Дар ин мақола зиндагиномаи устоди бузур Абуабдуллохи Рудаки оварда мешавад.
Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки пояҳои адабиёти асили тоҷикро ба забони форсии дарӣ дар асри Х гузошта буд, шахсияти фавқулодае буд. Вай дар ҳаштсолагиаш ба гуфтани шеър оғоз намуда, овози хуш ва дилкаше доштааст ва халқ ба ӯ рағбати зиёд кардаанд. Шуҳрати шеър ва овози хуши Рӯдакӣ аз зодгоҳаш Панҷрӯд (воқеъ дар ноҳияи кунунии Панҷакенти вилояти Суғд) то ба Самарқанд ва Бухоро, ба дарбори Сомониён мерасад. Ӯ дар дарбори Сомониён, бино ба гуфтааш, бузургию неъмат меёбад:

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Маро бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.
Рӯдакӣ худро ҳазордастони (булбули) сурудхон, муниси родмардон, пешкори пирон, шоири Хуросон номида, бо он фахр намудааст, ки девони шеърашро ҳама ҷаҳон шунид ва амиру авлиё ва деҳқонони (заминдорони) номвар ба ивазаш инъомҳои зиёде бахшиданд. Шоир аз он замонҳои хуш, ки бузургию неъмат ёфта буд, дертар дар вақти пириаш бо ифтихор ва ҳам аламу ҳасрат дар қасидаи ҳолияаш ёд овардааст.
Яке аз шоирони ҳамасри Рӯдакӣ бо номи Абӯзироаи Гургонӣ аз рӯйи рашку ҳасад ба бузургию неъмати ӯ дар дарбори Сомониён гуфтааст, ки агар ба давлат бо Рӯдакӣ ҳамсон нест, суханро кам аз вай намедонад. Ин шоири ҳасуд ва нотавонбин таъна ба кӯрии чашми Рӯдакӣ намуда, нозидааст, ки аз баҳри гетӣ (дунё, моли дунё) кӯр будан наметавонад. Ба гумони хатои вай, агар мулук аз ҳазор як ҳиссаи он чиро, ки ба Рӯдакӣ ато кардаанд, ба ӯ диҳанд, суханро (шеърро) ҳазор чандон мегуфт:
Агар ба давлат бо Рӯдакӣ на ҳамсонам,
Аҷаб макун, сухан аз Рӯдакӣ на кам донам.
Агар ба кӯрии чашм ӯ биёфт гетиро,
Зи баҳри гетӣ ман кӯр буд натвонам.
Ҳазор як з–он к–ӯ ёфт аз атои мулук,
Ба ман диҳӣ, сухан ояд ҳазор чандонам.
Дар бораи кӯр ё тирачашми модарзод будан ва ё дар поёни умр кӯр кардани ӯ баҳси зиёде ҳаст. Баъзеҳо бовар бар он доранд, ки Рӯдакӣ ба мисли шоирон Абӯлъало ал-Мааррӣ (дар 4-солагӣ), Башшор ибни Бурд, Зарири Бухороӣ, Шӯридаи Шерозӣ (дар 7-солагӣ) ва Ҳомер кӯри модарзод буд. Мавҷуд будани тасвирҳои зинда ва айнӣ дар шеърҳои шоир нишонаи таъсири суннатҳои мавҷудаи шеъру шоирӣ ва натиҷаи равшанбинии тирачашмон мебошад. Гурӯҳи дигар гумон мекунанд, ки чашмони Рӯдакӣ дертар дар поёни умраш ба сабабе кӯр карда шудаанд. Тахмин меравад, ки ин кор баъди аз дарбор рафтани вазири номии Сомониён ва дӯсти наздики шоир – Абулфазли Балъамӣ дар соли 937 сурат гирифта бошад. Аммо худи шоир дар ҳеч яке аз шеърҳои маълумаш, аз он ҷумла дар қасидаи ҳолияаш дар бораи нобиноии худ ишорае надорад. Баръакс дар ин қасида, ки як навъ зиндагиномаи шоиронаи ӯ мебошад, байте дорад, ки аз ҳамеша чашм дӯхтанаш ба “зулфакони чобук” гувоҳӣ медиҳад:
Ҳамеша чашмам зӣ зулфакони чобук буд,
Ҳамеша гӯшам зӣ мардуми сухандон буд.
