Хурок аз махсулоти макарони.
Коркарди маҳсулоти макаронӣ одӣ аст. Онҳо басарфа буда, қариб партов надоранд. Аз ин маҳсулот базудӣ хӯроки болаззат ва фоидабахш тайёр карда мешавад. Маҳсулоти макарониро бисёр вақт дар об ҷӯшонда, баъд ба он маска, қаймоқ, шакар ё панир ҳамроҳ мекунанд. Аз онҳо макаронпалав, вермишелпалав ва дигар хӯрокҳои суюқ мепазанд. Барои тайёр кардани маҳсулоти макаронӣ аз чавлии андозааш калон, чангакҳои махсус ва ғайра истифода мебаранд. Маҳсулоти макарониро ба оби дарҷӯши намакдор андохта, гоҳ-гоҳ бо кафгир ё чангакҳои махсус кофта меистанд.
Сифати маҳсулоти макарониро чӣ хел муайян мекунанд?
- Агар макарон ранги якхела, сафед ё зардчатоб, шакли муайян, бӯйи хос дошта бошад, таъмаш талх набошад, босифат аст.
- Агар макарон шакли нодуруст, шикастагӣ ё майда шудагӣ, таъмаш турш ва бӯяш ҳархела бошад, бесифат аст.
Чӣ, кай, дар куҷо? Аз таърихи макарон
Макаронро дар Италияи Ҷанубӣ ихтироъ кардаанд. Он яке аз намудҳои маҳсулоти хӯрокворӣ буда, аввал бо роҳи косибӣ дар хона тайёр карда мешуд. Аз асри ХVIII сар карда, дар Италия истеҳсоли фабрикии он ба роҳ монда шуд. Сипас онро ба давлатҳои ҳамсоя ба фурӯш бароварданд, то ки дар ҳама ҷо паҳн шавад. Дар Россия фабрикаи аввалини макаронбарорӣ соли 1797 дар шаҳри Одесса сохта шуда буд.
