Сифати феълии замони ҳозира

Сифати феълии замони ҳозираро дар забони англисӣ “The present participle I” меноманд. Ҳамчунин онро бо рақам ифода намуда, “Participle I”, яъне сифати феълии якум низ ном мебаранд. Сифати феълии замони ҳозира дар забони англиси шакли тасрифнашавандаи феъл ба шумор рафта, он дар натиҷаи ба асосӣ феълӣ ҳамроҳ кардани бандаки “ing” ба вучуд меояд.

Ба ибораҳои зерин ва тарҷумаашон нигаред: the sleeping boy – бачаи хобида, бачае, ки хобидааст. the dancing girl – духтари рақсида истода, духтаре, ки мерақрад.

The sleeping boy is my brother.

  1. Бачаи хобида бародари ман аст.
  2. Бачаи хобидагӣ бародари ман аст.
  3. Бачае, ки хобидааст, бародари ман аст.

Чӣ хеле ки аз мисолҳои боло дида истодаед, якчанд роҳи истифодаи сифати феълӣ дар забони англисӣ ва инчунин якчанд намуди тарҷумаи он дар забони модарии мо вуҷуд дорад. Сифати феълии замони ҳозираи забони англисӣ дар ҷумла метавонад, ки якчанд вазифаро иҷро намояд. Лек дар ин дарс мо онро дар вазифаи муайянкунанда мебинем. Ҳоло истифодаи сифати феълии замони ҳозираро бо феъли “to have” аз назар мегузаронем.

The cat running in the street has a long tail.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ин пишаке, ки дар куча медавад, думи дароз дорад.

The boy going to the shop hasn’t a bag.

Бачае, ки ба дукон меравад, сумка надорад.


Мисолҳои дигар:

The children playing in the yard have white sneakers.

The woman sitting on the bench has got a beautiful umbrella.

The girl coming from the shop hasn’t many books.

The workers standing near the tree have three spades.

The cat sleeping under the chair has three kittens.

The baby smiling in the crib has got an interesting toy.

The running dog has a bone in its mouth.

The swimming girls have two big balls.


Рӯйхати мавзӯҳои забони англисӣ дар инҷо >>ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Маводҳои омӯзишӣ, факту далелҳои ҷолиб, панду андарз, ин ҳама дар инҷо >>МАҚОЛАҲО

ҚаблӣИбораи “have got” (доштан) дар забони англисӣ
БаъдӣФеълҳои асосӣ, ки дар забони англисӣ зиёд истифода мешаванд