БАҲРИ НОРАК
Баҳри Норак мешавад лабрезтар,
Мавҷҳояш ҳар тараф сар мезананд.
Кӯҳсорон пой дар оби кабуд
Домани гулзори худ бар мезананд.
Кӯҳсори Нор базм ороста,
Давоми матн пас аз блоки реклама
Баҳрро бо дасти сангин дошта
Гӯйӣ мехоҳад, ки як қулташ кунад
Мисли шаҳҷоме ба сар бардошта.
Баҳр не, гӯё зи ними осмон
Порае афтода байни кӯҳсор
Нур мехезад шаб аз домони ӯ,
Баҳри Норак – обрӯйи рӯзгор!
Раҳмат Назрӣ
НОРАК
Ин сӯ ҷар, он сӯ ёна,
Шаҳри нав дар миёна.
Санги ду бари ёна
Чун парда боми хона.
Ин сӯ кӯҳу он сӯ шах,
Баҳре дар домани шах.
Рангаш чун шиша равшан,
Обаш хунук ҳамчу ях.
Ин сӯ нуру он сӯ нур,
Як дараи нурафшон.
Дар домани кӯҳи нор
Норак бувад нуристон.
Убайд Раҷаб
Шеър дар васфи Норак, Шеърхо дар васфи Норак, Бахри Норак шеър бо забони точики, нурек картинка, стихи.