Фихи мо фихи – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Фиҳи мо фиҳи – Мавлоно Чалолиддини Балхи.


«Фиҳи мо фиҳи». Ин асар бо наср иншо шудааст. Адиб ва мутафаккир андешаҳои фалсафии худро бо сабки адабӣ дар зимни нақшҳои мухталиф эҷод кардааст. Бештар аз эҷодиёти шифоҳӣ истифода бурдааст. Бахусус, дар зимни латифаю мутоибаҳо, нақлу ривоятҳо андеша ва афкори хешро ба қалам додааст. Масалан, дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки ҳар гуноҳу кори нохубе зоҳир кунанд, он гуноҳро ҳавола ба Худо мекунанд. Ҷалолиддини Балхӣ чунин рафтори ношоистаро намеписандад ва сахт маҳкум менамояд. «Он яке бар дарахти Қамариддин мева мерехт ва мехӯрд.

Худованди боғ мутолиба карда гуфт:

– Аз Худо наметарсӣ?!

Гуфт:

– Чаро тарсам! Дарахт аз они Худо ва ман бандаи Худо, мехӯрам аз моли Худо!

Гуфт:

– Биист, то ҷавоб гӯям. Расан биёред ва ӯро ба ин дарахт би-бандед ва бизанед, то ҷавоб зоҳир шудан.

Фарёд баровард:

– Аз Худо наметарсӣ?

– Чаро тарсам, ки ту бандаи Худоӣ ва ин чӯби Худо».

«Муаллим кӯдакеро хат омӯзад, чун ба сатр расад, кӯдак сатр менависад ва ба муаллим менамояд. Пеши муаллим он ҳама каж аст ва бад. Ба вай ба тариқи санъат ва мадоро мегӯяд: «Ҷумла нек аст ва неку набиштӣ, аҳсант! Аҳсант! Илло ин як ҳарфро бад набиштӣ. Чунин мебояд ва он як ҳарф ҳам бад набиштӣ. Чанд ҳарферо аз он сатр бад мегӯяд ва ба вай менамояд, ки чунин мебояд набиштан ва боқиро таҳсин мегӯяд, то дили ӯ нарамад ва заъфи ӯ ба таҳсин қувват гирад ва ҳамчунин ба тадриҷ таълим мекунад ва мадад меёбад».

Ба ин восита Мавлоно таъкид менамояд, ки дили кӯдакро ба хондану навиштан бояд қавӣ гардонд. Ба тарзе камбудию нуқсонашро фаҳмонидан лозим аст, ки дилаш аз хондан намонад, балки шавқу рағбаташ бояд рӯз аз рӯз афзун бигардад. Агар ин маврид муаллим кӯдакро маломату сарзаниш кунад, дар ҳаққаш суханони қабеҳ гӯяд, ки ту намедонӣ, одам намешавӣ ва ғайраву ғайраҳо, он вақт тир ба ҳадаф намерасад, мурод ҳосил намегардад.

«Бачае дар саҳро ба модар гуфт: «Маро дар шаби торик сиёҳие монанди дев рӯй менамояд ва аз ин метарсам.

Модар гуфт:

– Матарс! Чун он суратро бинӣ, далертар бар вай ҳамла кун, пайдо шавад, ки хаёл аст».

Мавлоно дар ин пора шогирдонро ба нотарсию далерӣ ҳидоят мекунад ва бо ин гуфтан мехоҳад, ки аз хурдӣ чунин сифатҳоро бояд волидайн ба фарзандон бигӯянд ва дар ҳамин рӯҳия онҳоро тарбият намоянд.

Мавлоно Ҷалолиддин нисбати муғулҳо нафрат дорад ва дар асарҳояш ҷо-ҷо онҳоро ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Охир, аз дасти ин хунхорон волидайн ва худи ӯ Балх – зодгоҳашонро як умр тарк карданд. Ҳанӯз он рӯзҳо он фалокате, ки чингизиён ба сари мардуми Аҷам оварда буданд, дар назараш ҷавлон мезад. Онҳо сарвату давлати бекарони халқро тороҷ карданд ва сарватманд шуданд: «Касе савол кард, ки муғулҳо молҳоро меситонанд ва эшон гоҳ-гоҳе моро мол мебахшанд. Ҳукми он чун бошад? Фармуд: «Ҳар чӣ муғул ба мо додааст, чун оби кӯза аст аз дарё.

Пас, моли мо ба эшон ҳаром аст ва моли эшон бар мо ҳалол».

Гуфт:- Муғулон, ки аввал дар ин вилоят омаданд, урён ва бараҳна буданд. Маркаби эшон гов буда ва силоҳашон чӯбин. Ин замон муҳташам ва сер гаштаанд ва аспони тозӣ (арабӣ) ҳар чӣ беҳтар ва силоҳҳои хуб (аслиҳаи хуб) пеши эшон аст.

Фармуд:- Он вақт, ки дилшикаста ва заиф буданд ва қуввате надоштанд, Худо эшонро ёрӣ дод ва ниёзи эшонро қабул кард. Дар ин замон чунон муҳташам ва қавӣ шуданд, ки Худои таоло ба заъфи халқ эшонро ҳалок кунад».

Ҳамин тавр, Мавлоно дар анҷоми ҳикоят онҳо, яъне чингизиёни золимро ба марг маҳкум кардааст ва аз Худо ин матлабро хостааст. Дар ҷойи дигар бо сад дард мегӯяд:

Ҳама Балхро чун кафи даст кард, иморати оламро паст кард.

Дар «Фиҳи мо фиҳи» латифаю мутоибаҳои намакин зиёд омадаанд, ки дар онҳо содагӣ ва суханони лутфомези мардумони одӣ инъикос гардидаанд. «Яке харе гум кард. Се рӯз рӯза дошт ба нияти он, ки хари худро биёбад. Баъд аз се рӯз харро мурда ёфт.

Ранҷид ва аз сари ранҷиш рӯй ба осмон кард ва гуфт:

– Агар ба ивази ин се рӯз, ки рӯза доштам, шаш рӯз аз рамазон нахӯрам, мард набошам».

Дигар мавзӯҳо:

ҚаблӣМероси адабии Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ)
БаъдӣМазмун ва мундариҷаи ғазалиёти «Девони кабир»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