Робитаи тарбия бо ҳаёт, меҳнат

Робитаи тарбия бо хаёт, мехнат, Робитаи тарбия бо мехнат


Ин принсип талаб мекунад, ки раванди тарбия (ва омӯзиш) – и мактабиён дар робита бо ҳаёти давру замон пайваста сурат гирад, то ки онон аз хурдӣ баҳри зиндагӣ омода гарданд, дар таҷрибаи меҳнат обутоб ёбанд.

«На барои мактаб – барои ҳаёт» – ин даъвати римиёни қадим аз он гувоҳӣ медиҳад, ки педагогҳои давраи атиқа моҳияти бо ҳаёт ва таҷриба алоқамандии тарбияи насли наврасро фаҳмидаанд. Ташаккули шахсити инсон асосан аз худи вай ба корҳои оммавӣ ва меҳнатӣ иштирок намуданаш вобаста аст. Аҳамияти сифатан инкишкофдиҳии меҳнат: ҳар қадаре, ки он зиёд, гуногун ва мақсаддор бошад, ҳамон қадар дараҷаи иникшофёбии иҷтимоии шахсият инкишоф меёбад. Барои ҳамин ҳам дар корҳои ҳаёти иҷтимоӣ, корҳои гуногуни фоиданок, иштирок ва муносибат кардани тарбиятгирандагон ҳатман зурур аст. Дар меҳнати ҳадди ақал иштирок карда, дар комилҳуқуқии аъзоёни он тарбияёбандагон таҷрибаи рафтори маънавӣ мегиранд, аз ҷиҳати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ фаҳмидани мотивҳои муҳими иҷтимоӣ ҳосил мекунанд, сифатҳои маърифатии хешро мустаҳкам ва такомулот медиҳанд.

www.donishju.net

Мактаби ҳаёт – мактаби беҳтарини тарбия аст. Барои ҳамин принсипи робитаи тарбия бо ҳаёт яке аз муҳимтарин системаи тарбия шуда истодааст. Аз муаллимон ва мураббиён дар ду майли асосӣ фаъолияткуниро талаб мекунад: 1) васеъ ва фаврӣ шинос намудани тарбиягирандагон бо ҳаёти иҷтимоӣ ва меҳнати одамон, ки дар он дигаргуниҳо рӯй медиҳанд; 2) ҷалб кардани тарбиягирандагон ба муносибат бо ҳаёти воқеӣ, намудҳои гуногуни фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ иборат аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар натиҷаи ин амалиётҳо дар онон таҷрибаи рафтори ҷамъиятӣ ба малака табдил меёбад. Меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ – ин яке аз воситаҳои муҳими иҷтимоигардонии шахсияти мактабиён мебошад.

Дуруст иҷро кардани принсипи алоқаи тарбия бо ҳаёт аз педагог инҳоро талаб мекунад:

  • ба талабагон фаҳмондани моҳияти меҳнат дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳар як шахс;
  • эҳтиром ба одамони меҳнатӣ, ки мавод ва арзишҳои рӯҳи бунёд мекунанд;
  • инкишоф додани қобилияти бисёр ва фоиданок меҳнаткунӣ, бо хоҳиш виҷдонан ва эҷодкорона меҳнаткунӣ ба манфиати ҷомеа ва нафъи шахсии худ;
  • фаҳмидани асосҳои замонавии истеҳсолот, кӯшиш ба вусъат додани доираи дониши политехникӣ, азхуд кардани маданияти умумӣ ва асосҳои илмии ташкили меҳнатӣ;
  • якҷоякардани манфиати фаъолияти меҳнатии шахсӣ бо ҷомеа, дархости ҷомеа ва талаботи хоҷагӣ;
  • муносибати эҳтиёткорӣ ба моликияти ҷамъиятӣ ва боигариҳои табиӣ, кӯшиши бо меҳнати худ афзун гардонидани онҳо;
  • тоқатнопазирӣ нисбати бепарвоии хоҷагидорӣ, бемасъулиятӣ, вайронкунии интизоми меҳнат, коҳилӣ, муфтхӯрӣ, талону тароҷкунии моликияти ҷамъиятӣ ва шахсӣ ва муносибати ваҳшиёна ба боигариҳои табиӣва uайраро дар бар мегирад.

Принсипи робитаи тарбия бо ҳаёт, меҳнат дар лаҳзаи риояи қоидаҳое, ки паҳлӯҳои алоҳидаи ин принсипро возеҳ мегардонад, амалӣ гардонда мешавад:

  1. Бояд мавҳумоти догматизмро дар меҳнати иҷтимоӣ ва тарбияи мактабӣ бартараф кард, онҳоро ба фаъолияти аниқ ва ба қадри ҳол ҷалб намуд. Бояд барои амалӣ гардонидани талаботи принсип дар дарсҳо ва корҳои беруназсинфӣ барнома дошт, дар иҷрои он ба қоидаи тадриҷӣ риоя бинмуд.
  2. Мураббие, ки амалиёти худро бо оилаҳо маслиҳат карда, кор пеш мегирад, ба ҳар як тарбияёбанда мефаҳмонад, ки ганҷинаи асосии вай дар истеҳсоли ҷамъиятӣ – меҳнати таълимӣ, ёрирасонӣ ба хонадон ва мактаб аст. Ба хоҳиши наврасон ва ҷавонон, ки дар кооперативҳои истеҳсолӣ якҷошавӣ, ба бригадаҳои ҳисоби хоҷагӣ мавридҳои таътил кор кардан мехоҳанд, монеъ шудан мумкин нест.
  3. Кӯдакон одатан ба фаъолияткунӣ кӯшиш мекунанд; кӯдаки суст, беҳаракат, бекори худро канорагир низ ёфт мешавад. Тарбиягаре, ки ҳамаи инҳоро бо инобат намегирад, мазмуни раванди иҷтимоии шахсиятро вайрон мекунад ва нигоҳ медорад.
  4. Дар амал тадбиқкунии принсип истифодабарии маводҳои маҳаллии кишваршиносиро дар дарсҳо ва корҳои тарбиявии беруназсинфӣ талаб мекунад.
  5. Ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаётӣ баробар иштироккунии мактабиёнро бо калонсолон талаб мекунад, онҳо дар чунин робитакунӣ масъулиятҳискунӣ, ташаккули вазифадории шаҳрвандиашонро низ инкишоф медиҳанд.
  6. Бо муваффақият иҷро кардани принсипи мазкурро бидуни мунтазам дидабароӣ ва навшавии мазмун, ташкилкунӣ ва методҳои тарбия тасаввур кардан мумкин нест.
  7. Раванди тарбия бояд тавре ташкил карда шавад, ки бачаҳо ҳис кунанд, ки меҳнати онҳо барои одамон, ҷомеа лозим аст, то ки онҳо ҳисси қаноатмандӣ ҳосил кунанд.
ҚаблӣСохти иҷтимоӣ доштани тарбия
БаъдӣДар тарбия ба ҷиҳатҳои мусбат такя кардан