Шириншоҳи Шоҳтемур

–Бобошоҳ,– гуфт Шириншоҳ ба бародараш, – аҳволи хонадони мо бад мешаваду хуб не, ман барои ёфтани ризқу рӯзӣ ба урдугоҳи русҳо ба кор меравам.

–Майлаш, Шириншоҳ, дигар илоҷ нест, – гуфт Бобошоҳ.

шириншох шохтемур, шириншо шотемур

Шириншоҳ дар урдугоҳи русҳо чор сол кор кард. Ӯ ҳамон вақт дувоздаҳ- сенздаҳсола буд. Афсарони рус диданд, ки ӯ бисёр бачаи ҳушёру зирак аст, маслиҳат карданд, ки Шириншоҳро барои хондан ба ягон ҷо фиристанд.

Баъд ӯро як афсари рус ба Тошканд бурд. Шириншоҳ дар Тошканд рӯзона мехонду шабона кор мекард.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ӯ ба камол расид. Бо дониши хубу кордонӣ ва зиракию ҳушёрӣ шуҳратманд гашт. Шириншоҳро барои кордонию зеҳни хубаш ба Ҳукумати Туркистон даъват карданд. Чанд сол он ҷо кор кард. Таҷрибаи калон ҳосил намуд. Роҳбари кордон шуд. Соли 1925 ӯро ба пойтахти Тоҷикистони азизамон – шаҳри Душанбе равон карданд. Он солҳо Душанбе обод набуд. Зиндагии халқи тоҷик вазнин мегузашт. Шириншоҳ аз рӯзҳои аввал дар вазифаи роҳбар барои беҳтар шудани аҳволи халқи тоҷик, обёрӣ кардани заминҳо, киштукори зироати пахта шабу рӯз меҳнат мекард.

Дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишварамон бо маслиҳату дастгирии ӯ мактабҳои нав, донишкадаю омӯзишгоҳҳо сохта шуданд. Шириншоҳи Шоҳтемур барои ҳимояи миллати тоҷик ва сарҳадҳои Тоҷикистон азму талошҳои зиёд кардааст. Ӯро барои корҳои шоёнаш сазовори унвони Қаҳрамони Тоҷикистон донистанд.

Нусратулло Махсум


Зиндагиномаи Шириншох Шохтемур фото, Шириншо Шотемур биография, фото, википедия. 

ҚаблӣНусратулло Махсум
БаъдӣҲунарҳои мардумӣ (Ҷуроббофӣ)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед