Шеър дар бораи одоб (адаб)

Байту шеърхо дар васфи адаб (одоб)

Надонам, к-ин ҳама тарки адаб чист?
Ҳади худро намедонӣ, сабаб чист?

Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой,
Зи ҳар ҷониб, ки хоҳӣ дар миён ой.

Адаб ороиши афъол бошад,
Адаб осоиши аҳвол бошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фурӯғи зоҳир1 аз ороиши ӯст,
Фароғи ботин2 аз осоиши ӯст.

Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамол аст,
Баҳоре дар камоли эътидол3 аст.

Ҳама корат ба қадри хеш бояд.
Зи қадри худ на кам, на беш бояд,

Ба ин мизон, агар худро бисанҷӣ,
Наранҷанд аз туву худ ҳам наранҷӣ.

Чу биншинӣ, чунон бояд, ки шояд,
Чу бархезӣ, чунон шояд, ки бояд.

Чароғи дида шаб ҷое маяфрӯз,
Ки гардад тира, чун равшан шавад рӯз.

Сухан бо маҳрамон бояд чунон гуфт,
Ки бо ағёр4 дар маҷлис тавон гуфт.

Чаро сомеъ5 ниҳад бар нуқтае гӯш,
Ки бояд кардаш аз хотир фаромӯш?

Манеҳ бар ҳарфи кас зинҳор ангушт,
Ки афтад чун қалам ангушт аз мушт.

Чаро ҷое қадам бояд ниҳодан,
Ки он ҷо бе маҳал бошад ситодан.

Адабро раҳбари кӯйи талаб кун,
Вагарна нафси саркашро адаб кун.

Адаб дар анҷуман шамъи мунир6 аст,
Далели покии мо фи-замир7 аст.


Луғат

  • Фурӯғи зоҳир – зебогии зоҳир, ороиши зоҳир.
  • Фароғи ботин – оромии ботин, осудагии ботин.
  • Эътидол – муътадилӣ, мавзунӣ.
  • Ағёр – ғайр, бегона, ношинос.
  • Сомеъ – шунаванда.
  • Шамъи мунир – шамъи равшан.
  •  Фи-замир – аз таҳти дил.

АДАБ — Хазинаи маърифат

Адаб ҳусни инсон аст

ҚаблӣСад ҷон фидои дӯст (шеър)
БаъдӣДухтари муқаддас (Асари Мирзо Турсунзода)

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед