтан.

4. Аз истифодаи забони кӯчагӣ ва ибораҳои қабеҳ худдорӣ намудан.

5. Дар мавриди писанд наомадани ҳамсӯҳбат муоширатро қатъ гардонидан (яъне чатро тарк гуфтан).

Почтаи электронӣ яке аз шаклхои аввалини муошират дар шабака ба хисоб меравад.

Почтаи электрони (E-mail) гуфта, низоми мубодилаи мутобикро байни корбарони шабакаи телекоммуникатсионӣ меноманд. Мукотиба дар почтаи электрони метавонад характери кори ё хусуси дошта бошад.

Қоидаҳои мукотибот:

– мақсадро мухтасар баён намудан;

– танҳо дар идораи мавзӯи муайяншуда пайѓом навиштан;

– пайѓомро бе ѓалат навиштан;

– ба иззати нафси гирандаи мактуб нарасидан;

– нисбат ба гирандаи мактуб бо эҳтиром будан;

– дар баргардонидани ҷавоби мактуб бо эҳтиром будан;

– парвандаҳои ҳаҷман калонро пас аз бойгонисозӣ замима гардондан;

– дар интиҳои мактуб ному насаби худро (имзо) қайд кардан.

Тарзи муошират дар телеконфронс

Яке аз шаклҳои дигари муошират ин муоширати шабакавӣ (телеконфронс) мебошад. Тарзи корбари дар телеконфронс бо тарзи корбари бо почтаи электронӣ монанд аст.

Телеконфронс низоми мубодилаи иттилоотӣ байни корбарони шабака дар мавзӯи муайян аст, ҳангоми баргузории телеконфронсҳо муошират дар шаклҳои корӣ, илмӣ, тарбиявӣ, фароѓатӣ ва дӯстона метавонад амалӣ гардонида шаванд. Дар ҳаргуна ҳолат қоидаҳои зеррини муоширатро риоя бояд намуд:

Ба андешаи ҳамсӯҳбатон эҳтиром гузоштан, ҳатто агар онҳо бо ақидаи шумо номувофиқ ҳам бошанд.

Андешаи худро кӯтоҳ баён намудан.

Аз мавзӯи сӯҳбат берун нарафтан.

Дурустии фикри худро исбот кардан.

Худнамоӣ накардан.

Ҳамсӯҳбатонро таҳқир накардан.

Ба ин хотир имрӯз мо бояд тамоми кӯшишро ба харҷ дода роҳҳои омӯзиши дурусти интернет ва одоби суҳбат дар онро пешниҳод намоем, то ин ки истифодабарандагон аз он манфиати бештар бардоранд.

Манучеҳр Сангов – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ

ҚаблӣРаъду барқ (чанд факти ҷолиб)
БаъдӣЭй дилбари нозанини қадрас (шеър)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед