
Оё Шумо медонед, ки тезтарин ҳайвон дар рӯи замин гепард буда, суръаташ дар як соат ба 114 километр мерасад?
Оё Шумо медонед, ки сари мор баъди буридан ҳатто ним соат газида метавонад?
Оё Шумо медонед, ки заррофа бо вуҷуди қобилият ва қади баланд доштан садо намедиҳад?
Оё медонед, ки ғурриши шер аз масофаи 8 километр шунида мешавад?
Оё Шумо медонед, ки агар фил бимирад, чанд соат рост меистад ва баъд ба замин меафтад?
Оё Шумо медонед, ки фил одамро дар масофаи 500 метр бӯй карда метавонад?
Оё медонед, ки уқоб сад сол умр ба сар мебарад, аксари уқобҳо аз беморӣ намемиранд, балки худкушӣ мекунанд.
Оё Шумо медонед, ки ҳангоми хоби делфин танҳо нисфи майнаи он дар хоб аст, нисфи дигараш бедор аст.
Оё Шумо медонед, ки давраи ҳомиладории фил ду сол аст?
Оё Шумо медонед, ки 80% ҳайвоноти рӯи замин ҳашарот мебошанд?
Оё медонед, ки дили харчанги баҳрӣ дар сараш аст.
Оё Шумо медонед, ки пашша дар ҳар чор сония девона мешавад?
Оё Шумо медонед, ки бузургтарин ҳайвони рӯи замин кити кабуд аст, ки дилаш ба андозаи мошин ва забонаш 6 метр аст.
Оё Шумо медонед, ки кити кабуд дар масофаи 800 километр садояш шунида мешавад?
Оё Шумо медонед, ки фил ҳатто пас аз гузаштани солҳои зиёд мурдаи азизонашро ба ёд меорад ва барои онҳо мотам мегирад?
Оё медонед, ки тимсоҳ ҳангоми хурдан сайди худ ашк мерезад, зеро ҳангоми фурӯ бурдан дар баробари сайдаш аз намакҳои зиёдатӣ халос мешавад.



















