Чин дар замони империяи Син

Чин дар замони империяи Син. Таъсисёбии империяи Син. Истилогарихои Син Ши Хуан-Ди. Рушди империяи Син. Бархам хурдани империяи Син. Кисса дар бораи Юеи бузург.


ТАЪСИСЁБИИ ИМПЕРИЯИ СИН

Дар асрҳои VIII – III пеш аз милод давлати Чжоу рӯ ба таназзул ниҳода, барҳам мехӯрад. Дар ҳудудҳои мулкҳои алоҳида – вилоятҳои зиёди мустақил ташкил меёбанд. Дар байни онҳо Син пурқуввату калонтарин буд. Дар зарфи қариб 100 сол ҳокимони Син барои дар тамоми Чин ҳукмрон шудани худ мубориза бурданд. Оқибат ба Чжен ном ҳокими Син муяссар мешавад, ки тамоми Чинро ба зери тасарруфи худ дарорад.

Соли 221 пеш аз милод Чжен ба худ унвони «Син Шӣ Хуан-дӣ» («Подшоҳи аввалини Син») -ро гирифта, ба тахти императории ин давлат менишинад. Син Ши Хуан-дӣ дар Син (Чин) муддати дуру дароз – аз соли 246 то соли 210 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст. Дар ин давра Чин ба давлати ягонаи марказиятнок табдил меёбад. Ба ҳайати империяи Син 36 вилоят дохил буд. Ҳокимияти мутлақ ба император тааллуқ дошт.

ИСТИЛОГАРИҲОИ СИН ШИ ХУАН-ДӢ

Давлати марказиятнок ба шоҳ имкон медод, ки сиёсати забткоронаи Чинро давом бидиҳад. Син Шӣ Хуан-Дӣ дар натиҷаи ҷангҳои сершумор қаламрави Чинро васеъ кард. Ӯ қабилаҳои озоди наздисарҳадиро мағлуб карда, заминҳои онҳо, аз он ҷумла, заминҳои музофотҳои ҳозираи Гуандун, Гуанси, Гансу ва Сичуанро ба давлати худ ҳамроҳ намуд. Баъд борҳо барои забти давлатҳои ҳамсоя лашкар кашида, ба Чин бо ғалаба ва ғанимати бузург бармегашт. Акнун ҳудудҳои Чин то Манҷурияю Муғулистон ва Кореяю Ҳиндучинро дар бар мегирифт.

РУШДИ ИМПЕРИЯИ СИН

Дар давраи ҳукмронии Син Шӣ Хуан-Дӣ барои мустаҳкам кардани Чин корҳои зиёде иҷро карда шуданд. Барои аз ҳуҷумҳои қабилаҳои кӯчманчӣ муҳофизат кардани марзҳои давлати Син сохтмони Девори Бузурги Чин оғоз ёфт. Он барои Син аҳамияти бузурги мудофиавӣ дошт. Дарозии девор қариб 3000 километрро ташкил кард.

Расми 142. Истеҳсоли абре­шим дар Чини қадим
Расми 142. Истеҳсоли абре­шим дар Чини қадим

Давлати калону марказиятнок имкон дод, ки барои рушди зироаткорӣ ва тиҷорат чораҳои самаранок андешида шаванд. Шабакаи иншооти обёрӣ хеле зиёд карда шуд. Дар музофоти Шэнсӣ ҷӯйи калоне канда шуд, ки он дарёҳои Тисин ва Лоро бо ҳам пайваст шуданд. Дар сохтмони он аз тамоми Чин даҳҳо ҳазор одамон иштирок карданд. Ин ҷӯй имконият дод, ки ҳазорон гектар замин обёрӣ карда шавад. Дар натиҷаи ин зироаткорию чорводорӣ рушд кард. Дар ин музофот шаҳру деҳаҳои ободу зебо бино шуданд. Роҳҳои нав ҳам бунёд ёфтанд. Дар мамлакат низоми ягонаи ченакҳои вазн ва дарозӣ ҷорӣ гардид. Ин тадбир кори тиҷоратро ба низом даровард.

Ғайр аз ин, ислоҳоти хат низ амалӣ гардид. Тамоми ин тадбирҳо имкон доданд, ки империяи Син пеш равад, вале вазъи мазкур дер давом карда натавонист.

БАРҲАМ ХӮРДАНИ ИМПЕРИЯИ СИН

Сарфи назар аз фаъолияти Син Шӣ Хуан-Дӣ, ки мақсади дар Чин ташкил кардани давлати мустаҳкаму марказиятноки дорои ҳокимияти мутлақ буд, ба ҳама писанд наомад. Ба ӯ махсусан ашрофи маҳаллӣ, ки то давонраи салтанати Син Шӣ Хуан-Дӣ мухторияти васеъ доштанд, зид буданд ва барои амалӣ намудани нақшаҳои шоҳ бо ҳар роҳ халал мерасонданд.

Син Шӣ Хуан-Дӣ ба муқобили душманони худ бераҳмона мубориза мебурд ва ба ҳеҷ кас раҳм намекард. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои қадима, ӯ 7 фармон додааст, ки китобҳои файласуфи машҳури Чин Конфутсийро сӯзонанд. Бо фармони Син Шӣ ХуанДӣ 460 олиму нависандаро барои он зинда гӯронданд, ки онҳо дар китобҳояшон шоҳро танқид карда буданд. Аз рӯйи маслиҳати вазир ӯ фармуд, ки «Ахбори таърихӣ» ва китобҳои дигари олимонеро, ки ба Син Шӣ Хуан-Дӣ маъқул набуданд, сӯзонанд ва худи олимонро ба сохтмони Девори Бузурги Чин фиристонанд. Ҳамин тавр, шоҳ онҳоеро, ки давлати Синро боадолат дидан мехостанд, ба ҷазои сахт гирифтор мекард.

Дар охирҳои ҳукмронии Син Шӣ Хуан-Дӣ мамлакат рӯ ба таназзул ниҳод. Шӯришҳо пайи ҳам ба амал меомаданд. Тохтутозҳои қабилаҳои кӯчманчӣ ҳам империяи Синро суст мекарданд.

Империяи Син соли 206 пеш аз милод аз тарафи шӯришчиёне, ки роҳбари онҳо деҳқоне бо номи Лю Бану буд, барҳам дода шуд.

ҚИССА ДАР БОРАИ ЮЕИ БУЗУРГ

Дар замонҳои хеле қадим худои бадхашми осмон обхезиро ба вуҷуд овард. Замин ба баҳри беканор табдил ёфта, заминҳои кишт зери об монда, деҳаҳо вайрон шуданд. Одамон дар об ғарқ мешуданд. Ба онҳое, ки ба кӯҳҳо фирор карданд, гуруснагӣ таҳдид мекард. Юеи бузург аз худоҳо мадад наталабид. Вай ба одамон тарзи сохтани обанбору ҷӯйборҳо, ба баҳр ҷорӣ намудани маҷрои рӯдҳои калонро меомӯзонд. Одамон бо меҳнати худ заминро хушконида, худро наҷот доданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Империяи Син кай ва чӣ тавр ба вуҷуд омадааст?
  2. «Син Шӣ Хуан-Дӣ» чӣ маънӣ дорад?
  3. Син Шӣ Хуан-Дӣ куҷоҳоро забт намуда, ба Син ҳамроҳ кард?
  4. Дар бораи пешрафти империяи Син далелҳо биёред.
  5. Син Шӣ Хуан-Дӣ муқобилони худро чӣ тавр ҷазо медод? Оё ӯ бо ин роҳ империяи Синро аз барҳамхӯрӣ нигоҳ дошта тавонист?
  6. Империяи Син кай ва аз тарафи кӣ барҳам дода шуд?
  7. Мазмуни «Қисса дар бораи Юеи бузург»-ро гуфта диҳед. Оё дар ин қисса ҳикмате ҳаст?
ҚаблӣТаъсиси давлати Чини Қадим
БаъдӣХурусчанг (Навруз) – Шеър барои бачагон