Шеър дар бораи Точикистон

Якчанд шеър дар васфи кишвари азизамон Точикистон меорем. Шеърхо дар бораи Точикистон аз сайти www.DONISHJU.net – Донишчу нет >>

душанбе фото 2020

Тоҷикистон нури чашмони ман аст

Гулшани пурнеъмати даврони ман,
Манбаи илҳоми бепоёни ман,

Қувва дар дил, нур дар чашмони ман,
Ҳам ба ҳар як дарди ман, дармони ман.

Ин диёри Тоҷикистони ман аст,
Модари дилбанду ҷонони ман аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар канораш нозу ҷавлон мекунам,
Хизматашро аз дилу ҷон мекунам,

Сурма хокашро ба чашмон мекунам,
Ҷон фидои Тоҷикистон мекунам.

Тоҷикистон нури чашмони ман аст,
Ҳастии ман, фахри ман, шони ман аст.

Бобо Ҳоҷӣ


Тоҷикистон – набзи ман

Як нафас имкони ман бе Тоҷикистон нест, нест,
Дар тани ман ҷони ман бе Тоҷикистон нест, нест.
Тоҷикистон – номи ман, парварда шираш коми ман,
Ҳам намак, ҳам нони ман бе Тоҷикистон нест, нест.

Тоҷикистон – кӯҳи ман, кӯҳи баландаш рӯҳи ман,
Қиблаи имони ман бе Тоҷикистон нест, нест.
Тоҷикистон – набзи ман, хораш – баҳори сабзи ман,
Абри ман, борони ман бе Тоҷикистон нест, нест.

Тоҷикистон – ёди ман, аждоди ман, авлоди ман,
Гавҳари чашмони ман бе Тоҷикистон нест, нест.
Тоҷикистон – бахти ман, фархунда тоҷу тахти ман,
Давлати Сомони ман бе Тоҷикистон нест, нест.

Юсуфҷон Аҳмадзода


Бурҷи фонуси дили дарёи Имон – Тоҷикистон,
Матлаъи заррини хуршеди Хуросон – Тоҷикистон.

Аз ситора нест кам дилҳои чархон дар мадорат,
Меҳвари манзумаи кайҳони Сомон – Тоҷикистон.

Чун уқобон нозирӣ бар марзи паҳнои Саразмат
Аз фарози қуллаи кӯҳи Бадахшон – Тоҷикистон.

Ҳикмати Синову шеъри Рӯдакӣ мушкил надонад,
Мушкиле набвад, ки пешат нест осон – Тоҷикистон.

Ваҳдати хатлониву суғдиву раштонӣ самар шуд:
Аз Намангон то Самангон ҳамдилу ҷон – Тоҷикистон.

Э суъуди бесукуту бесуқути ҷовидона,
Нардбони осмони илму ирфон – Тоҷикистон!

Дар ту будан саҳлу осон, бо ту будан сахт мушкил:
Баҳри ту ҳар лаҳза бояд буд Инсон – Тоҷикистон!

Рустами Ваҳҳоб


Точикистон шеър, дар васфи бораи Точикистон шеър Tojikiston sher шеър дар васфи ватан Точикистон

Шеърҳо дар васфи Тоҷикистон

Эй Тоҷикистон! (Шеър дар васфи Точикистон)

ҚаблӣБайтҳо дар васфи сухан ва суханварӣ
БаъдӣСинтаксис (наҳв) ва аломатҳои китобат

2 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед