Донҳо ва ярмаҳо

Донхо ва ярмахо.


Ярмаро аз донҳо ҳосил мекунанд. Донҳо дар байни масолеҳи хӯрокворӣ дар ҷойи аввал меистанд ва асоси хӯроквории бисёр давлатҳои ҷаҳонро ташкил медиҳанд.

Донҳои васеъ истифодашаванда: гандум, биринҷ, ҷавдор, ҷав, сулӣ, арзан, ҷуворимакка, марҷумак (гречка). Онҳо сафеда, ангиштоб, витаминҳои гурӯҳи В ва намакҳои минералӣ доранд.

Аз 82 млн сафедае, ки онро инсон истеъмол мекунад, 40 миллионашро аз донҳо ва 25 миллионашро аз масолеҳи аз ҳайвонот ҳосилшаванда мегиранд.

Дар таркиби масолеҳи донӣ қариб 2% равған ва 65 – 67% ангиштоб ҳаст.

Сафеда дар таркиби биринҷ – 7, 3%, ҷавдор – 9, 9%, сулӣ – 10% ва гандум – 12, 7%-ро ташкил медиҳад.

Дар таркиби биологӣ назар андозем, сафедии биринҷ ҷойи якумро мегирад, чунки сафедаи он дар организми одам 95% ҳазм мешавад, сафедаи гандум – 87%.

Таркиби биологии ҷавдор дар ҷойи дуюм меистад. Он аз ҷиҳати сафеда ба биринҷ монанд аст, аммо баъзе моддаҳои зарурии он зиёдтар аст.

Дар ҷойи сеюм аз ҷиҳати сафеда сулӣ меистад. Таркиби биологии он ба биринҷ наздик аст, сафедаи он дар вақти истеъмол ба мубодилаи моддаҳо дар организм мадад мерасонад ва ба сафедаи масолеҳи ҳайвонотӣ – ба гӯшт ва тухм монанд аст, аммо аз сафедаи шир фарқ мекунад.

Маҳсулоти лӯбиёгӣ аз ҷиҳати таркиби ғизоӣ дар байни масолеҳи хӯрокворӣ ҷойи дуюмро мегиранд. Дар хӯрокҳо нахӯд, лӯбиё, боқило, марҷумак, лӯбиёи чиниро бисёр истифода мебаранд.

Дар ошхонаи миллии тоҷикӣ нахӯд, лӯбиё, мош ва ғайраҳо зиёд истифода мешаванд.

Дар таркиби онҳо сафеда – 23%, равған – 2%, ангиштоб – 52%-ро ташкил медиҳанд ва аз ҷиҳати амминокислотаҳо ба гӯшт наздик мебошад.

Ярмаҳо: аз гандум – кашк, марҷумак – марҷумак, ҷав, ярмаи ҷав, сулӣ – ярмаи сулӣ, патароқи сулӣ – «Геркулес», шолӣ – биринҷи суфта, ҷуворимакка – ҷуворимаккаи майдакардашуда ҳосил мешавад.

Кашк ва биринҷ дар организми инсон аз ҳама зиёдтар ҳазм мешаванд. Бинобар ин онҳоро дар хӯроки бачагон ва парҳезӣ васеъ истифода мебаранд.

Ярмаҳоро аз якдигарашон аз рӯйи ранг, шакл, намуд, калонию хурдиашон фарқ мекунанд.

Ярмаҳо дар хӯроки инсон ҷойи муайянро ишғол менамоянд. Асосан маҳсулоти лӯбиёгӣ организми инсонро бо ангиштоб таъмин мекунанд. Онҳо манбаи энергия мебошанд. Дар онҳо бисёр моддаҳои барои инсон фоидабахш мавҷуд аст. Баъзе аз онҳо, монанди ярмаи сулӣ ва марҷумак аз сафеда боянд.

Дар бисёр ярмаҳо витаминҳои В1, В2 ва РР мавҷуданд. Талабот нисбат ба сифати ярмаро бояд дар назар доред. Онҳо бояд ранг, бӯй ва мазаи ба худ хосро дошта бошанд. Дар онҳо бояд бӯй ва мазаи дигар масолеҳ набошад.

Пеш аз истифодаи ярма коркарди якуми онро мегузаронанд. Онро аз дигар чизҳои нолозим тоза мекунанд ё аз элак мегузаронанд (кашкро), баъзеашонро мешӯянд, мезирбонанд (марҷумак ва ярмаи ҷаву сулиро), баъзеашонро тар мекунанд.

Дар шароити хона ярмаҳоро дар халта ё халтачаҳои матоӣ ё дар зарфҳои шишагӣ ё металлии сарпӯшида нигоҳ медоранд.

Масолеҳи ярмагиро барои як моҳ захира кардан беҳтар ва онҳоро дар ҷойи салқину торик нигоҳ доштан лозим аст.

Даҳони зарфҳои ярманигоҳдориро бо сарпӯшҳо зичу пурра маҳкам накунед. Беҳтараш ба ҷойи сарпӯш даҳони онҳоро бо матои зичбофта бандед, чунки ярма дар ин ҳолат хуб нафас мекашад ва тез вайрон намешавад. Барои аз митта ва дигар ҳашарот эмин доштан ба ярма чанд дона сирро тоза накарда гузоред.

Ҷадвали 5

Намуди ярма Дар 100 г маҳсулот  
ангиштоб сафеда равған
1. Кашк, сулӣ 61 – 77 6, 3 – 11 0, 7 – 6
2. Лӯбиё, нахӯд, наск 49 – 51 15 – 20 1, 5 – 3,2
Донҳо ва ярмаҳо
Донҳо ва ярмаҳо

Савол

  1. Ярмаҳо аз кадом моддаҳои шифобахш боянд?
  2. Ба донҳо кадом масолеҳҳо дохил мешаванд?
  3. Сабаби гузаронидани коркарди якуми ярмаҳо чист?
  4. Кашкро аз чӣ тайёр мекунанд?

Фикр кун, ҷавоб деҳ

Ярмаҳоро дар зарфҳои сарпӯшида нигоҳ доштан чӣ аҳамият дорад?

Сарпӯшро пурра маҳкам накарда, онро бо матои зичбофта бастан чӣ аҳамият дорад?

Худатон дар хона назар кунед, ки дар оила ярмаҳоро чӣ хел нигоҳ медоранд ва ба ин баҳо диҳед.

ҚаблӣТайёр кардани запеканкаи творогдор (Кори амалии №5)
БаъдӣХӯрокҳо аз ярма