СУЛҲ
Хонаи умеди дунё кишварам,
Кишвари паҳновару бахтоварам,
З-ин саодат сар ба гардунҳо барам,
Ҳофизи озодии баҳру барам.
Месароям сулҳро дар сози сулҳ,
То шавад дунё пур аз овози сулҳ.
Сулҳ чун хуршеди тобон ҳар саҳар,
Мешавад аз кишвари ман ҷилвагар.
Ҷумла оламро диҳад ӯ зебу фар,
Нур пошад бар сари навъи башар.
Месароям сулҳро дар сози сулҳ,
То шавад дунё пур аз овози сулҳ.
Баҳри олам сулҳ даркор аст, сулҳ,
Насли одамро нигаҳдор аст сулҳ,
Чун шифои ҷони бемор аст сулҳ,
Модаронро бахти бедор аст сулҳ.
Месароям сулҳро дар сози сулҳ,
То шавад дунё пур аз овози сулҳ.
Боқӣ Раҳимзода
СУЛҲ
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақу шодию барор оварад.
Сулҳ бувад шаршараи ҷӯйи об,
Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб.
Сулҳ чароғи раҳи оянда аст,
Сулҳ зи иқбол намоянда аст.
Сулҳ шакарханди лаби кӯдакон,
Сулҳ ҳамоҳанги дили модарон!
Аминҷон Шукӯҳӣ
Сулҳ бодо дар ватан
То ҷаҳон поянда бошад, сулҳ бодо дар Ватан,
Шамс то рахшанда бошад, сулҳ бодо дар Ватан.
То зи осмони мусаффо медурахшад ахтаре,
То қамар тобанда бошад, сулҳ бодо дар Ватан.
Сарзамине ки макони халқи сулҳоин бувад,
Сулҳро зебанда бошад, сулҳ бодо дар Ватан.
Дар лабу дар қалби ин халқи азизам доимо
Хуррамию ханда бошад, сулҳ бодо дар Ватан.
Ҳофии бечора ҳар дам бо умеди беҳисоб
Ин дуо гӯянда бошад: Сулҳ бодо дар Ватан!
Шеърхо дар васфи Сулх, шеър дар васфи Сулх, сулхи точикон, шеъри точики, бо забони точики, сулх, сулх шеър, шеър дар васфи сулх, шеър дар бораи сулх, шеър дар бораи сулҳ,