Аз шеърҳои Рӯдакӣ бармеояд, ки ӯ ба даврони пирӣ расида ва мусибати пириро дида будааст. Ӯ ду байти зебое дорад ва дар он шаҳодат медиҳад, ки дар пирӣ мӯяшро сафед карда будааст. Шоир аз ҳамин як ҳодисаи маъмули зиндагӣ, яъне сиёҳ кардани мӯй, ки аслан барои ҷавон шудан будааст, шеъре сохтааст, ки пур аз ҳасрати хушиҳои ҷавонӣ ва мусибати пирист.
Ман мӯйи хешро на аз он мекунам сиёҳ,
То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.
Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,
Ман мӯй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.
Рӯдакӣ дар шеъраш бо дарду алам ва ҳасрати зиёд аз саросар судану рехтани дандонҳояш, ки мисли чароғи тобон, ситораи саҳарӣ, дурру марҷон ва қатраи борон буданд, низ хабар додааст.
Чунин ба назар мерасад, ки дар пирӣ шоир илова бар мусибати пирӣ – сафедии мӯй, фурӯ рехтани дандонҳо, нотавонии ҷисмонию барҷомондагӣ бар асари мусибати сахти замона танҳоию бечорагӣ ва бечизию бекасӣ кашида будааст.
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо бисёр, ки вақти асову анбон буд.
Ин чӣ мусибате буд, ки дар пирӣ ба сари шоири бузург омадааст, ба дурустӣ маълум нест. Вале равшан аст, ки ӯ аз он ки замоне дар дарбор буду атоҳои зиёде меёфт, оқибат пушаймон шудааст.
Басе нишастам ман бо акобиру аъён,
Биёзмудамашон ошкору пинҳонӣ.
Нахостам зи таманно, магар ки дастурӣ,
Наёфтам зи атоҳо, магар пушаймонӣ.
Марги Рӯдакии шоир барои аҳли адаби замонааш ва асрҳои баъдӣ андуҳи фавқулода бузурге буд. Онҳо хеле хуб фаҳмида буданд, ки марг шоиреро рабуд, ки ҷовидона чун ӯ дигар нахоҳад буд ва чун ӯ пайдо нахоҳад шуд. Ин маънӣ дар марсияи яке аз ҳамасрони шоир баён гардидааст.
Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,
Май бирезад, нарезад аз вай бӯй.
Шоират ку? Кунун, ки шоир рафт,
На бувад низ ҷовидона чун ӯй.
Хун бигашт оби чашмам аз ғами вай,
З–андуҳаш мум гашт оҳану рӯй.
Нолаи ман нигар, шигифт мадор,
Шав, бишав, зор–зор нол ба ӯй!
Чанд ҷӯйӣ, чун ӯ наёбӣ боз,
Аз чун ӯ дар замона даст бишӯй.
Ҳамон тавре ки дар ин марсия низ ишорае рафтааст, агарчи Рӯдакӣ рафт, аз ӯ ҳикмати вай, шеъри анҷуманафрӯзаш боқӣ монданд ва маҳз онҳо, ба гуфтаи Абдурраҳмони Ҷомӣ, шоири асри XV, номи ӯро зинда медоранд:
Рӯдакӣ он ки дур ҳамесуфтӣ,
Мадҳи Сомониён ҳамегуфтӣ…
Номи ӯро, ки мебаранд имрӯз,
Ҳаст аз он шеъри анҷуманафрӯз.
Ҳамчунин номи Оли Сомонро –
Неккорону некномонро
Зинда аз назми хеш медорад
В-аз паси парда пеш меорад.
Инчунин хонед: