Духтари муқаддас (Асари Мирзо Турсунзода)

духтари точик, точикдухтар, тожикдухтар

«Ин духтар аз хонадони сарватмандест ва ӯро як вақте ба домодшавандаи шашсолае гаҳворабахш карда буданд. Лекин ӯ роҳи дигареро интихоб намуд. Ӯ мактабро тамом карда буд, бинобар ин чун дид, ки падару модараш зиндагии ӯро барбод доданӣ ҳастанд, қарор дод, ки аз ҳукми онҳо сар тобад, чунки ин кори онҳо аз рӯйи адолат нест. Вай худро озод ҳисоб кард. Вай як пӯсти паланг ва як пӯсти бабрро гирифту китобҳои дарсӣ ва баъзе чизҳои худро печонида, аз хонаи худ рафт.

Вай сар то сари мамлакатро тай карда, танҳоӣ меҷуст. Ниҳоят ба Кашмир омад ва дар як ғор манзил гирифт. Хӯрокаш пиёзи ёбоӣ, решаҳои хӯрданӣ ва мева буд. Лекин ӯ хонданашро давом медод.

Баъд ӯ ба Лоҳур фаромад ва ба донишгоҳ дохил шуд. Пас аз тамом кардани донишгоҳ боз ба ғори худ рафт.

Вале ӯро ҷустуҷӯ карда ёфтанд ва гуфтанд, ки ба хона  равад, вагарна зӯран хоҳанд бурд. Лекин духтар иродаи маҳкам дошт ва хост, ки аз роҳаш нагардад. Чун дид, ки ӯро зӯран аз роҳаш гардонданӣ ҳастанд, пиёда ба Деҳлӣ ба назди Маҳатма Ганди омад. Ӯ ба Маҳатма Ганди гуфт: – «Ман дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ҳастам!». Маҳатма Ганди дарди дили ӯро гӯш карду гуфт: «Касе дар Ҳинд бояд ба ин духтар кордор набошад, ӯ бояд мувофиқи табъи дили худ зиндагӣ кунад».

Давоми матн пас аз блоки реклама

Баъд рӯҳониёни файласуф ӯро санҷиданд ва диданд, ки ӯ дар ҳақиқат самимона ба роҳи камолоти маънавӣ қадам гузоштааст. Он гоҳ онҳо ба ӯ шаҳодатномае доданд, ки ӯ ҳақ дорад худро «Духтари муқаддас» номад ва дар кадом маҷлис, ки хоҳад, расман суханронӣ кунад.

Онҳо додани чунин шаҳодатномаеро аз он сабаб зарур шумориданд, ки ин духтарро аз фиребгарони сершуморе, ки саросари Ҳиндустон шаҳр ба шаҳру деҳ ба деҳ гашта, чашмбандӣ мекунанд ва низ худро муқаддас меноманд, фарқ кардан осон шавад.

Пас, ӯ ба ҳаракати тарафдорони сулҳ дар Ҳиндустон иштирок мекардагӣ шуд. Баъд ба Вена, ба Конгресси муҳофизати сулҳ рафт ва пас аз он ба Москва сафар кард.

Ин зан дар Ҳиндустон хеле машҳур аст. Суханони зеринро ӯ гуфтааст: «То он вақте ки дар кӯчаи шаҳру деҳоти Ҳинд одамон мехобанд ва аз гуруснагӣ ҷон медиҳанд, то он вақте ки ин қадар бойҳо дар қасрҳо зиндагонӣ мекунанд, то он вақте ки дар Ҳиндустон гадое ҳаст, ман ба таърифи ҳукуматдорон калимае нахоҳам гуфт».

Чунин аст саргузашти «Духтари муқаддас», ки Н.Тихонов ҳикоя кардааст.

Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,
Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд.
Ҷустуҷӯ мекард он инсофро,
Осмони софи кӯҳи Қофро.
Олами аз шӯру ғавғо покро,
Рӯҳпарвар, тозаву тар хокро.
Дӯстиро, чеҳраҳои бозро,
Бомдоди рӯзи некоғозро.
Чашми ақли худ ба олам чун кушод,
Аз ҷафобинӣ ба дод омад, ба дод.
Рӯйи он мисли гули пажмурда шуд,
Дар даруни сина дил афшурда шуд.
Рӯз аз рӯз об мешуд мисли мум,
Ғам ба ӯ мекард чун оташ ҳуҷум.
Чун ба дар мебаст чашми интизор,
Ёд мекард аз суханҳои Тагор:1 «
Ҳар қадар занҷир гардад тангтар,
Тоб вақти кашмакаш н-орад дигар».
Худ ба худ мехонд «Банди мотарам»2:
«Оби Ганга3 ошиқи хокистарам».
Кӯҳи сабр акнун чу вулқон гашта буд,
Чашми дарёи хурӯшон гашта буд.
Чанд – Бибиро4 ба хун оғӯшта дид,
Дар муқобил душманонро кушта дид.
Хост чун боде, ки ояд аз дара,
Дар биёбон паҳн гардад яксара.
Аз дамаш рӯбад хасу хошокро,
Пок созад, пок рӯйи хокро.
Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,
Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд.
Аз нишастан, сабр кардан ор кард,
Хешро дар кӯчаву бозор кард.
Кулбаи вайронаро партофт, рафт,
Бахти нопайдои худро кофт, рафт.

