Соли нав муборак! Табрикоти соли нави

Якчанд табрикоти соли нави мелоди гирдоварӣ намудем, дӯстон! Метавонед истифода баред…


Дӯстони азиз!

Ҳар яки Шуморо аз номи колективи ҳамкорон (ҳамсинфон, ҳамкурсон) бо фаро расидани соли нави мелодии 2022 самимона табрику муборакбод мегӯям.

Соли нави 2022–ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созанда истиқбол мегирем. Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони Шумо соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!

Давоми матн пас аз блоки реклама

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи Шуморо бо фарорасии соли нави 2022-уми мелодӣ, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалӣ гардидани орзуву ормонҳои худ самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоям.

Бигзор Соли нав ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва нусратҳои нав оварад.

Соли нави мелодӣ муборак, дӯстони азиз!

Хуш омад Соли Нав бар хонаи мо,
Умеди тозаи ҳар пиру барно.
Ҷаҳон аз мақдамаш ҳусни дигар ёфт,
Шукуфон шуд ба дил боғи таманно.
Муборак давлату иқболи некӯ,
Пайи парвози нав шаҳболи некӯ.
Муборак соли нав,ай миллати манн,
Муборак бар  Шумо сарфоли некӯ. Муфассал->



Боз омад ба дари мо соли нав,
Боз омад бахти нав, иқболи нав.
Боз омад соли неку фоли нав,
Боз омад шӯри нав бо боли нав.

Бар дар омад “Барфак”-и ҷомасапед,
Ҳамраҳи “Бобои барфӣ” бо умед.
Сайругашти пасту болову шикеб,
Ваҳ, чӣ ҳусни дилрабову дилфиреб.


Ва инак, моему гулҷушиву гулбезӣ ва гулрезии ҳазорон орзуву умед дар истгоҳи соле, ки меравад ва соле, ки ворид мешавад. Ин гоҳ ва фурсатҳои ҳузури боз як замонаи сапеду рӯшан ҳамеша шавқҷӯши таманноҳост ва хостгоҳи милёнҳо дархост ва ормонҳое, ки дар фосилаи 365 рӯзи дигар бояд дар меҳвари амал қарор бигиранд ва зиндагониро рангину гуворо созанд. Ва пушти девори соатҳову сонияҳои дигар соли нав ҳам бо умедҳои зиёде дари моро мекубад, то бо ваҳдати ормонҳои ҳамдигар вуҷудашро муҷаллову рӯшан гардонида, дар саҳифаҳои таърих нақши зарҳалӣ бибандад, чун ҷилову нусрат ва шарофату саодат ва наҷобати солҳо ҳамеша бар пайкорҳои мо сахт марбут аст.

Шеърҳои соли навӣ–>

Шеър дар бораи Соли нав



Калидвожаҳо: соли нав, васфи соли нав, соли нав шеърхо, дар васфи соли нав, соли нав муборак, соли нав 2023, шер соли нав, скачать соли нав, шеър дар васфи соли нав, табрикоти соли нав, соли нав точики, соли нав 2023, шеърхо дар бораи соли нав, соли нав табрикнома, маълумот дар бораи соли нав, соли нав сухан, сенарияи соли нав, соли нав табрикот, соли нав икболи нав.