Рушди микроиктисод хамчун илм

Рушди микроиқтисод ҳамчун илм. Асосҳои микроиқтисодиёт сарнахуст аз ҷониби намояндагони мактаби австрӣ К.Менгер, Ф. Визер, Э. Бем-Баверк гузошта шуда буд. Саҳми арзандаро барои рушди инкишофи микроиқтисодиёт иктисодшиносони англис А.Маршал, А.Пигу, Ж.Хикс, иқтисодшиносони амрикоӣ Ж.Б. Кларк ва дигарҳо гузошта буданд.

Намояндагони мактаби маржинализм (К.Менгер-Австрия, У.Чевонс-Англия, Л.Валрас-Шветсария) аз таҳлили моҳияти тарзи капиталистии истеҳсолот ва хислатҳои он, алалхус истисмор ва роҳҳои ба даст овардани арзиши изофа (ғояи асосии назарияи К.Маркс) даст кашидаанд. Онҳо мақсад ва вазифаи ниҳоии худро дар ҷустуҷуи роҳҳои қулайтарини тақсими захираҳои маҳдуди иқтисодӣ ва ташкили оқилонаи тарзу услуби хоҷагидорӣ мебинанд. Онҳо аз истифодаи мафҳуми иктисоди сиёсӣ даст кашида, ба ҷои он «Экономикс»-ро истифода кардаанд. Ташаббускорони ин равия, асосан У.Чевонс ва А. Маршалл буданд. Тарафдорони равияи ҷадид, на ба назарияи, балки бештар ба истифодаи усусл ва тамсилаҳои риёзӣ шуғл варзида, дар эҳё ва ташаккули равияи мактаби неоклассикӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар миёнаи асри ХХ дар зери таъсири тадқиқотҳои олими англис Ҷ.М. Кейнс ва олими амрикоӣ П.Самуелсон дар доираи назарияи иқтисодӣ ҷудо гардидани ду қисмати он қобили қабул гардид: микроиқтисодиёт ва макроиқтисодиёт. Микро аз калимаи юнонии mikro –хурд гирифта шудааст. Предмети тадқикоти онро ҷараёни нарху нархгузорӣ ва нақши он дар хоҷагии миллӣ дар бар мегирад. Аз рӯи нуқтаи назари микроиқтисодӣ тавсифи онро таҳлили иқтисоди миллӣ аз мушоҳида намудани рафтори алоҳидаи субъектҳои иқтисодӣ мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣМаксад, вазифа ва сохтори микроиктисод
БаъдӣМетодологияи тадкикоти микроиктисод