Машғулиятҳои муқаддимавӣ – Таълими меҳнат барои духтарон синфи 6

Машғулиятҳои муқаддимавӣ. Машгулиятхои мукаддимави. Таълими меҳнат / таълими мехнат, касбу хунар барои духтарон синфи 6


Хонандагони азиз, меҳнат барои инсон муқаддас мебошад. Ҳар касе, ки вазифаи худро аз хурдсолӣ бошарафона иҷро мекунад, ба ҳурмату эҳтироми халқаш сазовор мешавад.

Хонандагони синфи 6 ба воситаи ин китоб бо маҳсулоти хӯрокворӣ шиносшавиро давом медиҳанд ва хӯрокҳои гуногун мепазанд.

Санъати хӯрокпазӣ аз қадимулайём ба одамон маълум аст. Ин китоб ба шумо усули тайёр кардани хӯрок, истифодаи оқилонаи он, қоидаҳои ороиш додани хӯрок ва дастархонро меомӯзонад.

Шумо хонандагон бо мошини дарздӯзии пойӣ, бо нахҳо, риштаҳо, матоъҳои абрешимию пашмӣ шинос мешавед ва аз онҳо буридану дӯхтани либосро меомӯзед.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба ғайр аз ин ба саволҳои худ, монанди:

  1. Чӣ, кай, куҷо?
  2. Маслиҳатҳои муфиди кадбону.
  3. Соҳибхоназан дар назар дошта бошад.
  4. Фикр кун, ҷавоб деҳ, иҷро кун ё соз.
  5. Саволу супориш ва гуфторҳо.
  6. Инро дар хотир доред, ҷавоби қаноатбахш меёбед.

Бо ёрии ин китоб шумо на фақат дуруст, бо завқи баланди эстетикӣ пухтани хӯрок, кор бо матоъ ва дӯхтанро ёд мегиред, балки масъулият ҳис мекунед. Дар худ хислатҳои меҳнатдӯстӣ, сариштакорӣ, сари вақт иҷро кардани корро тарбия менамоед ва коллективона кор карданро ёд мегиред.

Дар вақти кор дар синфхонаи меҳнат, албатта, ба қоидаҳои дохилии синфхона, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва техникаи бехатарӣ риоя кардан лозим аст.

Талабот ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва техникаи бехатарӣ дар вақти тайёр кардани хӯрокҳо:

1. Риоя кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва санитарию гигиенӣ дар вақти пухтупаз шуморо аз фалокат ва маъюбшавӣ эмин медорад.

2. Пеш аз пухтупаз аввал ошхона, сипас асбобу анҷомиистифодашударо тоза кардан ва дар ҷойи муайян ҷо ба ҷо гузоштан лозим аст.

3. Пеш аз шурӯъ кардан ба кор аввал нохунҳоро гиред, дастҳоятонро шӯед, пешдоман ва рӯймоли сарбандиро тоза ва дарзмол кунед, баъд пешдоманро пӯшида, мӯйҳоро даста карда, рӯймолро ба сар бандед.

4. Барои он ки остини курта халал нарасонад, дар вақти кор нимостини махсус пӯшед ё остинро барзанед.

5. Дар вақти истифодаи плитаи газ дучанд эҳтиёт шудан лозим аст, чунки гази баромадаи насӯхта аз як тараф ҳаворо заҳролуд карда, ба одам таъсири бад мерасонад, аз тарафи дигар агар аланга расад, таркиш рух медиҳад.

Расми 1. Таҷҳизоти ошхона
Расми 1. Таҷҳизоти ошхона
Расми 2. Дар вақти таомпазӣ пешдоман пӯшед
Расми 2. Дар вақти таомпазӣ пешдоман пӯшед
Тарзи дуруст истифода бурдани даспӯшак
Тарзи дуруст истифода бурдани даспӯшак

Бинобар он ҳеҷ гоҳ ба беҳуда баромадани газ дар ошхона роҳ надиҳед.

6. Агар дар ошхона бӯйи газ набошад, аввал ҳавои онро тоза кунед, бодпарворо (форточкаро) кушода, баъд ба гӯшаки газдаргиронӣ диққат диҳед. Агар он дар ҳолате қарор дорад, ки газ намебарояд, он гоҳ бо гӯгирд ё асбоби махсуси барқии газдаргирон газро даргиронед. Алангаи гази даргиронида бояд баробар ва кабудчатоб бошад.

7. Агар аланга зардчатоб ё нобаробар бошад, сӯзишгоҳро тоза кунед. Агар дуруст нашавад, устои газро даъват намоед.

8. Ҷойи кор ва атрофи газ бояд тоза бошад. Дар вақти пухтани хӯрок плитаи газ бояд зери назорат бошад. Пас аз ҷӯшидани хӯрок алангаи газро паст кунед ва ба болои газ чизи зудсӯзро нагузоред.

9. Пеш аз истифода бурдани зарфҳои тагаш ноҳамвор ба болои газ тагмонаки махсус гузоред.

10. Пас аз ба охир расидани пухтупаз, пеш ва баъд аз хӯрдани хӯрок даст ва асбобҳои истифодашударо тоза шӯед.


Маслиҳати муфид барои кадбонуҳо

Барои он ки дегчаи сирдори нав муддати зиёд хизмат кунад, намакобро дар он ҷӯшонед (1 қошуқча намак ба 1 л об)


Савол

  1. Аҳамияти риоя кардани қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ дар чист?
  2. Дуруст даргирифтани газро чӣ гуна мушоҳида мекунед?
  3. Аҳамияти тоза нигоҳ доштани ошхона, пешдоман, рӯймоли сарбанд, воситаҳои хӯрокхӯрӣ дар чист?

Аз мудирияти сомона:

Ин буд муқаддимаи китоби Технология (таълими меҳнат барои духтарон, синфи 6) ки ба муаллифон С. Исломов, к. Обидова, м. Рӯзиева тааллуқ дорад.

Мавзӯҳои китоби мазкурро дар барчаспи “Таълими меҳнат барои духтарон синфи 6” пайгирӣ ва дарёфт кунед.

ҚаблӣХисоби мулчар / мучар / мулҷар
БаъдӣҚоидаҳои техникаи бехатарӣ дар вақти кор бо асбобҳои барқӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед