Саноат яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад.
Саноати Тоҷикистон қариб пурра дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст. То ин дам дар Тоҷикистон чун як гӯшаи дурдасти Россия корхонаҳои косибии хурд бартарӣ доштанд.
Чунин корхонаҳои хурди косибӣ қариб дар ҳама гӯшаю канорҳои Тоҷикистон вуҷуд доштанд, ки онҳо ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пӯсту пашм ва истеҳсоли олотҳои нисбатан оддӣ машғул буданд. Дар қаламрави Тоҷикистон даҳхо ҳазор одамон ба кори косибӣ банд шуда, аксар танҳо ва ё худ дар артели хурд кор мекарданд. Аз рӯи маълумоти мавҷуда дар ҳудуди ноҳияҳои ҷанӯбии Тоҷикистон 3335 корхонаҳои косибӣ амал мекарданд, ки дар онҳо 3543 коргар кор мекард. Қариб 90% ин корхонаҳоро соҳаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, дастгоҳҳои бофандагӣ ва коркарди пӯст ташкил медод, ки аслан барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолии маҳаллӣ равона шуда буд. Дар округи Хӯҷанд бошад, то замони Ҳокимияти Советӣ зиёда аз 8 ҳазор корхонаҳои хурди косибӣ амал мекард, ки дар онҳо қариб 15 ҳазор нафар коргар банд буд. Соли 1913 дар қаламрави Тоҷикистон корхонаҳои ба ном саноатӣ ҳамагӣ 29 адад буд, ки 11-тои он ба истихроҷи ангишт, нефту озокерит, 8-тои он аз дастгоҳхои пахтатозакунӣ, 4-то корхонаи хурди коркарди намак ва ду заводи шароббарорӣ иборат буд.
Дар замони Ҳокимияти Советӣ саноати Тоҷикистон ба пешравиҳои зиёд ноил гашт. Дар солҳои аввал миқдори корхонаҳои саноатии пахтатозакунӣ, бофандагӣ, виною консервабарорӣ ва минбаъд дар асоси конҳои мавҷудаи нефти САНТО (ҳоло «КИМ») ва Шӯроб истеҳсоли нефт ва ангишт ба роҳ монда шуд. Тадқиқотҳои геологӣ барои дар Тоҷикистон ташкил намудани саноати кӯҳӣ, истеҳсоли металлҳои нодир ва ранга замина гузошт. Дар он солҳо дар натиҷаи истихроҷи металлҳои ранга дар ҷумҳурӣ соҳаи нави саноат-металлургияи ранга ба миён омад ва он ба яке аз соҳаҳои махсусгардонидаи мамлакат табдил ёфт. Дар солҳои баъди ҷанги Бузурги Ватанӣ соҳаҳои аҳамияти умумииттифоқӣ дошта (саноати пахтатозакунӣ, шоҳибофӣ, газвор, консерваю винобарорӣ, металлургияи ранга) бо суръати баланд тараққӣ карданд. Дар баробари ин ба инкишофи соҳаҳои аҳамияти республикавӣ дошта (дӯзандагӣ, сӯзишворӣ, металлкоркунӣ, ордкашӣ, нопазӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва ғайра) низ диққати махсус дода мешуд. То замони Истиқлолият вобаста ба талабот ва пешрафти тарақкиёт соҳаҳои энергетика, кимиё ва металлургияи ранга асоси тахассуси истеҳсолоти саноатиро дар Тоҷикистон ташкил намуданд.
Ҳоло саноат соҳаи асосии иқтисодиёт буда, қисми зиёди даромади миллии мамлакатро медиҳад.
Саноати Тоҷикистон баъди соли 1990 ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ дучор омад. Сабаби асосии он канда шудани робитаҳои иқтисодӣ бо дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷумҳуриро тарк намудани бисёр коргарону мутахассисон гардид.
Соли 1997 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар мамлакат нисбат ба соли 1990 бештар аз 33 фоиз паст фаромад. Дар ин давра истеҳсоли соҳаҳои муҳими саноатӣ, аз он ҷумла соҳаи металлургӣ қариб 40 фоиз ва саноати сабук то 32 фоиз кам гардид. Ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ нисбат ба соли 1990-ум 3,6 млрд. кВт соат паст шуд.
Бо вуҷуди ин дар солҳои истиқлолият корхонаҳои саноатии Тоҷикистон новобаста ба душвориҳои молиявӣ, таъминот ба ашёи хом, маводи сӯхт ва энергетикӣ тадбирҳоро доир ба танзиму таҷдид ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технология ва таҷҳизоти нави ҳозиразамон амалӣ намуданд. Таҳлили фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои саноатии мамлакат нишон медиҳад, ки соли 2008 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2002-ум қариб 156,3 фоиз зиёд гардид.
Баъди як қатор чорабиниҳо солҳои охир инкишофи соҳаҳои муҳими саноатӣ ба назар мерасад. Дар ҷумҳурӣ ҳоло 1366 корхона вуҷуд дорад, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти онҳо ба 6106 млн. сомонӣ мерасад, баробар меояд.
Соли 1995 ҳиссаи корхонаҳои бахши ғайридавлатӣ дар истеҳсоли маҳсулоти ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3,3 фоизро ташкил дод ва соли 2008 ба 42,8 фоиз расид.
Саноати Тоҷикистон серсоҳа ва инкишофи комплексӣ дошта, бо техникаю технологияи ҳозирзамон ҷиҳозонида шудааст. Дар ҳайати он бештар аз 90 соҳаҳои гуногун ва намудҳои истеҳсолӣ гирд оварда шудаанд. Ҳангоми гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ ва хусусӣ гардонидани як қатор корхонаю муассисаҳо, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва корхонаҳои муштарак бо ҳамкорию дастгирии инвеститсияи хориҷӣ таъсис ёфтанд. Айни замон аз миқдори умумии корхонаҳои саноатии мамлакат 945 корхонаи ғайридавлатӣ, 156 ҷамъияти саҳҳомӣ ва 48 корхонаи муштарак ба қайд гирифта шудааст.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва ашёҳои маъданӣ буда, он имконияти дар оянда тараққӣ додани соҳаҳои саноати вазнинро ба миён меорад. Ҳоло дар таркиби саноати Тоҷикистон вазни хоси саноати вазнин 48 фоизро ташкил мекунад. Вобаста ба талаботи маҳсулоти саноат ва муносибатҳои бозаргонӣ соҳаҳои асосӣ дар ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулот мавқеи хосро ишғол мекунанд. Ҳоло дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мавқеи асосиро металлургияи ранга (49,5 фоиз), сипас саноати сабук – 19,5 фоиз ва хӯрокворӣ – 16,8 фоиз ишғол менамоянд.
Саноати ҷумҳурӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият мекунад. Ҷойгиркунонии саноат мувофиқи нақша сурат гирад ҳам, вале аз сабаби кӯҳсор будани Тоҷикистон нобаробар аст.
Дар ду шаҳри калони ҷумҳурӣ – Душанбе ва Хуҷанд қариб 15 фоизи ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад.
Ҷойгиршавӣ ва ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон
Ҷумҳу-
рии Тоҷи-кистон |
Душан-бе | Ноҳия-ҳои тобеи марказ | Вилояти Суғд | Вилояти Хатлон | ВМКБ | |
Ҳамаи саноат,
аз он ҷумла: Электроэнергетика Сӯзишворӣ Металлургияи ранга Саноати химия Мошинсозӣ Саноати масолеҳи сохтмон Саноати сабук Саноати хӯрокворӣ Саноати ордкашӣ |
100 100 100 100
100 100 100
100 100 100 |
9,8 1,2 – 0
2,1 42,0 69,0
4,4 10,5 2,3 |
42,4 0 18,0 94,5
2,4 35,7 5,2
5,0 16,7 19,1 |
18,3 4,2 65,5 5,0
21,3 15,4 11,2
39,6 38,1 20,3 |
28,8 93,6 15,9 0,5
74,2 6,9 14,5
51,0 32,6 58,3 |
0,7 1,0
0
0
0,1
0 2,1 0 |
Айни замон аз 2/3 ҳиссаи маҳсулоти саноати Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи марказ истеҳсол карда мешаванд. Солҳои охир корхона ва муассисаҳои нави саноатӣ дар бисёр шаҳрҳои хурду миёна босуръат бунёд ёфта истодаанд.