Аё шох Махмуди кишваркушой (шеъри пурра)

Шеъри Фирдавсӣ – “Аё шох Махмуди кишваркушой”, ки бо номи “Хачви султон Махмуд” дар шакли пурра оварда мешава.

Хаёт ва фаъолияти Абулкосим Фирдавси

Ҳаким Фирдавсӣ: дар ҳаҷви султон Маҳмуд

Аё шоҳ Маҳмуди кишваркушой,
Зи кас гар натарсӣ, битарс аз Худой!

Ки пеш аз ту шоҳон фаровон буданд,
Ҳама тоҷдорони кайҳон буданд.

Фузун аз ту буданд яксар ба ҷоҳ,
Ба ганҷу сипоҳу ба тахту кулоҳ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Накарданд ҷуз хубию ростӣ,
Нагаштанд гирди каму костӣ.

Ҳама дод карданд бар зердаст,
Набуданд ҷуз покяздонпараст.

Наҷустанд аз даҳр ҷуз номи нек,
В-аз он ном ҷустан саранҷоми нек.

Ҳар он шаҳ, ки дар банди динор буд,
Ба наздики аҳли хирад хор буд.

Гар эдун, ки шоҳӣ ба гетӣ турост,
Бигӯй, ки ин хира гуфтан чарост?!

Надидӣ ту ин хотири тези ман,
Наяндешӣ аз теғи хунрези ман!

Ки баддину бадкеш хонӣ маро.
Манам шери нар-меш хонӣ маро…

…Накардӣ дар ин номаи ман нигоҳ,
Ба гуфтори бадгӯй гаштӣ зи роҳ.

Ҳар он кас, ки шеъри маро кард паст,
Нагирад-ш гардуни гарданда даст.

Ман ин номаи шаҳриёрони пеш,
Бигуфтам бад-ин нағз гуфтори хеш.

Чу умрам ба наздики ҳаштод шуд,
Умедам ба якбора барбод шуд.

Басе сол андар сарои сипанҷ
Чунин ранҷ бурдам ба уммеди ганҷ.

Зи абёти ғарро ду раҳ сӣ ҳазор,
Мар он ҷумла дар шеваи корзор.

Зи шамшеру тиру камону каманд,
Зи гáполу аз теғҳои баланд.

Зи баргустувону зи хафтону хӯд,
Зи саҳрою дарёю аз хушку рӯд.

Зи гургу зи шеру зи пилу паланг,
Зи ифриту аз аждаҳову наҳанг.

Зи найранги ғӯлу зи ҷодуи дев,
К-аз эшон ба гардун расида ғирев.

Зи мардони номӣ ба рӯзи масоф,
Зи гурдони ҷангӣ гаҳи разму лоф…

Ҳамон номдорони бо ҷоҳу об,
Чу Туру чу Салму чу Афросиёб.

Чу шоҳ Офаредуну чун Кайқубод,
Чу Заҳҳоки бадкешу бе дину дод.

Чу Гаршаспу Сому Наремони гурд,
Ҷаҳонпаҳлавонони бодастбурд.

Чу Ҳушангу Таҳмураси девбанд,
Манучеҳру Ҷамшед шоҳи баланд.

Чу Кобус-Кайхисрави тоҷвар,
Чу Рустам, чу Руйинтани номвар.

Чу Гударзу ҳаштодпури гузин,
Саворони майдону шерони кин.

Ҳам он номвар шоҳ Луҳраспро,
Зарири сипаҳдору Гуштаспро.

Чу Ҷомасп, к-андар шумори сипеҳр
Фурӯзандатар буд зи тобандамеҳр.

Чу Дорои Доробу Баҳман ҳам он
Сикандар, ки буд шоҳи шоҳаншоҳон.

Чу Шоҳ» Ардашеру чу Шопури ӯ,
Чу Баҳрому Нӯширавони накӯ.

Чу Парвезу Ҳурмуз, чу пураш Қубод,
Чу Хисрав, ки Парвиз номаш ниҳод.

Чунин номдорону гарданкашон,
Ки додам яко-як аз эшон нишон.

Ҳама мурда аз рӯзгори дароз,
Шуд аз гуфти ман номашон зинда боз.

Чу Исо ман ин мурдагонро тамом,
Саросар ҳама зинда кардам ба ном!

Яке бандагӣ кардам, эй шаҳриёр,
Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.

Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.

Бад-ин нома бар солҳо бигзарад,
Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.

На з-ин гуна додӣ маро ту навид,
На ин будам аз шоҳи гетӣ умед!

Бадандеш, к-аш рӯзи некаш мабод!
Суханҳои некам ба бад кард ёд!

Бари подшаҳ пайкарам зишт кард.
Фурӯзанда ахгар чу ангишт кард.

Агар мунсифе буде аз ростон,
Ки андеша кардӣ дар ин достон.

Бигуфтӣ, ки ман дар ниҳоди сухан,
Бидодастам аз табъ доди сухан!

Ҷаҳон аз сухан кардаам чун биҳишт,
Аз ин пеш тухми сухан кас накишт.

Сухангустарон бекарон будаанд,
Суханҳо беандоза паймудаанд.

Валек арчи буданд эшон басе,
Ҳамоно нагуфтаст з-ин сон касе.

Басо ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!

Ҷаҳондор агар нестӣ тангдаст,
Маро бар сари роҳ буде нишаст.

Ба дониш набуд шоҳро дастгоҳ,
В-агар на, маро барнишонде ба гоҳ.

Чу дейҳимдораш набуд дар нажод,
Зи дейҳимдорон наёвард ёд.

Агар шоҳро шоҳ будӣ падар,
Ба сар барниҳодӣ маро тоҷи зар.

В-агар модари шоҳ бону будӣ,
Маро симу зар то ба зону будӣ.

Чу андар табораш бузургӣ набуд,
Наёраст номи бузургон шунуд.

Кафи шоҳ Маҳмуди олитабор:
Нӯҳ андар нӯҳ омад, се андар чаҳор.

Чу сӣ сол бурдам ба «Шаҳнома» ранҷ,
Ки шоҳам бубахшад ба подош ганҷ.

Маро з-ин ҷаҳон бениёзӣ диҳад,
Миёни ялон сарфарозӣ диҳад.

Ба подош ганҷе маро дар кушод,
Ба ман ҷуз баҳои фуқоҳе надод.

Фуқоҳе биярзидам аз ганҷи шоҳ,
Аз он ман фуқоҳе харидам ба роҳ.

Пашизе беҳ аз шаҳриёре чунин,
Ки на кеш дорад, на оину дин!

Парасторзода наёяд ба кор,
Агарчанд дорад падар шаҳриёр.

Сари носазоён барафроштан,
В-аз эшон умеди беҳӣ доштан,—

Сари риштаи хеш гум кардан аст,
Ба ҷайб андарун мор парвардан аст.

Дарахте, ки талх аст вайро сиришт,
Гараш барнишонӣ ба боғи биҳишт.

В-ар аз ҷӯи хулдаш ба ҳангоми об,
Ба бех ангубин резиву шаҳди ноб.

Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад!

Ба анбарфурӯшон агар бигзарӣ
Шавад ҷомаи ту ҳама анбарӣ.

Агар ту шавӣ назди ангиштгар,
Аз ӯ ҷуз сиёҳӣ наёбӣ дигар.

Зи бадгавҳарон-бад, наёяд аҷаб,
Нашояд сутурдан сиёҳӣ зи шаб.

Зи нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед!

Зи бадасл чашми беҳӣ доштан
Бувад хок дар дида анбоштан.

Ҷаҳондор агар покноме будӣ,
Дар ин роҳ дониш гиромӣ будӣ.

Шунидӣ чу з-ин гуна-гуна сухан,
Зи оини шоҳону расми куҳан.

Дигаргуна карде ба корам нигоҳ,
Нагаште чунин рӯзгорам табоҳ.

Аз он гуфтам ин байтҳои баланд,
Ки то шоҳ гирад аз ин кор панд.

К-аз ин пас бидонад чӣ бошад сухан,
Бияндешад аз панди пири куҳан.

Дигар шоиронро наёзорад ӯй,
Ҳамон ҳурмати худ нигаҳ дорад ӯй.

Ки шоир чу ранҷад, бигӯяд ҳиҷо,
Бимонад ҳиҷо то қиёмат ба ҷо.

Бинолам ба даргоҳи Яздони пок,
Фишонанда бар сар пароканда хок.

Ки ё Раб, равонаш ба оташ бисӯз!
Дили бандаи мустаҳиқ барфурӯз!


Панду андарзҳои Фирдавсӣ (Шеър/Байтҳо)

ҚаблӣШеър дар васфи Тоҷикобод
БаъдӣХун чист? Маълумот дар бораи ХУН