Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум картинка

Замоне дар деҳаи кӯчаке бо номи Чашмаи Қозӣ дар хонаи деҳқон – амаки Лутфулло тифле ба дунё омад, ки Нусратулло ном гирифт. Нусратулло аз хурдӣ дар кори саҳро ба падар ёрирасон буд. Падар дар дил орзу дошт, ки ӯро омӯзонад. Нусратулло акнун хонда метавонист ва хатти зебое дошт. Устодаш ба ӯ забони арабӣ омӯзонд. Ӯ хондани осори классиконро*дӯст медошт. Ҳар шаб – баъди тайёр кардани дарсҳо Нусратулло достонеро аз «Шоҳнома» қироат мекард.

Рӯзе Нусратулло ин байтро хонд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Падар пиёлаи чойро ба дастархон гузошта, ашки чашмонашро пок кард. Овози ларзону меҳрубононаи падар ба гӯши писар расид:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

–Дидӣ, чӣ хел ниёгони мо барои ҳар қатра обу ҳар порча хоки Ватан ҷон фидо кардаанд. Онҳо миллати худро дӯст медоштанд. Ту ҳам бояд аз онҳо ибрат гирӣ!

Падар аз хурдсолӣ дар дили Нусратулло шуълаи гарми меҳри Ватанро афрӯхт. Вақте ҷавон байти зеринро хонд:

Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.

Падар бо даст ишора кард, ки таваққуф* кунад.

–Шитоб накун. Ба маънии шеъри шоир диққат деҳ. Ҳадафи шоирро фаҳмидӣ? Шоир мегӯяд, ки барои одам ду чиз заруртар аз ҳама чиз аст. Аввал ақл, баъд дониш. Ту бояд хонӣ, шахси тавонои миллат шавӣ,– мегуфт падар.

Аз ҳамон лаҳза дар дили Нусратуллои ҷавон ҳисси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ бедор шуд. Зиндагии вазнини мардуми деҳаро дида соатҳо ба андеша фурӯ мерафт.

Рӯзе падар Нусратуллоро ба наздаш даъват кард:

– Баъди ду-се сол туро бояд хонадор кунам, вале қудратам намерасад. Хуб мешуд, ки ба Фарғона рафта, каме кор кунӣ.

Нусратуллои ҷавон бо чанде аз ҳамдеҳагон ба Фарғона рафта, мардикорӣ кард. Баъд ба Қӯқанд рафт. Дар он ҷо ба корхонае ба кор даромад, коргар шуд.

Дар Қӯқанд дӯстони зиёде пайдо кард, забонҳои русӣ ва ӯзбекиро омӯхт. Забономӯзӣ барои сайқал* додани донишҳо ба Нусратулло дарҳои навро кушод. Хондани китобҳо бо забонҳои дигар ҷаҳони маънавии Нусратуллоро боз ҳам фарохтар* мекард. Ӯ акнун ҷаҳонро бо чашми дигар медид. Силоҳи ӯ донишу хирад буд. Дар дилаш орзуи беҳтар кардани зиндагии мардум рӯз то рӯз шуъла мезад. Дастҷамъӣ беҳтар аз танҳо кор кардан аст. Худи ӯ ҳамеша такрор мекард: «Мушт беҳтар аз ангушт аст». Нусратулло Махсум умри худро дар талоши ободӣ, зинда нигоҳ доштани миллат сарф кард.

Маҷаллаи «Саҳар»

  • осори классикон – китобҳои устодони барҷастаи адабиёти форсу тоҷик
  • таваққуф – бозистодан, дар ҷое нигоҳ доштан
  • фарохтар – васеътар

  1. Падари Нусратулло чӣ ном дошт?
  2. Падараш чӣ орзу дошт?
  3. Нусратулло кадом забонҳоро медонист?

Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ


Зиндагинома Нусратулло Махсум, Нусратулло Махсум бо забони точики, кай таваллуд шудааст, википедия.

ҚаблӣДустонро гум макун
БаъдӣШириншоҳи Шоҳтемур

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед