Ноҳияи Тоҷикобод (маълумот – нохияи Точикобод)

Ноҳияи Тоҷикобод дар водии Рашт ва дар ҳамсоягии ноҳияҳои Рашт ва Лахш аст. Дар ин саҳифа маълумоти пурра дар бораи ин ноҳия оварда мешавад. Инчунин якчанд шеърхо низ дар васфи ноҳияи Тоҷикобод оварда мешаванд. >>

«Тоҷикобод диёри дар ҳақиқат биҳиштосо буда, номи хеле зебо дорад. Он ҳамрадифи номи миллат ва номи Тоҷикистони азиз, ҳамсоли даврони соҳибистиқлолии кишвар аст.»

(Эмомалӣ Раҳмон )

7 – уми августи соли 1936 ноҳияи Қалъаи Лаби Об ташкил гардида, ки он вақтҳо марказаш деҳаи имрӯзаи Қалъаи Лаби Об ба шумор мерафт. Июли соли 1949 ноҳияи Қалъаи лаби Об ба номи ноҳияи Тоҷикобод табдили ном карда, марказаш аз деҳаи Қалъаи лаби Об ба маркази имрӯза кучонида шуд. Тоҷикободиҳо аз он ифтихорманданд, ки номи ноҳия соли 1949 бо пешниҳоди котиби якуми ҳамондавраи Ҳизби Комунистии Тоҷикистон, қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров гузошта шудааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Январи соли 1963 ноҳияи Тоҷикобод барҳам дода шуда, то соли 1965 Тоҷикобод дар тобеъияти ноҳияи Ҷиргатол (Лахш) ва аз соли 1965 то соли 1991 дар тобеъияти ноҳияи Ғарм (Рашт) қарор дошт.

26 – уми феврали соли 1991 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Тоҷикобод аз нав ташкил ёфта, Иҷлосияи якуми ташкилии ноҳия 23-юми июли ҳамон сол Ҳукумати ноҳияро таъсис дод.

Васфи Тоҷикобод дар шеъри адибони тоҷик

Бозор Собир

Миёни кӯҳи хоро зинда аст халқ,
Ба нони меҳнатӣ дар Тоҷикобод.
Забони чашму дилро дода мардум,
Мақоми давлатӣ дар Тоҷикобод.

Ҳар чиз дидем дар Тоҷикобод,
Буд нозанину зебову обод.
Чи суҳбати гарм, чи лафзи ширин,
Чи шар-шари об, чи гардиши бод.


ТОҶИКОБОД

Ғоиб Сафарзода

Тоҷикободам, дари дилро ба рӯям боз кун,
Тоҷикам-дилдодаат, дилдодаро дамсоз кун.

Гарчи об аз кӯҳсоронат накардам нӯш ман,
Савту сози обшоронат накардам гӯш ман.

Гарчи нашнидам навои кабку мурғони туро,
Ҳам надидам кӯҳсору чашмасорони туро.

Гарчӣ дида бори аввал дар барат накшодаам,
Кӯдакона пой дар хоки дарат нанҳодаам,

Дӯст медорам туро чун гӯшаи хоки Ватан,
Гӯшаи ҳамноми халқам-халқи бебоки Ватан.

Дил ҳамехоњад кунад парвоз ҳар дам сӯйи ту,
Ишқ варзад, маст гардад дар канори ҷӯйи ту.

Тоҷикободам, тапишҳои диламро гӯш кун,
Омадам сӯят, маро фарзандвор оғӯш кун.

с. 1962


Шеърҳои зиёд дар васфи Тоҷикобод дар ин саҳифа >>

>> Шеър дар васфи Тоҷикобод <<

ҚаблӣРубоиёт – шеърхо аз Гулназар Келди
БаъдӣКалимаи Точик дар шеърхои бузургон