Интизорӣ (Порча аз достони «Чароғи абадӣ»)

Кӯчаву бозор пур буд аз гадо,
Аз гапи «бахшишу»5 аз дарвешҳо.
Тарк карда одамон Банголаро,
Ҳавлию гову бузу бузғоларо.
Ҳиндӣ аз дасти мусулмон дар азоб,
Худ мусулмон аст бо ҳоли хароб.
Як ҳавову як замину обро,
Як макон, як ҷойи хӯрду хобро.
Як ғаму андуҳро, як дардро,
Як садои дил, як оҳи сардро.
Ғайр – бевиҷдон ба ду тақсим кард6,
Мамлакатро ҷойи хавфу бим кард.
Духтари ҳиндӣ ба ҳар сӯ чашм дӯхт,
Ҳар нигоҳаш чун шафақ афрӯхт, сӯхт.
Монда буд хомӯш тӯпи «Замзама»7,
Гӯшро кар карда «Султон Ҷамҷама».
Дид он тӯфони моҳи ҳутро8,
Ҳам кафан, ҳам гӯр, ҳам тобутро.
Шуд ба чашмаш мисли иблиси палид,
Сояи ғафси Маунбеттен9 падид.
Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,
Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд.
Кард аз Лоҳури пурдаҳшат фирор,
Чун рамида сайд сӯйи кӯҳсор.
Орзуи гӯшаи Кашмир10 кард,
Шиква аз бераҳмии тақдир кард.
Хост хилватгоҳ дар вайронае,
Бутпарастию ибодатхонае.
Хост, ки дигар набинад рӯзро,
Чеҳраи бадхоҳи оламсӯзро.
Хост пӯшад рӯйро аз Офтоб,
Чун маҳи афтода дар зери саҳоб.
Нашнавад бо гӯш фарёди касе,
Ғингаси занбӯру овози касе.
Хост, ки маҳфуз дорад нангро,
Баста дар дил аз қаноат сангро.
Рӯ ниҳод бар Шива11 бо аҷзу ниёз,
Бошад он чун уд дар сӯзу гудоз.
Монда духтар дастро болои даст,
Дар ибодатхона чандин маҳ нишаст.
Халқро машҳур нақли тоза шуд,
Чун муқаддас духтаре овоза шуд.
Карда дар бар пӯсти бабру паланг,
Гоҳ берун шуд ба дашти сабзранг.
Гоҳ мисли соя дар шабҳои тор,
Мулкро мекард он гаштугузор.
Ҷустуҷӯ мекард қути лоямут,
То каме ором созад нафси худ.
Аз тамошо чашм мепӯшид он,
Чун дили саҳро намеҷӯшид он.
Лек дуздида дили онро ба худ,
Зинати Кашмир мафтун менамуд.
Бод меовард аз «Боғи насим»12,
Дар саҳаргоҳон димоғашро шамим13.
Дасти рассоми табиат дилрабо,
Чун арӯс ороста Кашмирро.
Кӯҳи барфин – оби ширин дорад он,
Чашмаву рӯди булӯрин дорад он.
Абр агар аз осмон борон диҳад,
Аз замин гул шаддаи марҷон диҳад.
Осмонаш чун гилеми рангае,
Ё ба мисли лаълии пуртангае.
Пас чӣ сон дилро набандад ҳусни он,
Бо ҳазорон шаъшаа, бе ресмон!
Лаънат он касро, ки созад бо итоб,
Ин латофат, ин зарофатро хароб!
Духтари ҳиндӣ яроқи ҷанг дид,
Вақти сайру гашт тӯпу танк дид.
Лашкари бегона дар он ҷо шудаст,
Зинати Кашмир зери по шудаст.
Дуди танк, айроплан, дуди матор,
Ҳалқа мезад дар фазои беғубор.
Духтари ҳиндӣ ба хашм омад, ба хашм,
Боз шуд чун мош онро ҳар ду чашм.
Чун нидо, чун огаҳӣ, ҳамчун қасам
Ин суруд омад ба гӯшаш дам ба дам:
«Лолаҳо бигзор, дар Кашмири мо
Доимо бошанд дар нашъунамо14.
Обҳо бигзор ҷӯшанду даманд,
Чун сафедӣ дар уфуқ – субҳи баланд.
Мо, вале ҷонсахт мардон мерасем,
Мисли санги кӯҳсорон мерасем.
То ки рӯзи имтиҳон, рӯзи ҷидол
Хам насозад қомати моро шамол».
Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,
Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд.
Боз дунболи раҳи дигар гирифт,
Роҳи одамгарди Амритсар15 гирифт.
Гашт дар шаҳру ба ҳар кас гӯш кард,
Лаб фурӯ басту нафас хомӯш кард.
Шаҳр буд, аммо пур аз овози халқ,
Аз чапакҳои фалакандози халқ.
Дар миёни кӯчаву бозорҳо,
Дар дами дар, дар таги деворҳо.
Одамон дар коғаз имзо мекунанд,
Сулҳро ташвиқу илқо мекунанд.
«Сулҳ-мегуфтанд, ки, – омоли16 мост,
Навбаҳори чор фасли соли мост.
Сулҳ истиқболи фарзандон бувад,
Хотири ҷамъи кӯҳансолон бувад.
Сулҳ бошад, бигзарад нон бемалол,
Аз гулӯи халқ дар ҳар гуна ҳол.
Адлро барпо кунад паймони сулҳ,
Бахтро парво кунад даврони сулҳ».
Духтари ҳиндӣ ба гапҳо гӯш кард,
Пайкараш ларзиду тобу тӯш кард.
Кӯчаҳоро хӯрда кард аз рафтуо,
Мешунид аз халқ як гуна нидо.
Менависад номи худ дар ҳар қадам,
Ҳар яке бо нӯги ангушту қалам.
Тӯдаеро кам-камак наздик шуд,
Сулҳҷӯро аз пайи табрик шуд.
Духтаре, ки адлро уммед дошт,
Бо қалам дар коғаз имзоро гузошт.
Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,
Олам аз таърихи он огоҳ шуд.
Аз Ватан, аз сарзамини модарӣ,
Рафт берун, дид мулки дигаре.
Дид кишварҳои гуногуни даҳр,
Сулҳпарварҳои рӯзафзуни даҳр.
Дар забон, дар ғоя, мазҳаб мухталиф,
Аз пайи сулҳанд, аммо ҳамрадиф17.
Дид як роҳи сафеди сулҳро,
Қалъаву қулфу калиди сулҳро.
Конгресси Вена18 оғӯшаш намуд,
Сулҳро чун ҳалқа бар гӯшаш намуд.
Мисли як уммеди дерин Москва,
Орзуву хоби ширин Москва.
Такягоҳи сулҳҷӯён Москва,
Иттифоқи дӯстдорон Москва.
Шаҳри бемонанди пуршон Москва.
Ҷони дунё, ҷони инсон Москва.
Пойтахти мулки аъзам Москва,
Дар вафову аҳд маҳкам Москва.
Ҳиндудухтарро саодатманд кард,
Меҳмон бинмудаву хурсанд кард.
Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,
Олам аз таърихи он огоҳ шуд.


Луғат

  • Тагор – Робиндранат Такур (1861-1941), нависандаи бузурги Ҳинд.
  • «Банди мотарам» – «Суруд дар бораи ватан», асари нависандаи бузурги Ҳинд.
  • Ганга – Ганг, яке аз калонтарин дарёҳои Ҳиндустон, ки обаш муқаддас ҳисоб мешавад ва мурдаро сӯхта, хокистарашро ба ин дарё меандозанд.
  • Ҷанд-Бибӣ – зани ҳинду, ки ба муқобили Акбаршоҳ (1556-1605) ном подшоҳи мусулмони Деҳлӣ қаҳрамонона ҷангида ҳалок гардидааст.
  • Бахшиш – садақа, чизе, ки ба гадоён дода мешавад.
  • Ин ҷо воқеаи соли 1947 дар назар дошта шудааст, ки мустамликадорони Англия Ҳиндустонро ба ду давлат – Ҳиндустон (давлати ҳиндувон) ва Покистон (давлати мусулмонон) тақсим намуданд.
  • «Замзама» ва «Султон-Ҷамҷама»-номи тӯпҳое, ки ҳоло дар майдони шаҳри Лоҳур истодаанд ва як вақтҳо онҳоро ба муқобили истилогарон истифода бурдаанд.

Мирзо Турсунзода (1911 – 1977)

  • Ҳут – охирин моҳи соли шамсӣ, (аз 18 феврал то 21 март).
  • Маунбеттен – ноиби подшоҳи Англия, ки то соли 1947 ҳокими Ҳиндустон буд.
  • Кашмир – вилояте, ки дар шимоли Ҳиндустон воқеъ аст.
  • Шива – худои ғазаб, фариштаи ҷазо дар таълимоти динии ҳиндувон.
  • Боғи насим – номи боғи қадимиест дар Кашмир.
  • Шамим – бӯй, бӯйи хуш.
  • Суруди халқии кӯҳистони Кашмир.
  • Амритсар – пойтахти Кашмир.
  • Омол – орзу, хоҳиш.
  • Ҳамрадиф – ҳамфикр, ҳамроҳ.
  • Конгресси сулҳ дар соли 1952 дар пойтахти Австрия, шаҳри Вена баргузор гардида буд. Ин ҷаласаи олиро Комитети умумиҷаҳонии сулҳ барои муҳофизати сулҳи пойдор ташкил намуда буд.

Мулоқоти якум (Порча аз достони «Чароғи абадӣ»)


Духтари мукаддас (Асари Мирзо Турсунзода), Духтари хинди адолатхох шуд, Аз баду неки чахон огох шуд, духтари мукадаси хинди, асари Мирзо Турсунсзода, М. Турсунзода

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед