Балоғати ҷинсӣ. Тавсифи давраи наврасӣ

Бахшҳои ин мавзӯъ: Балогати чинси. Тавсифи давраи навраси. Балогати чинсии писарбачахо. Балогати чинсии духтар. Тавсифи давраи навраси. Сигоркаши хусни духтаронро безеб мекунад.


Балоғати ҷинсии писарбачаҳо

Калон шудани андозаи мояҳо ва узвҳои берунии ҷинсии писарбачаҳо – нахустин нишонаҳои балоғати ҷинсии онҳо мебошад. Дар мояҳо нутфаҳо болиғ шуда, ҳормони ҷинсии нарина ҳосил мегардад.

Он ба хун дохил шуда, бо таъсираш нишонаҳои дуюми ҷинсӣ ба вуҷуд меоянд, яъне дар зери шикам (зери ноф), зери бағал ва рӯй мӯй баромада, скелет (писарбача соле 10 см қад мекашад) ва мушакҳояш зуд инкишоф меёбанд. Китфҳояшон васеъ шуда, косашон танг мемонад. Ин ба пайкари писарбача шакли мардона мебахшад. Тағояки сипаршакл калон шуда, тағйир меёбад, овоз бештар паст («куллан дигар») мешавад. Бо таъсири ҳормони ҷинсӣ тарашшуҳи ғадудҳои пӯст, хусусан пӯсти рӯй ва тахтапушт пурзӯр мегардад.

Ҳосилшавии нутфа аз синни 14-солагӣ сар мешавад. Ихроҷи беихтиёронаи нутфа аксаран дар вақти хоб ба амал омада, эҳтилом ном дорад. Эҳтилом аз он шаҳодат медиҳад, ки мояҳо муътадил инкишоф меёбанд, яъне писарбача ҷавонмард мешавад. Дар организми мард нутфа ва ҳормонҳои ҷинсӣ то 50-55 – солагӣ ба вуҷуд омада, баъд тадриҷан қатъ мегарданд.

Балоғати ҷинсии духтар

Дар синни 10-солагӣ ҳормонҳои ҳипофизи духтарон зиёдтар шуда, боиси сабзидани тухмдонҳо мегарданд. Дар тухмдонҳо ҳормонҳои ҷинсии модина ҳосил шуда, бо таъсири онҳо нишонаҳои дуюмини ҷинсии занона инкишоф меёбанд: ғадудҳои шир пайдо мешаванд, зери нофу бағал мӯй мебарояд. Дар ин давра, инчунин скелети духтарон калон мешавад, вале баръакси ҷавонписарон коси духтарон васеъ шуда, китфҳояшон хурд мемонанд.

Тахминан, пас аз ду соли ҳайзбинии духтарон – нишонаи дар фолликули тухмдон болиғшавии тухмҳуҷайра пайдо мешавад. Давраи ҳайзбинии духтарони наврас номунтазам буда, баъзан якчанд моҳ қатъ мегардад, ки он набояд ташвишовар бошад. Давраи ҳайзбинӣ баъд аз 2-3 сол боз доимӣ мегардад.

Дар байни 45-55 – солагӣ менопауза фаро мерасад. Ҳайзбинӣ номунтазам, кӯтоҳ ё дарозмуддат шуда, баъд тамоман нест мешавад.

Тавсифи давраи наврасӣ

Ҳангоми наврасӣ дар организм тағйирот ба вуҷуд омада, болиғшавии ҷинсӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳиро омода месозад. Ба ин давра духтарон аз 12 то 15-солагӣ ва писарон аз 13 то 16-солагӣ мерасанд. Вале давраи ташаккули организм ва шахсият чанд сол давом мекунад. Сабзиш ва инкишофи наврасон ғизои хушсифатро талаб мекунад. Дар ғизо бояд сафеда, чарб, карбогидрат, қанд, намакҳои минералӣ ва витаминҳо бошанд.

Меҳнати ҷисмонию фикрӣ, машғулияти варзишӣ, корҳои ҷамъиятӣ ба инкишофи мутаносиби наврасон, тарбияи одамони солиму бардам, далеру рӯҳияашон қавӣ мусоидат мекунад.

Сигоркашӣ ва истеъмоли машруботи спиртӣ инкишофи фикрӣ ва ҷисмониро суст мекунад. Аз тамокукашӣ фаъолияти системаи асаб, дил, рагҳои хунгард, ҷигар ва системаи афзоиш хароб мегарданд.

Сигоркашӣ ҳусни духтаронро безеб мекунад

Агар онҳо сигор кашанд, пӯсташон зард ё сафедча шуда, чандирӣ ва тароваташон гум мешавад. Дандонҳои сигоркашон зард ва даҳонашон бадбӯй мешавад. Сигоркашӣ системаи асабро заиф сохта, одамро тундмизоҷ ва муносибатро нофорам мегардонад.

Машруботи спиртӣ организми наврасонро ниҳоят хароб карда, инкишофи асаб ва ҷисмонии онҳоро боз медорад. Ҳанӯз 400 сол қабл аз ин олим ва файласуф Эразми Роттердами гуфта буд, ки шароб ва пиво ба саломатии писарбачаҳо зарар расонида, онҳоро бадахлоқ месозад. Лунҷи овезон, чашмони бенур, ақибмондагии фикрӣ, пирии бармаҳал натиҷаи шаробнӯшии доимӣ мешаванд.

Истеъмоли машруботи спиртдор боиси худро идора карда натавонистани ҷавонон мегардад. Ҳатто миқдори ками машруботи спиртӣ одамро беҳаё ва бехатарии онро суст мекунад. Беҳуда нест, ки ҷиноятҳо аксаран ба мастӣ вобастаанд.

Дар наврасон тарашшуҳи баланди ҳормонҳои ҷинсӣ боиси пурҷӯшӣ, беқарорӣ ва изтироби шарҳнопазир мегардад. Наврасон дар ин синну сол хислату хусусиятҳои зиёди шахсӣ, малакаи назорати кирдори шахсӣ, бо рафтору майлашон идора кардани худро ҳосил мекунанд.

Дар давраи балоғати ҷинсӣ дар муносибати байни наврасон тағйироти муайяне ба миён меояд: рағбати ҷинсӣ пайдо шуда, тарафайн мекӯшанд, ки ба якдигар маъқул шаванд. Акди никоҳ – иттифоқи баробарҳуқуқии ду навҷавони баркамолест, ки давлат онро қонунӣ кардааст: писару духтари ҷавон метавонанд оила ташкил карда, тифлро ба дунё оварда, онро якҷоя тарбия намоянд, ба камол расонанд, якҷоя умр ба сар баранд ва шарики душворию шодкомиҳои ҳамдигар бошанд.


Дониши худро санҷед:

  1. Хусусиятҳои балоғати ҷинсии писарон кадомҳоянд?
  2. Давраи балоғати ҷинсии духтарон чӣ хусусият дорад?
  3. Чаро ва чӣ хел рафтори наврасон дар давраи балоғати ҷинсӣ тағйир меёбад?
  4. Дар ин давра рафтори худро чӣ хел бояд идора кард?
  5. Ба инкишофи муътадили наврасон кадом шароит мусоидат мекунад?
  6. Сигоркашӣ ва машруботи спиртдор ба наврасон чӣ зарар дорад?
  7. Кай ва кӣ бояд ақди никоҳ бандад?
ҚаблӣШеърҳо дар васфи Сулҳ
БаъдӣБордоршавӣ ва инкишоф дар батн (анатомияи одам)