Сайидо Насафи

Саййидои Насафӣ

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Саййидо

Саййидои Насафӣ яке аз шоирони машҳур буда, дар миёнаҳои нимаи аввали асри XVII дар Насаф (Қаршӣ) таваллуд ёфтааст. Соли таваллудаш дақиқ маълум нест. Солҳои кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоии ӯ дар Насаф гузаштаанд. Баъдтар Саййидо ба Бухоро омада, таҳсилро дар мадраса давом медиҳад. Баъди хатми мадраса ба зодгоҳаш барнагашта, то охири умраш дар Бухоро мемонад. Ӯ худаш бофанда буд. Бинобар ин, баробари шоирӣ ба касби бофандагӣ ҳам машғул шуда, зиндагияшро таъмин мекард.

Қисми зиёди шеърҳои Саййидо дар солҳои 70-уми асри XVII эҷод гардидаанд. Дар ин давра ӯ бо ҳаёти косибону ҳунармандон аз наздик шинос шуда, доираи ҷаҳонбинияш васеъ мегардад. Шеъри Саййидо дар дили халқ хеле зуд ҷо мегирифт, зеро бо мазмуни ҳаёти иҷтимоӣ, содагии баён ва санъати баланди бадеият манфиати табақаи заҳматкашон, бахусус, косибонро ифода мекард. Аз ин лиҳоз, обрӯ ва эътибори ӯ дар байни оммаи заҳматкаш торафт боло мешуд. Ӯ мехост, ки аз одамони бонуфузи табақаи боло ҳомие пайдо кунад ва бо Ҳоҷидодхоҳ ва Раҳимбии Юз наздикӣ пайдо мекунад. Вале дере нагузашта, Ҳоҷидодхоҳ дар яке аз ҷангҳои феодалӣ ба қатл мерасад. Умедҳои аз Раҳимбӣ доштааш ҳам натиҷае намедиҳанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сайидо тасдиқ мекунад, ки агар аз дастархони золимон нӯши асал ҳавас кунӣ, ба ҷои он неши заҳролуд хоҳӣ чашид: Нӯше, ки ҳавас мекунӣ аз суфраи золим, Нешест, ки аз хонаи занбӯр барояд.

Шоир худро аз арбоби давлат ва сармоядорон дур гирифт ва танҳо ба фазлу ҳунар ва қалами худ такя намуд.

Хомаамро такягоҳе дар ҷаҳон пайдо нашуд,
Муттакои хеш аз теғи забон дорам ҳанӯз.

Азбаски вазъи зиндагӣ ниҳоят сахту душвор шуд ва илму ҳунар дигар қадре надошт, як қатор шоирон ватани худро тарк намуда, ба Ҳиндустон ва кишварҳои дигар ҳиҷрат намуданд.

Дар ин давра Саййидо пир ва ниҳоят камбағал шуда буд, барои харҷи сафар маблағе ҳам надошт. Бинобар ин, аз сафари Ҳиндустон худдорӣ намуд. Аммо синфи ҳукмрон шоири озодфикру муборизро таъқиб намуда, ба ӯ фишор меоварданд, кӯшиш мекарданд, ки шеърҳояш дар байни халқ паҳн нашаванд. Вале шеърҳои Сайидо дер боз дар дили халқ нақш баста буданд:

Маро кай метавонанд аз забонҳо ҷамъ кард акнун,
Ман он рози ниҳон будам, ки берун аз даҳон рафтам.

Саййидо тақрибан дар байни солҳои 1707-1711 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.

Маҷмӯаи шеърҳои Саййидо, ки ба мо расидааст зиёда аз 8500 байтро дар бар мегирад.


Омад ба ёд

Мурғи беболупаре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи ҷуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу ваъдаҳои ӯ шудам розӣ ба марг,
Шаб ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.
Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам,
Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд,
Сӯхтам, чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.
Саййидо, дидам ба  хок  афтода барги лоларо,
Теғиноҳақхурда сайди бисмилам омад ба ёд.


Тарчумаи холи/шархи холи/зиндагиномаи Саидои Насафи.

Маҳорати Сайидои Насафӣ дар эҷоди «Баҳориёт» (иншо)

ҚаблӣAмал – Хазинаи маърифат
БаъдӣТаҷнис (дар шеър ва адабиёт)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед