Танзими нафаскашӣ. Ёрии аввалин ҳангоми қатъ гардидани нафаскашӣ

Танзими нафаскаши. Ёрии аввалин хангоми катъ гардидани нафаскаши.


Рефлексхои нафасгири

Рефлексҳои нафасгирӣ. Вобаста ба ҳолати организм (хоб, кори ҷисмонӣ, тағйирёбии ҳарорат ва ғайра) нафасгирии чуқури одам ба таври рефлексӣ тағйир меёбад. Камонаки рефлексҳои нафасгирӣ ба воситаи маркази нафасгирӣ мегузарад. Рефлексҳои атса ва сулфа ба амал меоянд.

Гард ё ягон моддаи тундбӯй ба ковокии бинӣ даромада, ретсепторҳои пардаи луобии онро ба ҳаяҷон меорад. Он гоҳ рефлекси муҳофизат – атса ба вуҷуд меояд, ки он нафасбарории сахт ва тези рефлексӣ ба воситаи бинӣ мебошад. Ба туфайли он аз ковокии бинӣ моддаҳои ангезанда дур мешавад. Ҳангоми зуком луоби дар ковокии бинӣ ҷамъшуда низ ҳамин гуна ангезаро ба вуҷуд меорад.

Сулфа тавассути даҳон баровардани нафаси тези рефлекторӣ буда, ҳангоми ангезиши роҳи гулу ба вуҷуд меояд.


Нафаси сунъи

Нафаси сунъӣ. Нафаси сунъӣ ҳангоми ёрии аввалин ба одамони ғарқшуда, аз ҷараёни барқ, раъду барқ, гази карбон ва дигар ҳодисаҳои ногувор зарардида, истифода бурда мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳангоми ёрӣ расонидан ба шахси ғарқшуда, пеш аз ҳама, роҳи нафас ва шуши ӯро аз об фавран холӣ кардан зарур аст. Барои ин шахси ёрирасон якзону нишаста, ҷабрдидаро болои зону чунон мехобонад, ки сар ва қисми болои бадани ӯ ба поён овезон бошад (расми 63).

Расми 63. Ёрӣ расонидан ба шахси ғарқшуда
Расми 63. Ёрӣ расонидан ба шахси ғарқшуда

Сипас даҳони ғарқшударо кушода, ба тахтапушташ мезананд ва аз роҳи нафасаш обро мебарорад. Баъд ҷабрдидаро рӯболо хобонда, гардан, қафаси сина ва шикамашро аз қисми танги либос халос мекунанд (тугмаи гиребон, галстук ва камарбандашро мекушоянд). Зери шонаҳояш ягон лӯлаи нарм гузошта, сарашро ба қафо хам ва ҷоғи поёнашро ба пеш кашидан лозим аст. Баъд ба даҳон ва бинии онро бо дастрӯмол пӯшонда, ба ҷабрдида ҳаво додан лозим аст. Дар як дақиқа тахминан 16 маротиба ҳамин тавр ҳаво медиҳанд. Ба он назорат кардан лозим аст, ки баъд аз ҳар як «нафас»-и сунъӣ қафаси синаи ҷабрдида поён шавад. Бояд давомнокии ин хел «нафасбарорӣ» нисбат ба «нафасгирӣ» тахминан ду маротиба зиёд бошад (расми 64).

Агар дил кор накунад, ин усулро якҷоя бо молиш додани мавзеи дил давом додан зарур аст: баъди ба шуш як бор ҳаво фиристодан ба сеяки поёни сари сина ба муқобили сутунмуҳра 4-5 фишори таконмонанд медиҳанд (расми 64).

Нафасдиҳии сунъӣ, Нафасдихи сунъи
Расми 64. Нафасдиҳии сунъӣ

Сари синаи калонсолонро дар масофаи 4-5 см ва бачагони хурдсолро дар масофаи 1,5-2 см дар ҳар дақиқа 7-9 маротиба фишор медиҳанд. Пас аз 4-5 маротиба фишордиҳӣ боз ба даҳон ё бинии ҷабрдида ҳаво фиристодан лозим аст. Агар гавҳараки чашмони ҷабрдида хурд, пӯсти баданаш сурхчатоб ва набзаш пайдо шавад, пас ин натиҷаи хуби додани ёрӣ аст. Ба ғарқшуда то мустақилона нафас гирифтан ва ба ҳуш омаданаш ёрии аввалин расондан лозим аст. Пас ба бемор чойи гарм дода, ӯро ба ягон матоъ печонида, ба беморхона мебаранд.

Расми 65. Ноҳамвор молиш додани дил
Расми 65. Ноҳамвор молиш додани дил

Дониши худро санҷед:

  1. Кадом рефлексҳои нафаскаширо медонед?
  2. Чаро ҳангоми кори фаъоли мушакҳо одам тез-тез ва чуқур нафас мегирад?
  3. Чаро дар хонаи дуруст шамолдоданашудаи серодам одам нисбатон тез-тез ва чуқур нафас мегирад?
  4. Нафаси сунъӣ чист?
  5. Чӣ тавр ба ҷабрдида ёрии зарурӣ расонидан лозим аст?
ҚаблӣМубодилаи газҳо дар шуш ва бофтаҳо
БаъдӣБемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва пешгирии онҳо