Агар он турки Шерози (ҷавобҳо ба шеъри Ҳофиз)

Дар посух ба шеъри “Агар он турки Шерозӣ” якчанд шоирон ҷавобия навиштаанд, ки дар ин саҳифа ҳамаи онҳоро пурра меорем. Чавобхо ба шеъри “Агар он турки Шерози”-и Хофизи Шерози >>

ҶАВОБИЯ

Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

Ҳофизи Шерозӣ

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

ДАР ПОСУХ СОИБ ЧУНИН МЕГУЯД:

Ҳар он кас чиз мебахшад,ба ҷони хеш мебахшад,
На чун Ҳофиз мебахшад Самарқанду Бухороро.

Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам сару дасту тану поро.


ШАҲРИЁР БА СОИБ ИН ПОСУХРО МЕФАРМОЯД:

Ҳар он кас чиз мебахшад, ба сони мард мебахшад,
На чун Соиб мебахшад сару дасту тану поро.

Сару дасту тану поро ба хоки гур мебахшанд,
На бар он турки Шерозӣ, ки ҷумла бурда дилхоро.

Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам, тамоми руху аҷзоро.


НАФАРЕ ИН ТАРЗРО МАНЗУР МЕКУНАД:

Ҳар он кас чиз мебахшад,ба ҷамъи хеш мебахшад,
Яке шахру яке ҷисму яке ҳам руҳу аҷзҳоро,

Касе чун ман надорад ҳеҷ дар дунёву дар уқбо
Нагуяд ҳарфи муфту чун надорад тоби иҷроро…


РАЪНОИ ЗОИРДУХТ ҶАВОБ МЕДИҲАД

Агар ки турки Шерозӣ рабуда ҷумла дилҳоро
Надидастӣ дареғо, ту мани Раънои раъноро.

Агар майле ту ҳам дорӣ назар бар ҷониби мо кун,
Фаромуш созӣ баъди ин дилу ақлу сару поро.

Шакар ояд бурун гоҳе такаллум аз забони ман,
Ғубори поям орад ёд боди анбаросоро.

Дигар ҳарфи накӯ Ҳофиз, магу, бар турки Шерозӣ,
Бигир аз турки Шерозӣ Самарқанду Бухороро.

Чаро дода сару дасту тану по Соиби Табрез,
Парешон мекунад аз ҳоли зораш хотири моро.

Худоё,ошиқони даҳрро ҳушу хирад бахшой,
Мисоли бонуи тоҷик кӣ дида духти доноро?

Ба холи турки яғмоӣ чаро мардони форсигӯ
Бубахшида сару пову тану руҳ, ҷумла аҷзоро?

Шудам ҳайрони Шаҳриёру холи ҳиндуву Соиб,
Чӣ ҳикмат будаву бошад,ки ёбад ин муамморо?..

Зи тангии нафас аз ҷоми Хайём ҷуръа нушидам,
Садо омад,таҳаммул кун, ЗАНИ ТОҶИК мадороро!


С. Қодирӣ менависад:

“Агар он турки шерозӣ, ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам, Самарқанду Бухороро”.

Ту рафтӣ аз ҷаҳон, Ҳофиз, бубин ҳангомаи моро,
Ба холе гӯиё бахшидаӣ, ду шаҳри зеборо.

Якеаш босахо донад, дигар яғмогарат хонад,
Чи донад бехирад, ҳар қимати дурри муҷаллоро.

Ба ин ман итминон дорам, ва якумрӣ умедворам,
Накарди ошиқӣ ҳаргиз занони дидабеҷоро.

Ҳамон шаҳре ки бахшидӣ, дар он дам мулки шоҳе буд,
Ки бо оғуштахун теғаш рабуда ҷони садҳоро.

Гумонам, ҳикмате овардаӣ дар байти худ, Ҳофиз,
Вагарна, чун раҳо гаштӣ, саломат аз таҳи доро?

Чунон дарпечи маъноянд оҳанги ғазалҳоят,
Ки аз сар мебарад бо уқдабандӣ, хоби шабҳоро.

Куҷо ёбем дигар Саъдиву Мавлову Синоро,
Ки як соат биомӯзем то дарси алифборо.

Ту худ, барҳақ фаро овардаӣ дар мисраи нобе,
“Ки кас накшуду накшояд, ба хубӣ ин муамморо”.

Чи мегӯӣ Сиёвуш, аз мақоми шоирӣ ҳоло?
Надидам, дар ғазал монанди Ҳофиз фарди доноро!

Равонаш шод кун, Парвардигоро, пири доноро,
Насибу рӯзӣ гардонаш, савоби ҳарду дунёро.


Рӯзии Ғанизод менависад:

Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуваш бахшам, бигуфт Ҳофиз сабоҳоро.

Ба он турке, ки холи ӯ ба ҳиндӯе бувад монанд,
Бубахшидаш тану ҷону ду сар қанду ду хурморо.

Нагӯяд кас ба ширини ғазалҳо инчунин Ҳофиз,
Ҷавоҳир, лаълу ёқут аст, ба қиммат ин гуҳарҳоро.

Фиғон з-ин тӯтиёни ширахорон, ки намедонанд,
Тариқат инчуниин нодир, мақоме тахти волоро.

Кадомин ғӯли саргашта ба ӯ нисбат чизе гӯяд,
Нагӯяд Ҳофизи Шероз ба амсол, санги хороро.

Ҳама ҳарфаш зи Қуръон буд, Ҳадиси Мустафо ёраш,
Ба сони мурғи Ҷаннат буд, набуд тӯтӣ шакархоро.

Чунон буд сӯфию софӣ, фано дар олами фонӣ,
Сурӯши ақли кулл омад тавофи пири доноро.

Шаби Меъроҷ паси парда зи сирри дӯстон огаҳ,
Шунуд он чи, ки Ҳақ гуфташ, шафоъат кони уқборо.

Ба сӯе гар назар андохт, ки тӯлаш сад ҳазорон буд,
Яқин дид Аршу Курсию ҳам он Мисоқу ухроро.

Зи сирри аввалу охар бувад огаҳ валиййи аср,
Вале мӯҳри сукут барбаст, тамоми ҷумла аҷзоро.

Сухан чандон парешонӣ, нагуфт ҳаргиз ба нодонӣ,
Ҳар он ҳарфе, ки ӯ гуфтаст чи дони шарҳу маъноро.

Сухан аз Каҳкашон боло бибурд он булбули Шероз,
Башорат баҳри ӯ омад, фалак иқди Сурайёро.

Тамоми ҳастиро эй дил фидояш мекуни ҳеҷ аст,
Ду олам хоки пои он насим боди Мусаллоро.

Пири Ҷом бо сари таъзим “Лисонулғайб” хондаш ӯро,
Дигар аз ин чи мехоҳи асири ишқи якторо.

Ба чордаҳ раҳ ки Қуръонро баён кардаст ҳам тафсир,
Худоё, фазл бинмою насиб гардон ҳамин моро.

Нагӯяд кас ба ширини ғазалҳо инчунин, Рӯзӣ,
Ки ҳар ҳарфаш бувад ганҷе, ба маънӣ Арши аълоро.


Лоиқ Шералӣ ба Ҳофиз чунин ҷавоб гуфта (Чавоби Лоик ба Хофиз):

Ба ҳусни Турк духтар, ки ба ними ҷав намеарзид,
Чаро Ҳофиз ту бахшидӣ Самарқанду Бухороро.

Ба ҳолат зор мегиряд Самарқанд модари ҷонам,
Ки Туркон шаҳди гул чинанду Тоҷик хори саҳроро

Ба ҳусни туркдухтар, ки саропо макру исён аст,
Намеарзад, ки бахшоям ғубори нохуни поро.

Агар Ҳофиз ту медидӣ ҷамоли духтари тоҷик,
Барояш ҳадя мекардӣ тамоми рӯи дунёро.

Ҷамоли духтари тоҷик яқинан, ки Худодод аст,
Ва ман баҳраш бубахшоям ҳама гулҳои раъноро.

Агар бо чашми камбинаш ба сӯям як назар орад,
Фаромӯш мекунам он лаҳза гулгашти мусаллоро.

Ало эй хоҷаи Ҳофиз гумонам, ки пушаймонӣ,
Аз оне, ки бубахшидӣ Самарқанду Бухороро.

Лоиқ Шералӣ

ҚаблӣҶомеъ-ул-ҳикоёт (Чомеъ-ул-хикоёт, маълумот)
БаъдӣУзвҳои ҳозима (биология, анатомия)

5 шарҳ

  1. Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
    Ба холи ҳиндуяш бахшам се сар қанду ду хурморо.
    Бидон, ки мулки тоҷик нест барои туркон,
    Ба зеби туркиаш бахшам сару қалбу дилу ҷонро.
    Эй турки Шерозӣ бидон ин мулк мулкӣ тоҷик,
    Ба холи ҳиндуят набошаду нестӣ бар он лоиқ.

  2. Ба ҳусни туркдухтар, ки саропо макру исён аст,
    Намеарзад, ки бахшоям ғубори нохуни поро.
    Агар Ҳофиз ту медиди ҷамоли духтари тоҷик,
    Барояш ҳадя мекарди тамоми рӯи дунёро.
    Ҷамоли духтари тоҷик яқинан, ки Худодод аст,
    Ва ман баҳраш бубахшоям ҳама гулҳои раъноро.
    Агар бо чашми камбинаш ба суям як назар орад,
    Фаромуш мекунам он лаҳза гулгашти мусаллоро.
    Ало эй хоҷаи Ҳофиз гумонам, ки пушаймони,
    Аз оне, ки бубахшиди Самарқанду Бухороро.
    ✍Лоиқ Шералӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед