Бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва пешгирии онҳо

Беморихои узвхои нафаскаши ва пешгирии онхо.


Сироят ба воситаи хаво

Сироят ба воситаи ҳаво. Микроорганизмҳо ва гарду чанг дар пардаи луобии роҳҳои болоии нафас ҷой гирифта, аз он ҷо якҷоя бо луобҳо берун мебароянд.

Дар чунин ҳолат аксарияти микроорганизмҳо безарар мешаванд. Қисми микроорганизмҳое, ки ба узвҳои нафаскашӣ дохил мешаванд, метавонанд ҳар гуна бемориҳоро ба вуҷуд оранд. Зуком, сил, дарди гулу, хуноқ ва баъзе бемориҳои дигар аз ҳамин қабиланд.


Зуком

Зуком. Зукомро вирусҳо ба вуҷуд меоранд. Онҳо зарраҳои майдатарини микроскопӣ буда, ҳатто сохти ҳуҷайравӣ надоранд. Вирусҳои зуком дар луоби бинии беморон, инчунин дар балғам ва оби даҳони онҳо вуҷуд доранд. Ҳангоми атса ва сулфаи одамони бемор миллионҳо зарраҳои ба чашм ноаёни вирусдор ба ҳаво паҳн мешаванд. Агар ин қатраҳо ба узвҳои нафаси одами солим дохил шаванд, ӯ аз зуком сироят ёфта метавонад. Ҳамин тариқ, зуком аз зумраи бемориҳои сироятии қатрагӣ мебошад.

Зуком хеле зуд паҳн мешавад. Зукомро чун нотобии серӯза пиндоштан нодуруст аст. Боди он хатарнок мебошад. Беморони зуком ҳангоми муносибат бо одамон бояд даҳону биниашонро бо бандинаи чорқабатаи докагӣ банданд. Бандина ҳаворо гузаронида, вале қатраҳои ангезандаи бемориро нигоҳ медорад. Дар вақти атса ва сулфа беморон бояд даҳону биниашонро бо дастрӯймол пӯшонанд ва чунин рафтор атрофиёнро аз сироят эмин медорад.


Бемории сил

Бемории сил. Аксар вақт ангезандаи бемории сил қаламча – микроби сил буда, ба шуш зарар мерасонад. Он дар ҳавои нафасгирӣ, қатраҳои балғам, зарфҳо, либос, сачоқ, ва чизҳои дигаре, ки бемор истифода кардааст, мавҷуд аст. Ангезандаи бемории сил на танҳо бо зарраҳои оби даҳону бинӣ, балки бо гарду чанг ҳам паҳн мешавад.

Дар ҷойи рутубатноки беофтоб ангезандаҳои сил муддати дароз қобилияти зиндагиашонро нигоҳ дошта метавонанд. Онҳо дар ҷойҳои хушку хеле равшан зуд нобуд мешаванд.

Шароити зиддисанитарӣ ва нимгуруснагии доимӣ сабабҳои асосии дар давраҳои гузашта ба таври оммавӣ паҳн шудани бемории сил будаанд. Ҳоло бошад, ба туфайли беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ бемории сил хеле кам шудааст.

Тиб дар бобати пешгирӣ ва табобати бемории сил ба муваффақиятҳои калон ноил шудааст. Кӯдакону калонсолон мунтазам муоина карда мешаванд.

Барои пешгирӣ кардани бемориҳо хонаҳои истиқоматӣ, кӯчаҳои шаҳр ва биноҳои ҷамъиятиро тоза нигоҳ доштан зарур аст. Тоза кардани ҳавои шаҳрҳо, деҳот, маҳаллаҳои корхонаҳои саноатӣ, ҳавлиҳои хонаҳои истиқоматӣ ба кабудизор кардани онҳо вобаста аст.


Таъсири сигоркаши ба узвхои нафас

Таъсири сигоркашӣ ба узвҳои нафас. Дуди сигор, ғайр аз никотин боз қариб 200 модда, аз ҷумла гази карбон, кислотаи хлорид, бензопирен, дуда ва ғайра дорад, ки барои организм ниҳоят зарарноканд. Ҳангоми сигоркашӣ ин моддаҳо ба ковокии даҳон ва роҳҳои нафас даромада, ба пардаҳои луобӣ ва лифофаи ҳубобчаҳои шуш мечаспанд ва ба воситаи оби даҳон ба меъда дохил мешаванд.

Никотин на танҳо барои сигоркашон зарарнок аст, инчунин қисми зиёди он ба ҳаво баромада, одамони гирду атрофро заҳролуд мекунад. Дуди сигор пардаҳои луобии ковокии даҳону бинӣ, рагҳои нафас ва чашмро озурда месозад. Қариб ҳамаи сигоркашон гирифтори газаки роҳи нафасанд, ки сулфаи ҷонгудози онҳо ба ҳамин вобаста аст.

Газаки доимӣ қобилияти муҳофизатии пардаҳои луобиро паст мекунад, зеро фаготситҳо шушро аз микробҳои бемориовар ва моддаҳои зарарноке, ки бо дуди сигор меоянд, тоза карда наметавонанд. Бинобар ин, сигоркашҳо аксаран ба бемориҳои илтиҳобӣ ва сирояткунанда гирифтор мешаванд. Зарраҳои дуд ва қатрон ба деворҳои нойи нафас ва ҳубобчаҳои шуш менишинанд. Хусусиятҳои муҳофизатии пардаҳое, ки ҳубобчаҳои шушро пӯшонидаанд, паст мешаванд. Шуши одами сигоркаш чандириашро гум карда, нағз васеъ намешавад ва ин боиси кам шудани ғунҷоиши зарурӣ ва ҳавогирии он мегардад. Дар натиҷаи ин организм аз оксиген ба таври кофӣ таъмин намешавад ва одам қобилияти кориашро гум карда, худро бад ҳис мекунад (расми 66).

Расми 66. Шуши одами солим (аз чап) ва сигоркаш (аз рост)
Расми 66. Шуши одами солим (аз чап) ва сигоркаш (аз рост)

Маълум аст, ки одамони сигоркаш нисбат ба дигарон 6-10 маротиба зиёдтар ба бемории саратони шуш дучор мешаванд. Муайян шудааст, ки баъзе моддаҳои таркиби дуди сигор (бензопирен, қатрон ва ғайра) боиси бемории саратон мегарданд.

Истеъмоли тамоку дар шакли сигор ҳар сол дар тамоми мамлакатҳои дунё ҳазорҳо одамонро ба ҳалокат мерасонад. Табибон, арбобони ҷамъиятии бисёр мамлакатҳо дар муборизаи зидди сигоркашӣ якҷоя амал мекунанд.

Дар муборизаи зидди сигоркашӣ Ташкилоти умумиҷаҳонии нигоҳдории тандурустии Созмони Милали Муттаҳид нақши муҳим дорад. Дар як қатор мамлакатҳо сигоркашӣ, хусусан дар байни ҷавонон кам шудааст.


Дониши худро санҷед:

  1. Кадом бемориҳо метавонанд ба воситаи ҳаво сироят кунанд?
  2. Зуком аз чӣ пайдо мешавад?
  3. Ин беморӣ аз беморон ба одамони солим чӣ тавр мегузарад ва он чӣ хавф дорад?
  4. Дар мамлакати мо барои пешгирӣ кардани бемории сил чӣ тадбирҳо меандешанд?
  5. Ба узвҳои нафасгирӣ сигоркашӣ чӣ гуна таъсири зарарнок мерасонад?
  6. Дар таркиби дуди тамоку кадом моддаҳо мавҷуданд?
ҚаблӣТанзими нафаскашӣ. Ёрии аввалин ҳангоми қатъ гардидани нафаскашӣ
БаъдӣШеърхо барои Занги охир