Бавуҷудоии давлат / Бавучудоии давлат

Бавуҷудоии давлат / Бавучудоии давлат


Пешвоёни қабилаҳо ва ашрофон ҳамқавмҳои худро қарздор карда, ба тобеони худ табдил медоданд. Аъзоёни ҷомеа аз рӯйи дороӣ мунтазам ба табақаҳо тақсим шуданд. Ба табақаҳо тақсимшавии ҷомеа сабаби ба вуҷуд омадани давлат шуд. Як қисми давлатҳои аввалин ғуломдорӣ буданд. Дар ин давлатҳо замин, устохонаҳои косибӣ, ҷангал, тиҷорат, сарвати мамлакат ва ғуломон моликияти ғуломдорон буданд ва ин давлатҳо асосан ба ғуломдорон хизмат мекарданд.

Барои идора кардани давлати ғуломдорӣ аз лашкар, посбо-

нон, миршабон, зиндонҳо, зиндонбонҳо ва ғайра истифода бурда  мешуданд. Давлат ва ғуломдорон ба мардум андоз бор карда, меҳнати маҷбурии бепули ғуломонро ба роҳ монда қонунҳои давлати ғуломдориро ба нафъи худ таҳия ва истифода мекарданд.

Расми 20. Зарфи нуқрагин
Расми 20. Зарфи нуқрагин

Дар ҳамин давра давлатҳое низ ташкил ёфтанд, ки ғуломдорӣ набуданд. Бо мурури замон ин давлатҳо ба давлатҳои феодалӣ табдил  ёфтанд. Мардум дар ин давлатҳо ба табақаҳои сарватманд ва камбағал тақсим шуданд. Дар давлатҳои феодалии дунёи қадим ҳокимият дар дасти феодалҳо буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамин тариқ, ҷамоаи ибтидоӣ барҳам хӯрда, ба ҷойи он давлатҳо ба вуҷуд омаданд  ва инсоният ба давраи таърих ворид гардид.


Муфассал >>

ҚаблӣБарҳамхӯрии ҷамоаи ибтидоӣ / Бархамхурии  чамоаи  ибтидои
БаъдӣСолшумориҳо ва тақвимҳо. Солшуморӣ дар таърих