Тарзи навиштани Дархост (Заявка)

Дархост санадест, ки дар он аз мақомоти расмӣ, сардор роҳбар матлабе, дархост карда мешавад. Он ба унвони мақомоти расмии муассисаву корхона навишта мешавад.

Ҷузъҳои асосии дархост:

  1. Номи муассиса ва ному насаби роҳбар
  2. Номи санад
  3. Матн
  4. Ному насаб ва вазифаи дархосткунанда (ё дархосткунандагон)
  5. Имзо
  6. Таърихи навишти санад.


Намунаи дархост:

Ба ректори Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон
профессор Одинаев С.

Дархост

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аксари факултаҳои ДМТ аз хизматрасонии шабакаи Интернет баҳравар мебошанд. Донишҷӯёни факултаи иқтисод ва идора хоҳиши ба шабакаи Интернет пайваст шуданро доранд, ки ин талаботи замони муосир мебошад.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои дар факултаи мо насб намудани ин шабака иҷозат фармоед.

Мудири кафедраи

ахбор дар системаи

иқтисод, профессор     /                   / Ҷ. Сатторов

30 декабри соли 2019.


Намунаи ариза дар расм (картинка) ->

намунаи дархост,


Калидвожа (Keywords): Дархостро чи тавр менависанд, дархост, заявка, хуччати дархост, документ, заявка на таджикском языке, намуна, намунахои дархост, дархост барои ичозат гирифтан, бо забони точики

ҚаблӣИлму адаб дар асрҳои XI-XIII
БаъдӣНамунаи Дархост

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед